Аввалин нозирони кӯли Сарез киҳо буданд?

№151 (3945) 20.12.2018

murgab_sarez-ozeroШаби 18 феврали соли 1911 дар  водии  Бартанг, 18-20 км дуртар аз деҳаи Сарез, заминҷунбии  8-9 — балла  ба амал  омад, ки дар натиҷаи он кӯҳи азиме канда шуда, маҷрои дарёи Мурғоб ва дигар дарёчаҳои гирду атрофи деҳаи Сарезро баст. Деҳаи Усой, ки дар маркази заминҷунбӣ ҷойгир буд, зери кӯҳпора монд. Тасодуфан се нафар аз аҳолии деҳа — Карамхудо Султонмамадов, Миршаҳид Гургалиев ва Натмит Карамшоев зинда монданд.  Аз соли 1911 сатҳи об ба баландшавӣ шурӯъ карда, то моҳи августи соли 1912 ба деҳаи Сарез расид ва дигар имкони зиндагӣ намонд. Аҳолиии деҳа ба Мурғоб, водии Ғунд ва деҳаҳои Бартанг кӯч бастанд. Деҳаи  Сарез бо гузашти солҳо ба коми об фурӯ рафта, ба ҷояш  кӯл пайдо шуд, ки баъдҳо бо номи Сарез машҳур гардид.

Аввалин бор капитан Заимкин, аз Отряди сарҳадбонони Россия, моҳи апрели соли 1911 пиёда ба ҷойи фоҷиа — садди Усой омада, ҳодисаи баамаломадаро омӯхт.

Як сол пас бо кӯшиши тадқиқотчии немис Алберт Шултс матбуоти Аврупо бобати заминҷунбӣ ва кӯли нав маълумот дод.

Соли 1912 бо супориши генерал — губернатори Туркистон бо сардории капитан Г.Шпилко як гурӯҳ тадқиқоти топографӣ ва гидрологӣ мегузаронанд. Аз деҳаи Барчид сокинонро барои кумак даъват менамоянд, ки дар байнашон Қабул низ буд. Чун хату савод дошт, асрори табиати Сарез­ро хуб медонист, ҳамроҳи онҳо ба кор шурӯъ намуд.

Маълум шуд, ки дар он давра дарозии кӯли Сарез 28 км, паҳноиаш 1,5 км ва чуқуриаш 279 метр будааст. Ҳангоми ҷамъбасти кор капитан Г. Шпилко Қабулро расман назоратчии кӯли Сарез таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки моҳе як маротиба оид ба баландшавии оби он ба Хоруғ ҳисобот диҳад. Ҳамин тавр, ӯ то соли 1925 ин вазифаро иҷро мекунад.

Тибқи мушоҳидаҳои он айём, солҳои 1911-1914 оби кӯли Сарез ҷорӣ набуд. Танҳо аз моҳи апрели соли 1914 аз зери сангтӯдаҳо 8-10 чашма баромада, ҷорӣ шуданд. Баромадани об аз зери сангтӯдаҳо рафтуомади Қабулро ба кӯл мушкил намуд. Чунки роҳи ҳамвор то сарбанди Сарез танҳо ба воситаи соҳили дарёи Мурғоб буд, аммо масофаи роҳ аз қишлоқи Барчидив то сарбанд тахминан 12 километрро ташкил медод. Қабул маҷбур шуд, ки ба ағбаи Хурмохатс баромада, бо ин роҳ аз деҳаи Барчидив то сарбанди кӯли Сарез тақрибан 22 километр роҳро тай намояд. Номбурда аввалин хонаи назоратиашро соли 1915 сохтааст, ки 1,5 км дуртар аз кӯли Сарез ҷойгир ва то кунун побарҷост.

Соли 1914 гурӯҳи тадқиқотчиён бо сардории олимони рус И. Приображенский ва Д. Букинич ба кӯли Сарез меоянд ва дар соҳили он бо назоратчӣ вохӯрӣ мекунанд. Қабул онҳоро дар корҳои гидрологӣ ва топографӣ ҳамроҳӣ кард. Дар охир тадқиқотчиён аз кори ӯ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

8 марти соли 1915 Қабул Қурбонбеков аз ҷониби генерал — губернатори Туркистон бо медал мукофотонида мешавад.

Соли 1925 топографи ҳарбӣ, капитан Колесников бо як гурӯҳ ҳамкорон  ба кӯли Сарез меояд. Чун ҳамешагӣ Қабул онҳоро ҳамроҳӣ мекунад  ва  Колесников мегӯяд ки синнаш ба 80 расидаасту вазифаро ба писараш Ниёз вогузор мекунад. Капитан хоҳишашро иҷро намуда, аз соли 1925 Ниёзро расман ба ҷои падар таъин намуд.

Соли 1926 профессор О. Ланге бо як гурӯҳ муҳаққиқон ба кӯли Сарез меояд ва тадқиқот гузаронида, дар кӯл асбоби махсус — рейк мегузорад, ки бо он баландшавии об санҷида мешавад. Номбурда, дар ёддошташ менависад: «Гарчӣ Ниёз Қабулов маълумоти илмии гидрологӣ надош­та бошад ҳам, дар иҷрои супоришҳо масъулияти баланд нишон дода, онҳо софдилона ба ҷо меорад».

5 ноябри соли 1938 дар деҳаи Ирхти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки аз кӯли Сарез баландтар ҷойгир аст, истгоҳи обуҳавосанҷии дорои 4 утоқ ва анбор барои маҳсулоти хӯрока сохта шуд. 400 метр дуртар аз он майдончаи обуҳавосанҷӣ ҷойгир буд. Сардори истгоҳ С. Солеҳов таъин шуд ва бори нахуст 6 коргар ба кор қабул мешаванд. Аввалин коргари маҳаллӣ Ниёз буд, ки дар вазифаи нозири кӯли Сарез то соли 1943 софдилона кор кард.

Соли 1944 дар деҳаи Барчидив бунгоҳи хурди обуҳавосанҷӣ сохта мешавад ва Ниёзро мутахассис — нозир таъин мекунанд. Ӯ вазифадор шуд, ки рӯзе се маротиба аз ҳолати тағйирёбии обу ҳавои минтақа маълумот ҷамъоварӣ намуда, моҳе як маротиба ба истгоҳи обуҳавосанҷии Ирхт ҳисобот диҳад. Ӯ солҳои 1925 -1952 вазифаро бо масъулияти баланд иҷро мекунад. Аз соли 1948 писараш Айёз ба сифати шогирди алоқачӣ дар бунгоҳи обуҳавосанҷии Ирхт ба кор қабул мешавад ва то соли 1959 фаъолият мекунад. Солҳои 1960- 1976 ҷои корашро иваз ва солҳои 1977-1988 аз нав ба ҷои кори пештара — стансияи обуҳавосанҷии Ирхт бармегардад.

Соли 1964 дар деҳаи Ирхт истгоҳи обуҳавосанҷии нав сохта шуд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ буд. То ҳанӯз он истифода мешавад. Кормандон сари вақт бо хӯрока таъмин шуда, музди меҳнатро дар вақти муайян мегиранд.

Чанде пеш директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Расулзода аз истгоҳ, ки имсол аз бунёди он 80 сол пур шуд, дидан намуд. Афсӯс, ки ин бинои таърихӣ дар натиҷаи заминларзаи соли 2015 пурра вайрон шудааст. Номбурда, маслиҳат дод, ки бино аз нав барқарор ва дар он осорхонаи Қабул Қурбонбеков ва Ниёз Қабулов бунёд шавад. Ин иқдом бо қадршиносӣ рабт дораду ба мо ёдрас менамояд, ки хизмати ин шахсони фидокорро, ки ба шароити мушкили табиӣ нигоҳ накарда, кӯлро назорат мекарданд, набояд фаромӯш созем.

Тиллои Некқадам, «Садои мардум», 

Ниёз Ниёзов, омӯзгор