Аз дидаву шунидаҳо

№ 06.08.2019

Миннатдорӣ ба навраси тоҷик

a84cef8f4014bfc5d5ed5b8bd6793aacРаёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия  дар кишвари Хабаровск ба навраси тоҷик Бахтиёр Усмонов барои ҷасораташ изҳори миннатдорӣ  ва мукофот тақдим намуд.

Тантанаи мукофотсупорӣ дар мактаби №23-и шаҳри Хабаровск, ки Бахтиёр он ҷо таҳсил мекунад, баргузор гардид. Зикр шуд, ки ҳангоми бозӣ дар ҳавлии назди хонаашон Слава ном дӯсташ ба  чуқурии оби гарм афтидаасту Бахтиёр ӯро аз он ҷо берун овардааст. Дар беморхона гуфтаанд, ки бо вуҷуди сӯхтани 40 фоизи баданаш Слава зинда мемонад.

Ҷасорати навраси тоҷик — Бахтиёр Усмоновро якчанд нашрияи Россия инъикос кардааст.

 Китоби бузург

Бино ба иттилои нашрияи динӣ — маърифатии «Ас- салам» (Нижний Новгород) дар Туркия китоби муқаддаси «Қуръон»-и маҷид дар шакли хеле бузург ба нашр расидааст, ки назираш дар ҷаҳон нест.  Онро, ки 70 килограмм вазн дорад, дар  ду сол барои чоп омода кардаанд. Дарозии китоб 98 ва бараш 71 сантиметр буда, дар долони масҷиди Буюк Чамлиҷаи шаҳри Истанбул ба намоиш гузошта шудааст.

 «Made in yovon»

DSC_0003Ҳангоми тамошои яке аз марказҳои савдои шаҳри Нижний Новгород хостам ҷӯроб харидорӣ кунам. Аз миёни навъҳои гуногуни он ҷӯроби ороиши рах-рахдоштаро интихоб кардам, зеро зебо ва нарм буд.  Рафиқам низ ҳамин молро интихоб кард. Баъди бозгашт аз сафар яке аз он ҷӯробҳоро ба писарам туҳфа намудам. Вай онро хуб тамошо кард ва табассумкунон гуфт:

- Падар, ин ҷӯробҳоро аз Россия овардед?

- Бале.

- Ин моли Тоҷикистон – «Маде ин Ёвон», истеҳсоли ширкати «Ваҳдат» аст, — гуфт ӯ.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»