Аз кӯдакӣ то Рӯдакӣ

№52 (4002) 09.05.2019

Ё қисса дар бораи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзораҳмат Мелиҷонов

DSC02182Ба аёдати собиқадори ҷангу меҳнат, сокини деҳоти «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ бобои Мирзораҳмат омада, ӯро дар ҳалқаи фарзандону наберагон дарёф­тем. Чун фаҳмидем, ки дар бораи корнамоии ҷангияш ҳикоя карда истодааст, мо ҳам барои шунидан мароқ зоҳир намудем.

- Соли 1926 дар деҳаи Ҷураки ноҳияи Олтин-ариқи вилояти Фарғона таваллуд шудаам, — гуфт бобои Мирзораҳмат. — Соли 1935 бобоям Қарабой Эминов аз Фарғона ба деҳаи Заркамари ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) кӯч бастанд. Ман ҳамроҳи додарону хоҳарон ва падару модарам дар ҳавлии бобогӣ мондем. Падарам раҳматии Мелиҷон сарватманд набошанд ҳам, одами ба қавле, «ба худашон тинҷ» буданд. Дар заминҳои корам кишт мекарданд, зиндагиамон осудаҳолона буд.

Соли 1941, ҳанӯз мактабхон будам, ки аз падар дар бораи оғози ҷанг шунидам, ба назар хеле ошуфта менамуданд. Ба мо ҳарчанд «ҳеҷ гап не, халқи шӯравӣ дабдалаи фашис­тонро мебарорад», гуфта бошанд ҳам, дар чеҳраашон аломати маъюсӣ эҳсос мешуд. Гумон доштем, ки ҷанг зуд бо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба фарҷом мерасад, вале….

Моҳи декабри соли 1944 мо — панҷ нафар ҳамдеҳагонро ба хизмат даъват карданд. Дар ибтидо ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бурда, амалиёти ҷангӣ омӯхтанд. Баъди ду моҳ тавассути қатора ба фронт фиристода шудем. Дар шаҳри Харкови Украина дар ҳайати полки 260-уми тирандозии дивизияи 299-уми фронти 3-юми Украина ба майдони муҳориба сафарбар гардидем.

Ман аз охирҳои соли 1944 то ибтидои соли 1945 дар ҷангҳо барои озодкунии Харков ва Днепропетровск то сарҳади Венгрия иштирок намудам. Ҷангҳои шадид баҳри озодкунии Украинаву Молдова идома доштанд. Дивизияи мо сарҳади ИҶШС-ро убур карда, ба Венгрия ворид ва ҳуҷумкунон ба шаҳри Будапешт наздик шуд. Илоҷи ба шаҳр даромадан набуд. Немисҳо онро пайваста бомбаборон мекарданд. Биноҳои бисёрошёна ва кӯпрукҳо метаркиданд, шаҳр дар оташ месӯхт. Тибқи хабарҳо гӯё худи Гитлер ба фармондеҳонаш супориш додааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Будапештро аз даст надиҳанд, зеро он калиди қисмати ҷанубии нақшаи Берлин номида шудааст. Яъне, агар фашистҳо шаҳрро аз даст диҳанд, Берлинро низ аз даст хоҳанд дод.

Дивизияи мо баъди озод кардани Будапешт ба самти шимол ҳаракат намуда, ба фронти 2-юми Беларус ҳамроҳ шуд.

- Охирҳои зимистони соли 1945 дар бешазори Чехословакия ҷанги шадид мерафт. Аскарони шӯравӣ дар наздикии Прага чанд полки фашистро ба иҳота гирифтанд. Як гурӯҳи калони онҳо, ки таҷҳизоти зиёди ҷангӣ доштанд, шабона хати иҳотаро рахна карданӣ шуданд. Командир маро бо чанд тан ҷанговар гирифта, ба хотири фирефта кардани душман ба самти ақиб бурд. Пас аз чанде фашистҳо якбора ба ҳамла бархостанд. Муҳорибаи шадид ба миён омад. Дере нагузашта аз тарафи дигари майдони набард дивизияи танкии Беларус расида омад ва зафари аскарони шӯравиро таъмину Прагаро озод кард.

Ҳамин тариқ, баъди чанд рӯз Фронти 3-юми Украина ва фронти 2-юми Беларус якҷо шуда, Чехословакияро аз фашистон озод намуданд ва мо вориди Германия гардидем. Дар назди дарёи Элба бар зидди немисҳо амалиёти калони ҷангӣ сурат гирифт. Моҳи апрели соли 1945 душман пурра шикаст хӯрд. Аз ҷануб ҳаракат ба сӯи Берлин оғоз ёфт, вале полки моро дар наз­ди дарёи Элба нигоҳ доштанд, то сарҳади давлати Люксембургро посбонӣ намоем.

Моҳи майи соли 1945 ғалаба бар Германияи фашистӣ таъмин гардид. Дар Берлин протокол дар бораи шикасти Германия ба имзо расид. Аскарони Иттиҳоди Шӯравӣ чанд муддат дар Германия монданд.

Моҳи июни соли 1945 бо фармони Сарфармондеҳи армияи Шӯравӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ Жуков дивизияи моро пиёда ба шаҳри Клучи Руминия равон карданд. Дар он ҷо дивизияро Маршали Иттифоқи Советӣ Малиновский пешвоз гирифт. Тақрибан як моҳ нагузашта буд, ки бонги хатар садо дод. Ҷанговарон ҳама саф кашида, аз паради ҳарбӣ гузаштанд. Дар майдон эълон карданд, ки Японияи милитаристӣ бар зидди давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанг даромадааст ва моро ба шаҳри Харбини Хитой бурданд.

Японияи милитаристӣ қисмати шимоли Хитой ва шарқии ИҶШС-ро зери тасарруф дароварда, ҳукмронӣ мекард. Моҳи августи соли 1945 барои озод кардани ин сарзамин ҷанги шадид бо Япония оғоз гардид ва як моҳ идома ёфта, 2 сентябри соли 1945 бо торумори армияи Япония анҷом пазируфт.

Баъд моро ба шаҳраки Семёновкаи кишвари Приморе оварданд. Хизматро то соли 1950 дар он ҷо давом дода, минтақаҳои аз ҷанг зарардидаро барқарор кардем.

22 январи соли 1950 маро аз артиш ҷавоб доданд. Огаҳӣ ёфта будам, ки падару модарам ва дигар бародарону хоҳаронам соли 1948 ба деҳаи Қӯштепаи ноҳияи Кӯктош (баъдан, Ленин ва ҳоло Рӯдакӣ) кӯч бастаанд. Ман ба он ҷо омадам. Деҳа чандон калон набуд, мардум маро пешвоз гирифта, то дари хонаи падарам оварданд.

Дар ин ҷо ба идораи таъминоти барқ ба кор даромадам. Баъдан, алоқачӣ ва намоишгари кино шуда, зиёда аз 30 сол кор кардам. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд — ду писару чор духтар гардидам…

Барои ҷоннисориҳо дар майдони ҷанг бобои Мирзораҳмат бо ордени «Ҷанги Ватанӣ», медали «Ғалаба бар Германия», 9 медали дигар сарфароз гардонида шудааст.

Афсӯс, ки шумораи мардони майдони ҷанг хеле кам мондааст. Дар деҳоти «Россия» аз 26 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафаре дар ҳаёт ҳасту халос. Афсӯс…

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»