Аз нишастҳои матбуотӣ

№13 (3314) 29.01.2015

Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 102,1 фоиз таъмин гардид

Дар нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири молия Шавкат Соҳибов иттилоъ дод, ки  ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2014-ум 102,1 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 13,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 268,3 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ 11,5 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсус 730,9 миллион сомонӣ, қарз ва грантҳо барои  амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ як миллиард сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Мавсуф зикр кард, ки аз рӯи  нишондиҳандаҳои натиҷаи ҷамъбасти соли 2014 дар ҷумҳурӣ 60 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 1,9 миллиард доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Дар ин давра 28 созишномаи қарзию грантӣ оид ба татбиқ гардидани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ  ба маблағи 3,7 миллиард сомонӣ ба имзо расидааст, ки аз он 14 созишномаи грантӣ 474 миллион сомонӣ ва 14 созишномаи қарзӣ 3,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муътадил буда, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 2,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 22,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Бино ба гуфти Шавкат Соҳибов хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар доираи даромадҳои воқеии буҷет амалӣ гардида, ба андозаи 95,1 фоиз иҷро шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 217,7 миллион сомонӣ, аз ҳисоби  Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 миллион сомонӣ, аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 215,5 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 488,2 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардидааст.

 Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»

Истеҳсоли зиёди семент воридоти онро коҳиш дод

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 9 миллиарду 241 миллион сомонӣ расонида шуд.

Бино ба гуфти мавсуф, дар ин давра аз тарафи корхонаҳои ресандагии кишвар 8985,3 тонна ришта истеҳсол шуда, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ба маблағи 119874 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар соҳаи саноати  маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 1674,8 миллион сомониро ташкил додааст. Зикр гардид, ки соли 2014- ум 807,1 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316 ҳазор тонна зиёд мебошад. Шавкат Бобозода изҳор дошт, ки соли 2014 истеҳсоли семент ба 1090 ҳазор тонна расонида шуд ва дар натиҷа воридоти ин маҳсулоти асосии сохтмонӣ аз хориҷи кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Бино ба гуфти номбурда дар таърихи саноати Тоҷикистон истихроҷи ангишт ва истеҳсоли семент нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ бошанд, ба маблағи  2 834 330,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.  Ҳиссаи соҳаи хӯрокворӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ 30,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин соҳа соли 2014 бо ворид намудани технологияи муосир 104 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ  бунёд гардид ва ба ин восита 1495 ҷойи кори нав ташкил шуд. Дар маҷмӯъ, дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав соли сипаригардида 324 корхонаи нав бо зиёда аз 6000 ҷойи кори нав ташкил ёфтааст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» корхонаи манфиатовар аст

Ба наздикӣ дар ҳайати роҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»  тағйироти кадрӣ ба амал омада, сарварии он ба зиммаи Иброҳим Ҷобиров вогузошта шуд. Дар нишасти навбатии матбуотӣ номбурдаро ёвари директор Афсаҳзод Аббоси Аълохон ба журналистон муаррифӣ кард.  Сипас, И.Ҷобиров роҷеъ ба фаъолияти истеҳсолию хоҷагии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мухтасар маълумот дод. Мавсуф иброз намуд, ки даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз зиёдтар буд.

Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлатӣ беш аз 20 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 65 фоиз зиёд аст. Дар соли сипаришуда муассиса ба 54640 адад ҳавопаймо хизмат расонид.

Зикр гардид, ки вазифаи асосии корхона  таъмини бехатарии парвози тайёраҳо дар ҳудуди ҳавоии кишвар мебошад, ки он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Чун ҳарвақта ба таълиму тарбияи ҳирфавии мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аҳамияти махсус  дода шуд. Барои таҳсили донишҷӯён ва такмили ихтисоси мутахассисон беш аз 320000 сомонӣ сарф гардид ва 123 мутахассиси корхона  дар курсҳои такмили ихтисос таълим гирифтанд.  Илова ба ин, баъди гузаштани тести Институти аэронавигатсияи шаҳри Москва оид ба донистани забони англисӣ,  тибқи талаботи ИКАО, 103 нафар мутахассисони корхона  соҳиби сертификати байналмилалӣ  гардиданд.

- Вазъи кунунии фаъолияти  КВД «Тоҷикаэронавигатсия» нишон медиҳад, ки корхона манфиатовар буда, пардохтҳо  ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазаму сари вақт ворид шуда истодаанд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Нисфи неругоҳҳои барқи обии хурд фаъолият намекунанд

Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоботи мухтасари вазир Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ шурӯъ шуда, бо саволу ҷавоб байни журналистон ва масъулини вазорати мазкур идома ёфт.

Вазир зикр кард, ки яке аз дастовардҳои муҳими соҳа дар соли 2014 ба андозаи 210 МВт зиёд шудани иқтидори энергетикии Тоҷикистон аз ҳисоби ба кор андохтани агрегати дуюми НБО-и «Сангтӯда-2»  бо иқтидори 110 МВт ва навбати якуми  Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 100 МВт мебошад. Номбурда  таври мусбат анҷом ёфтани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии сохтмони НБО-и «Роғун», ба имзо расидани Протоколи  дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқи САSA-1000, ифтитоҳи расмии ду лоиҳаи бузург дар соҳаи энергетика-сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази байнидавлатии «Осиёи Марказӣ-Хитой» ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» бо иқтидори 300 МВт, инчунин оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Ашт» ва Геран-Румӣ»-ро рӯйдодҳои хотирмони соли 2014 унвон кард.

Мавсуф афзуд, ки соли сипаришуда истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 16,4 миллиард кВт/соатро ташкил намуд, ки аз ин як миллиарду 321 миллион кВт/соаташ ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Бино ба гуфти Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи пешакии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои «Сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», «Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Шӯроб» ва «Айнӣ»-ро омода намудааст. Омодасозии ҳисоботи пешакии техникии лоиҳаи «Сохтмони марказҳои барқи ҳароратии Фон-Яғноб ва Шӯроб» бошад, оғоз гардидааст.

Дар соли 2014 -ум 24 ҳазору 508 тонна нафт ва 3 миллиону 217 ҳазор метри кубӣ гази табиӣ истеҳсол шуда, ҷиҳати омӯзиш ва кашфи захираҳои нав, инчунин зиёд кардани истеҳсоли нафту газ корҳо идома доранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 318 неругоҳи барқи обии хурд вуҷуд дорад, ки аз он танҳо 170-тоаш дар фасли сармо фаъолият менамоянд.

 Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Таъсиси телефони  боварӣ  

Зимни  нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири адлия Рустам Шоҳмурод зикр намуд, ки вазорат 79 санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти давлатиро ба қайди давлатӣ гирифта, бақайдгирии 101 санади меъёрии ҳуқуқиро рад кард. Инчунин ҷиҳати иҷрои  «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2008-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №543 тасдиқ шудааст, вазорат тафсирҳои илмӣ- методии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» -ро омода ва  интишор намуд.

Ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Барнома ва бо мақсади дастрасии аҳолӣ  ба масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ, меросӣ, масъалаҳои замин, ҳуқуқи маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлия ва сохторҳои он бо ташаббуси вазорат,  филиали ташкилоти «ХЕЛВЕТАС  Свис Интеркорпорейшн» ва Хазинаи АврОсиёии Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон телефони боварӣ  таъсис  дода шуд, ки он 11 ноябри соли 2014 ба фаъолият  оғоз намуд. Тавассути телефони боварӣ то имрӯз  490 шаҳрванд муроҷиат намудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  ба 12 нафар ҳуқуқшиносон  барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, муҳлати амали иҷозатномаи ҳашт нафар адвокати ваколатдор тамдид карда шуд. Ҳамзамон Донишкадаи такмили ихтисоси вазорат дар ин давра даҳ курси баландбардории донишҳои ҳуқуқӣ ва шаш курси сайёри такмили ихтисосро  дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ  гузаронид.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Панҷ лоиҳа амалӣ гардид

Соли 2014 дар соҳаи нақлиёт корҳои сохтмонӣ дар доираи 15 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 598,8 миллион доллари ИМА  идома доштанд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Асозода зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода, ҳамзамон зикр кард, ки  давоми сол дар панҷ иншоот, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар марҳилаи се, таҷдиди қитъаи 24-километраи роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт, азнавсозии роҳҳо ба сӯи самти нақби «Озодӣ», сохтмони терминали ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» корҳо анҷом ёфта, барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард  таҷҳизоту техника харидорӣ карда шуд. Маблағи умумии иншооти анҷомёфта 115,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бунёди ду корхонаи асфалтбарориро дар ноҳияи Ҷиликӯл ва шаҳри Ваҳдат низ вазир аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими соли гузашта арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки соли 2014 тавассути нақлиёт ҳаҷми боркашонӣ 19,8 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли пешин 8,2 фоиз зиёд аст. Дар ин давра ба  192,5 миллион  мусофир  хизмат расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли 2013-ум 10,6 фоиз зиёд мебошад.

Журналистон роҷеъ ба сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, сифати сохтмони роҳҳо, номукаммалии лоиҳаҳои амалишаванда, бунёди роҳҳои оҳан, омодасозии мутахассисони соҳа ва масъалаҳои дигар саволҳо дода. ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

  Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Мақсад-таъмини мувозинати манфиатҳои истеъмолкунандагон

-Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид, — иброз дошт сардори Хадамоти фавқуззикр Абдусамад Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ.

Қимати аксарияти маҳсулот, аз ҷумла  орд, гандум  дар бозори дохилӣ, пеш аз ҳама, аз тағйирёбии нарх дар давлатҳои истеҳсолкунанда, афзоиши нархи хизматрасонии нақлиётӣ, номунтазамии таҳвил, инчунин хусусияти мавсимӣ доштани ташаккулёбии нархи баъзе намуди маҳсулот вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти омории мақомоти гумрук, соли гузашта ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Қазоқистон 774,9 ҳазор тонна гандум бо нархи 299 доллари ИМА барои як тонна ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 134,7 ҳазор тонна ё 21 фоиз зиёд мебошад. Дар соли сипаригардида ба ҷумҳурӣ 189,0 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 43,4 ҳазор тонна ё  ба андозаи 18,7 фоиз кам мебошад (соли 2013-ум 232,3 ҳазор тонна ворид гардида буд).  Вобаста ба воридоти маводи сӯзишворӣ ва вазъи тағйирёбии нархҳои маводи он дар бозорҳои дохилӣ, аз болои субъектҳои хоҷагидори воридкунандае, ки дар ин сегменти бозори мол мавқеи ҳукмфармо  доранд, мониторинги доимӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти сӯзишвории воридгардида аз ҷониби корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Россия 84,6 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 8,4 фоиз, Ҷумҳурии Озарбойҷон 2,1 фоиз, Ҷумҳурии Туркманистон 2,8 фоиз ва корхонаҳои дигар кишварҳо 0,9 фоизро ташкил намудааст,- афзуд Абдусамад Раҷабзода.

Тавре аз идомаи суханҳои сардори Хадамот бармеояд, бо мақсади омӯзиши вазъи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тариқи интихобӣ рейдҳои муштарак гузаронида шудааст, ки як қатор камбудиву норасоиҳо ошкор гардидааст. Дар давоми сол 17 аризаи шикоятии хаттии шаҳрвандон тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаашон ба шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас ирсол гардидааст.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,  «Садои мардум»

ДДСТ ба номи М.Турсунзода: 71,6 фоизи нақшаи қабул иҷро шуд

Бо дарназардошти талаботи имрӯза ба мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат тайи солҳои охир дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  якчанд ихтисосҳои нав, аз қабили «Фарҳангшиносӣ» (магистратура), «Режиссураи филми бадеӣ» ва «Санъати сарояндагӣ» (ғоибона) таъсис дода шуд, ки теъдоди довталабон ба ин ихтисосҳо сол то сол меафзояд.

Ректори ин таълимгоҳ Диловар Латипов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки айни ҳол дар донишкада 1730 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1086 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 644 нафар тариқи ғоибона таҳсил менамоянд.  Дар маҷмӯъ, қабули довталабон дар соли таҳсили 2014-2015-ум  71, 6 фоизи нақшаро ташкил дод.

Дар  донишкада панҷ факултет ва 21 кафедра фаъолият менамояд, ки дар онҳо кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаи фарҳанг, санъат ва омӯзгорони мусиқӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тарбия карда мешаванд.

Шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 ихтисосҳои санъати мусиқӣ (мусиқӣ-омӯзгорӣ), осорхонашиносӣ, менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, режиссураи намоишҳои театрикунонидашуда ва идҳо, режиссураи филми бадеӣ, бойгонишиносӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, журналистикаи телевизион ва санъати актёрӣ низ ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд. Дар хобгоҳи ин таълимгоҳ 405 нафар донишҷӯён истиқомат менамоянд.

Бино ба гуфти ректор, дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҷаҳонишавии фарҳанг зарурати омода намудани кадрҳои соҳа дар хориҷи кишвар ба миён омадааст.

Мавсуф иттилоъ дод, ки бо дарназардошти  ин, тайи солҳои охир ҳафт нафар донишҷӯёни ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода  бо тавсияи роҳбарияти  донишкада ва роҳхати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои олии фарҳангу ҳунари хориҷи кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Челябинск, Хабаровск, Остона фиристода шудаанд.

Ду нафар хатмкунандаи бакалавриат дар магистратураи Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Санкт-Петербург ва як нафар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил карда истодаанд.

 Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Таҳсили 461 донишҷӯ дар донишкада

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷ.Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки алҳол дар ду факултети донишкада -«Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои  «Мусаввирии дастгоҳӣ», «Графикаи дастгоҳӣ» 170 нафар донишҷӯ ва факултети «Дизайн» бо кафедраҳои «Санъати муҷассамавӣ ва ороишӣ-амалӣ», «Тарҳрезии бадеӣ ва муҳити меъморӣ» 291 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки раёсати донишкада бо дарназардошти нақшаи дурнамо барои зиёд намудани ҳайати кормандон 98 воҳиди кориро ба нақша гирифтааст. Нақшаи қабули  довталабон барои соли таҳсили 2015-2016-ум 660 нафар донишҷӯ (150 нафар дар шуъбаи ғоибона) аз рӯи 27 ихтисос пешниҳод гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ гардид.

Соли таҳсили 2014-2015 дар донишкада 80 фоизи нақшаи қабули довталабон иҷро шуд.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, 26 августи ҳамон сол собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод ба тавозуни донишкада гузаронида шуд.

Барои таъмири пурра, азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти зарурии бинои донишкада, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-ум як миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ ва соли 2014 ду миллион сомонӣ ҷудо гардид.

 Х.ШАРИПОВ,  «Садои мардум»

Ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардиданд

-Соли 2014 аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1471 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 438- тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 298 ададашро азонихудкунии моликияти давлатӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 40 адад суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 107 адад гирифтан ва додани пора, 14 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 29 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ ташкил медиҳанд,- гуфт дар нишасти матбуотӣ директори Агентии мазкур Абдуфаттоҳи Ғоиб.

Маблағи зарари молиявӣ аз ҷиноятҳои ошкоргардида 128110614 сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу таҳқиқ 28 млн. 24 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст.

Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 224- тои онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд. Ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар аз тарафи кормандони вазоратҳои маориф ва илм (101), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (70), меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (57), корҳои дохилӣ (46), нақлиёт (16 ), кишоварзӣ (16), Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон (36), андоз (18), инчунин сохторҳои бонкии ҷумҳурӣ (127) содир гардидаанд.

 Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»

Таваҷҷуҳи махсус нисбати собиқадорон

Дар маҷлиси васеи президиуми Кумитаи Марказии  Иттифоқи касабаи  кормандони  муассисаҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ ва  бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи фаъолият дар соли 2014 ҷамъбаст ва нақша- чорабиниҳои корӣ   дар  соли  2015 тасдиқ гардиданд. Зимни баромади хеш раиси Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ ва  бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Қаҳҳоров таъкид намуд, ки мақсади асосии фаъолияти иттифоқи касаба ҳифзи ҳуқуқҳои фардӣ ва коллективӣ ва манфиатҳои  аъзои иттифоқҳои касаба дар масъалаҳои шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, шароит, музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ, риояи имтиёзҳои иҷтимоӣ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ки соли 2011 қабул гашта буд, асосҳои ҳуқуқӣ ва ваколатҳои фаъолияти иттифоқҳои касабаро мустаҳкам гардонид. Фаъолияти хешро мо ҳамзамон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» ва «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои  коллективӣ»  ба роҳ мондаем.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои калонтарини Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он се кумитаи иттифоқи касабаи вилоятӣ, 69 кумитаи ноҳиявӣ ва шаҳрии иттифоқи касаба, 1872 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаро муттаҳид сохтааст.  Шумораи аъзои иттифоқи касабаи соҳавӣ дар соли 2014 ба 52716 нафар расид.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Мусоидат ба офияти иҷтимоии занон

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба офияти иҷтимоии заноне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз маҳбас озод шудаанд, як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, тибқи иттилои зерсохторҳои  Кумита дар ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, вохӯриҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занони аз маҳбас озодшуда корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт. Инчунин саломатии бархе аз ин гурӯҳи занон барқарор карда, дар рӯйхати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои ин гурӯҳи занон ба муҳлати се моҳ кумакпулӣ муайян гардидааст ва иқдоми мазкур то ҳол идома дорад. Ҳамчунин занони тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз маҳбас озодшударо бо касбҳои муайян ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта, дар сехҳои дӯзандагӣ, марказҳои қолинбофӣ, гулпарварӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд.

Дар ин хусус аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»