Қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон — Мобайл» Файзуллоев Б. Ҳ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе, 28 майи соли 2015
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда — Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М. А., муовини Раис Каримзода К. М., судя — котиб Ҳошимзода Д. Д., судяҳо: Абдуллоев Л. И., Гулзорова М. М. ва Зоирзода Ш. Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.,
тарафҳо:
1. Сайфиддинов Ҳ., Чекушина Г. ва Сулаймонов Ф. — намояндагони ваколатдори Файзуллоев Б. Ҳ. – директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон — Мобайл» – тарафе, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;
2. Шоназаров С. А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳси конститутсионӣ қарордодаи муроҷиаткунандаро тасдиқ намудааст;
3. Ҷабборов Р. – муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳси конститутсионӣ қарордодаи муроҷиаткунандаро татбиқ намудааст.
Даъватшудагон:
1. Азимзода Т. С. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Холиқзода А. – муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Осимзода М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Оймаҳмадзода М. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Темурзода Ш. – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Пулодӣ М. К. – муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Рауфов Ф. – муовини сардори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Нурализода С. – муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Абдуллоев С. Х. – сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Меликов М. – сардори раёсати таъмини ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Партоев К. Г. – сардори нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Худойдодов А. – мутахассиси пешбари шуъбаи аудити назорати андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б. Ҳ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б. Ҳ. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амрнома аз 2 апрели соли 2014 № 422 с/х «Оид ба таъин намудани санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз» фаъолияти ҷамъиятро оид ба дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохт намудани андозҳо барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014 гузаронид.
Санҷиш 2 апрели соли 2014 оғоз карда шуда, 30 июни соли 2014 бо таҳияи санад «Аз натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии такрории андоз дар фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон — Мобайл» барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014» ба итмом расид.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санади санҷишии зикршуда 14 июли соли 2014 № 275 Қарор (огоҳнома) оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба тасвиб расонид, ки тибқи он ба зиммаи ҷамъият пардохт намудани 341433344 сомонӣ андозҳои гуногун, бо дарназардошти фоиз ва ҷаримаҳо вогузор карда шуд.
Ба андешаи муроҷиаткунанда, санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон намудани муқаррароти қисми 10 моддаи 29 Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, зеро дар Амрномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 10 моддаи 29 Кодекси зикршуда, ки барои гузаронидани санҷиши такрории маҷмӯии ҳуҷҷатии андоз асос мебошанд, дастрас нагардидаанд.
Ҷамъият ғайриқонунӣ будани Амрномаи мазкур, инчунин беасос баста шудани суратҳисобҳои худро дар судҳои иқтисодӣ мавриди баҳс қарор дода бошад ҳам, судҳои иқтисодӣ нисбат ба онҳо санадҳои беасос ва ғайриқонунӣ қабул карда, даъвои онҳоро рад намудаанд.
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки дар санад оид ба натиҷаи санҷиш аз 30 июни соли 2014 санҷишгарони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, дастрас намуда, хароҷоти ширкатро ба сифати даромад эътироф карда, дар натиҷа маблағи зикршударо ба сифати андоз ҳисоб намудааст.
Ӯ ин амали санҷишгаронро ба муқаррароти моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф меҳисобад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда, андоз бояд дар асоси меъёри қонун муқаррар карда шавад, на бо Низомнома, зеро он санади зерқонунӣ мебошад. Мавзӯи танзими Низомнома муайян кардани тартиби калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) мебошад.
Вобаста ба ин, татбиқ намудани муқаррароти банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷамъият ва ба зиммаи он вогузор намудани андозҳои иловагӣ уҳдадории андозсупорандаро аз доираи танзими меъёри моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ намуда, боиси поймол шудани ҳуқуқҳои конститутсионии субъектони ҳуқуқ мегардад.
Аз ҷониби дигар, ба андешаи муроҷиаткунанда, Низомномаи номбурда ба номгӯйи қонунгузории андоз, ки моддаи 2 Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дохил намешавад ва бинобар ин, ба ҳайси манбаи ҳуқуқии муқарраркунандаи андоз баромад карда наметавонад.
Муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки амали ғайриқонунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи номувофиқатии банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Ҷамъият бо аризаҳои даъвоӣ ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат карда бошад ҳам, даъвоҳои он дар бораи беэътибор донистани санади санҷишӣ аз 30 июни соли 2014 ва Қарор (огоҳнома) аз 14 июли соли 2014 дар хусуси пардохти андоз ба маблағи 341433344 сомонӣ, бо санадҳои судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2013, аз 20 октябри соли 2014, марҳилаи кассатсионӣ ва марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014 ва аз 10 марти соли 2015 беқаноат мононда шудаанд.
Ҳамин тавр, ба андешаи муроҷиаткунанда Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои ғайриқонунии худ манфиатҳои конститутсионии ҷамъиятро ба озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати давлатии моликияти хусусӣ, инчунин муқаррароти конститутсионӣ оид ба уҳдадориҳои андозсупоранда вобаста ба пардохт намудани андозе, ки танҳо қонун пешбинӣ кардааст, поймол намудааст.
Бо дарназардошти ин, ӯ аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳоднамудаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон — Мобайл»-ро ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки таъмини амалишавии кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳамчунин таъмини иҷрои уҳдадории пардохти андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун, ки дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд, яке аз вазифаҳои муҳими давлати иҷтимоӣ ба шумор меравад, зеро танзими ҳуқуқу озодӣ, кафолат ва уҳдадориҳои зикршудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз давлати иҷтимоӣ эълон шудани Тоҷикистон ва ба ҳар инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона сарчашма гирифта, ҳалли ҳадафи конститутсионии мазкур бе таъмини иҷрои муқаррароти пешбининамудаи моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир мебошад.
Муқаррароти моддаҳои зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии моликиятро, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, эътироф намуда, таъмини кафолати озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият ва уҳдадории пардохти андоз ва дигар пардохтҳои пешбиникардаи қонунро муқаррар менамояд ва ин меъёр ба муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки мавҷудияти онҳо барои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд, асос меёбад.
Чунончӣ, моддаи 17 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 14 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чӣ шахсан ва чӣ якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад».
Моддаи 29 Эъломияи мазкур ба уҳдадориҳои шахс бахшида шуда, муқаррар менамояд: «Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ дар он имконпазир аст, уҳдадор мебошад».
Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсонро танзим намуда, давлатҳои аъзоро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати татбиқи воқеии онҳо дар сатҳи қонунгузориҳои миллӣ ва амалия чораҳои дахлдор андешида, ба шаҳрвандон истифодаи баробари ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намояд.
Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз 26 майи соли 1995, ки аз муқаррароти санадҳои байналмилалии зикршуда маншаъ мегирад, ба таъмини амалишавии ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон нигаронида шуда, давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро уҳдадор менамояд, ки ба ҳар шахсе, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор дорад, ҳуқуқу озодиҳои дар Конвенсияи номбурда пешбинишударо таъмин намоянд.
Тоҷикистон таъмини амалишавии уҳдадориҳои байналмилалии худро дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар пешбинӣ намуда, ҳамзамон уҳдадориҳои мушаххас, аз ҷумла пардохти андозро, ки зимни баамалбарории ҳуқуқҳо аз ҷониби субъектони гуногуни ҳуқуқ ба миён меоянд, муқаррар кардааст.
Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи қонун ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ мегардад ва хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дошта, ба хотири мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлат, рушду такомули соҳаҳои хоҷагии халқ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар нигаронида шудааст, ки иҷрои он бо воситаҳои гуногуни ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 №1107 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар сархати ҳафтуми моддаи 8, ба сифати яке аз уҳдадориҳои асосии субъекти соҳибкорӣ сари вақт ва пурра ба буҷет пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пешбинӣ мекунад.
Уҳдадории конститутсионии ҳар кас дар хусуси пардохти андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун, ки мавзӯи танзими моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, танзими мушаххас ва ҳамаҷонибаи худро дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дорад, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфтааст.
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз танзим намуда, дар қисми 1 моддаи 2 пешбинӣ менамояд: «Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад».
Кодекси андоз, ҳамчунин муайян кардааст, ки муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз – яъне муносибатҳои андозӣ танҳо тавассути Кодекси андоз ба амал бароварда мешавад. Ҳамзамон танзими ҳуқуқии дигар пардохту боҷҳо тавассути дигар қонунҳои дахлдор ва Кодекси андоз истисно нест.
Дар Кодекси андоз муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андоз танҳо аз тарафи қонун ба шумули принсипи асосии низоми андоз ҳисобида шудааст, ки он дар низом ва муносибатҳои андозӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавзӯи баҳси муроҷиаткунанда қарор гирифтааст, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба низоми санадҳои ҳуқуқии соҳаи андоз мансуб буда, дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси андоз қабул карда шудааст.
Низомномаи зикршуда аз ҷониби мақоми салоҳиятдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 №506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба тасвиб расида, аз 1 июли соли 1999 мавриди амал қарор дода шудааст .
Банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳси дархосткунанда қарор дода шудааст, аз зербандҳои «а» то «э» иборат буда, номгӯи хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохилшавандаро дар бар гирифта, тибқи тартиби муқарраршуда нисбат ба доираи васеи субъектони андозсупоранда истифода карда мешавад.
Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на санади муқарраркунандаи андоз ва уҳдадориҳои андозӣ, балки санади меъёрии ҳуқуқии муайянкунандаи арзиши асосноки аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ба ҳисоб меравад ва наметавонад ба дигар маънӣ аз лиҳози ҳуқуқ маънидод карда шавад.
Тавре ки аз мундариҷаи Низомномаи зикршуда бармеояд, он тартиби ҳисобкунии илман асосноккардашудаи арзиши аслии маҳсулот, аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардани нархҳо ва номгӯйи хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохилшавандаро муайян карда, ягон уҳдадории андозро нисбат ба субъектони андозсупоранда муқаррар намекунад.
Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ дар дастрасӣ ва татбиқи банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисоб кардани андоз аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқатии банди 7 Низомномаи зикршударо ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор накард. Яъне, татбиқи банди 7 Низомномаи номбурда бо моҳияти мавзӯъ ва масъалагузорӣ дар худ, наметавонад боиси манъ ва маҳдуд кардани таъмини кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои моликият ё муқаррар кардани уҳдадорӣ оид ба пардохти андоз гардад.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ арзёбӣ намуд.
Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р к а р д:
1. Банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Қарор қатъӣ буда, аз рӯи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М. А.
Судя — котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д. Д.