ҚАЗИЯИ «ХОВАН» ВА ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

№72 (3552) 04.06.2016

1 июни соли равон дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев доир шуд.

Дар он ҷонибҳо самти муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин ҷода муҳимияти робитаҳои байнипарлумонӣ, ки анъанавӣ ва дӯстона мебошанд, қайд гардид.

Яке аз мавзӯъҳои асосии вохӯрӣ масъалаи қазияи қабристони «Хован» ба шумор мерафт. Константин Косачев арз намуд, ки баъд аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба сенаторҳо дастур дода шуд, то масъалаҳои вобаста ба қазияи қабристони «Хован»-ро таҳти назорат гиранд. Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия қайд намуд, ки Шӯрои Федератсия аз мақомоти дахлдор маълумотро оид ба ин парванда дархост карда, таҳти омӯзиш қарор додааст.

Раиси Кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Андрей Клишас гуфт, ки масъалаи назорати тафтишоти ин қазия зимни вохӯрӣ  бо Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ба миён гузошта мешавад.

- Дар баробари ин, мо дар назди худ вазифа гузош­тем, то назорати ҳамаҷонибаи парлумонии ин парвандаро таъмин намоем, — гуфт номбурда.

Имомуддин Сатторов қайд кард, ки Сафорати Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани ин қазия масъа­ларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст. Он, инчунин дар рафти сафари вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бо роҳбарияти кишвар баррасӣ гардид. Имомуддин Сатторов арз намуд, ки масъалаи асосӣ таъмини тафтишоти воқеъбинона буда, сафорат дар ин самт бо мақомоти дахлдори Россия ҳамкорӣ намуда истодааст.

Мавзӯи муҳими дигари вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосаро ба масоили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия иқомат доранд, зоҳир менамояд.

Имомуддин Сатторов арз кард, ки ҷониби Тоҷикис­тон чораҳои татбиқшавандаро дар масъалаи ба низом даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ хуш мепазирад. Дар баробари ин, ҳолатҳои зиёди поймол шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба қайд гирифта мешаванд.

Сафир мушкилиҳои асосие, ки бо он муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ мегарданд, аз ҷумла хориҷкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, зиёд шудани шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхатҳое, ки вуруди онҳоро ба Россия манъ менамояд, баррасии ғайриодилонаи парвандаҳо оид ба хориҷкунии шаҳрвандон ва суръати қабули қарорҳо аз ҷониби судҳо, пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, масъалаҳои бақайд­гирии шаҳрвандон ва ғайраро номбар кард.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки ин вохӯрӣ охирин набуда, доир ба масъалаҳои мазкур робитаҳои доимӣ барқарор мегардад.

Дар ин бора сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маълумот додааст.