Ба мо муроҷиат мекунанд

Ба кадом кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мумкин аст?

№46 (3996) 25.04.2019

Ба шуъбаи ахбор, номаҳо, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзнома шаҳрванд Абдуназаров Муҳиддин Холмирзоевич — сокини шаҳри Норак занг зада, хоҳиш намуд, ки барои дарёфти посух ба пурсиши боло кумак намоем. Номбурда донис­тан мехоҳад, ки оё рост аст, ки ба Ҷумҳурии Лаҳистон ҳам аз Тоҷикис­тон хоҳишмандонро ба кор равон мекунанд?

Вобаста ба масъала ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» — и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Ҳуқуқшиноси Агентии мазкур  Аномудин Ғаюров чунин посух дод: «Айни замон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ, ғайр аз Федератсияи Россия ба ҷумҳуриҳои Лаҳис­тон, Беларус ва Туркия низ ба корҳои гуногун сафарбар гардида истодаанд.

Бинобар ин, М. Абдуназаров ва дигар хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-108 ё ин ки бо телефони 221-39-67, 221-40-15 ва 221-39-83 муроҷиат намоянд».

Таҳияи Б . КАРИМЗОДА, «Садои мардум»