Баҳманмоҳи хунин — аввалин ҷинояти наҳзатиҳо

№23 (4129) 20.02.2020

Баъд аз оғози бозсозиҳои горбачёвӣ ва ошкорбаёниҳо дар Тоҷикистон, бо истифода аз фурсати муносиб, ифротгароёни наҳзатӣ, ки то он замон фаъолияти пинҳонӣ доштанд, ба амалҳои ошкоро гузаштанд. Воқеаҳои февралии соли 1990 нахустин кӯшиши онҳо буд, ки чеҳраи хашинашонро ошкор ­сохт. Онҳо бо баҳонаи ба Душанбешаҳр омадани чанд армании аз заминларза осебдида, ки гӯё соҳиби манзилҳои истиқоматӣ мешуданд, мардумро ба шӯр оварда,  алайҳи ҳукумати вақт ба майдон бароварданд. Аз ин овозаи бардурӯғ ҳангомаю валвала сохта, ба амалисозии нақшаҳову ҳадафҳои нопоки худ машғул гардиданд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо истифода аз таблиғоти ифротиашон хостори ғасби ҳокимият гардиданд. Як қисми зиёиёнро низ дар амалисозии нақшаҳояшон бо роҳи фиреб истифода мебурданд.  Аммо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ нақша дошт, ки пас аз ғасби ҳокимият кулли равшанфикронро ҷисман аз байн барад, зеро ба онҳо хоҷагони хориҷиашон аллакай  усули қадам ба қадам террор кардани зиёиён ва  ғасб намудани ҳокимиятро омӯхта буданд.

Ба ҳамин тартиб, пеш аз интихоботи парлумонии соли 1990 дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе наҳзатиҳо нооромиро роҳандозӣ карданд, ки қурбон шудани чанд ҷавони бегуноҳро дар пай дошт ва ин амал бар зарари миллати тоҷик анҷом ёфт. Маҳз ҳамин баҳманмоҳи хунин оғози амалҳои террористӣ ва ҷиноёти даҳшатбори аъзои ТТЭ ҲНИ гардид. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки нахустин президенти ҷумҳурӣ дар замони сар задани ҳаводиси баҳманмоҳ котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зимни баромадаш дар як ҷаласаи маҳфили «Диалог» он рӯзҳоро ба хотир оварда, гуфта буд: Маҳз А.Тӯраҷонзода ба арманиҳо додани хонаҳоро дар Душанбе овоза кард ва бо ин амалаш сабабгори сар задани нооромиҳо шуд. Пайравони ташкилоти террористии наҳзат баъди ин суханҳо ба кӯча баромада, даст ба бедодгариҳо заданд. Аз ин ҷо бармалост, ки саркардагони ҳаводиси хунини баҳманмоҳи соли 1990 террористони наҳзатӣ буданд, на афроди дигар. Воқеан ҳам саркардагони ин амалҳои нангин авбошоне буданд, ки тавассути онҳо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ қудрату тавони Ҳукумат ва қишри огоҳу бедори миллиро шинохтан мехостанд. Чунки барои онҳо ва дар оянда аз кадом роҳу усул истифода кардану ҳокимиятро ба даст гирифтан, шинохтани қудрату тавони Ҳукумат ва қишри огоҳу бедори миллӣ хеле муҳим буд.  Агар Ҳукумат қудрати сиёсиро аз даст додан намехосту дар ҳолати зарурӣ аз ин қувваҳо истифода мекард, қишри равшанфикру озодандеш, монеаи рӯи кор омадани чунин амалҳои ноҷавонмардонаю ғайриахлоқӣ мегардид.

Мутаассифона, он замон Ҳукумат бо ором кардани ҳаводиси хунини баҳманмоҳи соли 1990 натавонист пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи наҳзатиҳоро гирад, чунки худбохтагону хиёнаткорон ва душманону манфиатхоҳон ба ин қаноат накарданд. Бинобар ин, пас аз ба даст овардани озодиву истиқлолият ҳаводиси баҳманмоҳ бо шакл ва усули дигар авҷ гирифта, тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриро ба коми худ кашид. Таъсири манфии ҳаводиси солҳои 1992-1997 ба таназзули соҳаҳо боис гардида, ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти бағоят бузург расонид. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандие, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бар сари миллат овард, 150 ҳазор кушта шуд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, 26 ҳазор зан шавҳари худро аз даст дод ва 196 ҳазор нафар ба кишварҳои ИДМ ҳиҷрат намуданд.

Ҳарчанд дар бораи воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990, ки сӣ сол қабл ба вуқӯъ омада буданд, бисёр гуфта ва навиштаанд, то ба ҳол баъзеҳо сабабгору гунаҳкорони онро меҷӯянд. Таҳлили вазъи ҳамон вақт, ҷараёни ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин ва хулосаи комиссияи тафтишотии вобаста ба ин ҳаводис нишон медиҳанд, ки гунаҳкори асосӣ роҳбарону масъулони ТЭТ ҲНИ мебошанд. Аммо он замон аксарияти мардум ва ҳатто роҳбарону масъулони сохторҳои муҳими давлатӣ бар асари камтаҷрибагӣ ба асли воқеа дуруст сарфаҳм намерафтанд. Ҳатто як қисми зиёиёну кормандони масъули давлатӣ ҳам фирефтаи макри террористони наҳзатӣ шуданду гумон карданд, ки ҳамин гуна амалҳо дар он шароит дурустанд ва ба иштибоҳоти нобахшиданӣ роҳ доданд.

Террористони наҳзатӣ, ки он замон аллакай мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун неруи фурсатталаб, манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуданд, то  андозае ба ҳадафи нопоки худ расиданд. Яъне, бо роҳандозии чунин ошӯб террористони наҳзатӣ дар кишвар аввалин бор вазъиятро ноором карданд ва чун боварии байни шаҳрвандон ва Ҳукумат аз байн рафта буд, дар ҷомеа таблиғоти пурзӯри мазҳабӣ, ифротгаройӣ ва зӯроварӣ шурӯъ шуд.

Тавре болотар зикр гардид, барои террористони наҳзатӣ маҳз чунин вазъият зарур буд, то ки суботу оромии кишварро аз байн баранд, норозигии аҳолиро афзоиш диҳанд ва ҷомеаро  ба самти барои худашон даркорӣ равона созанд. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо ин амал барои фаъолияти минбаъдаи тахриботии худ замина гузошт. Баъд аз воқеаҳои февралӣ онҳо фаъолияти табоҳкоронаашонро вусъат бахшида, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд. Яъне, тамоми фаъолияти тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи террористони наҳзатӣ дар ҷумҳурӣ маҳз аз воқеаҳои баҳманмоҳи соли 90-ум маншаъ мегирад. Далелҳои дақиқу раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳиди он воқеот кори дасти наҳзатиҳо ва гунаҳкори ин даҳшат будани онҳоро собит кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.

Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа сари вақт аз ҳиллаҳои шаръии роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ огоҳ мешуданд ва пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи харобиовари онҳоро мегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст.

Агар дар баҳманмоҳи соли 1990 пеши роҳи амалҳои душманона ва хиёнаткоронаи роҳбарияту намояндагони ТЭТ ҲНИ гирифта мешуд, мо давраи басо нангин, вазнин ва сангини ҷанги бародаркушро аз сар намегузарондем ва солҳои навадум ба ҷойи ҷанг дар Тоҷикистон созандагиву бунёдкорӣ сурат мегирифт. Меҳани мо ҳамчун ҷумҳуриҳои бародарӣ аз мероси шӯравӣ бархӯрдор мегардид ва давлати навини худро мустаҳкам мекард.

Нодири ҚОДИР, таҳлилгари масоили сиёсӣ