Бани одам аъзои якдигаранд...

Ба ману тифлаконам кумак кунед

№5 (4267) 14.01.2021

Ман, Моҳира Холова, модари се фарзанд, сокини 34-солаи пойтахт, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Соатов, хонаи 11. Пас аз давутозу бебарории зиёд бо умеди охирин ба рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат менамоям. Зеро зистан дар шароите, ки ман ва тифлакони маъсумам дорем, нисбат ба ояндаи онҳо зарари равонист.

 …Соли 2009 ба шавҳар баромадам. Дар хонае зиндагӣ мекардем, ки ҳамагӣ 9,3 метри мураббаъ масоҳат дошт. Аз рӯзҳои нахустини оиладоршавӣ эҳсос мекардам, ки хушдоман дӯстам намедорад. Соҳиби фарзанд гардидам, вале бибӣ нисбат ба наберааш низ меҳр надошт. Шавҳарам бошад, умуман парвои оила ва фарзандон намекард. Як рӯз кор мекарду ду рӯз истироҳат. Дар рӯзҳои истироҳат гоҳ-гоҳ дар хона пайдо мешуд. Мегуфтанд, ки зан дорад, ки коргари кадом як тарабхона аст. Ман бошам, бе иҷозати ӯҳатто ба кӯча намебаромадам. Ба хонаи худамон ҳам худаш мебурд. Ҳамин тавр, соҳиби се фарзанд гардидем. Фарзандони ташнаи меҳри падар аз бибиву амак ва аммаву фарзандони онҳо низ муносибати хуш намедиданд.

Яке аз рӯзҳои моҳи рамазони соли 2018 фарзандонам оши палав хостанду дар хона ба ҷуз як коса биринҷ дигар чизе набуд. Фикр кардам, ки онро дар об меҷӯшонаму дам мепартоям. Баъзан аз ноилоҷӣ чунин корҳо мекардам. Аммо пас аз нимрӯзӣ дар рӯи ҳавлӣ шавҳарам пайдо шуд. Ҳавасу хоҳиши фарзандонро ба ӯ расонида, хостам, ки як кило сабзӣ орад. Чизе нагуфта, ба бозор рафт ва як кило сабзӣ, яккилоӣ помидору пиёз ҳам овард. Ба хӯрокпазӣ оғоз кардаму шавҳарам фармуд, ки дар болои кат барои шом ҷой тайёр кунам. Хуб гуфтам ва азбаски то шом вақт зиёд буд, ба кори худ идома додам. Аз куҷо медонистам, ки ҳамон лаҳза хушдоман болои кат нишастанист?

Шавҳарам барои ин «беҳурматӣ» нисбат ба модараш ба ғазаб омада, ба сарам мушт бардошт, ки «ту хизмати модари маро намекунӣ»… Ҳамин ҳодиса боис шуд ва хушдоману хоҳаршӯям шавҳарамро маҷбур карданд, то ҷавоби маро диҳад. Он вақт танҳо писари нахус­тинам мактабхон буд.

 Маро ҳамроҳи фарзандонам аз хона ронданӣ шуданд, вале нарафтам ва аз он замон азобҳои сахти ману фарзандонам оғоз шуданд. Шавҳарам мегуфт, ки фарзандҳо аз ӯ нестанд.

Суди ноҳияи И.Сомонӣ, тибқи қонун, барои фарзандонам дусад сомонӣ алимент муқаррар намуда, иҷрочиёни Хадамоти иҷро моро дар ҳамон хона маскун карданд. 

Пас аз чанд рӯз шавҳари собиқам зан гирифту ӯро низ ба ҳамон ҳуҷрае, ки 9,3 метри мураббаъ масоҳат дошт, овард. Хонаро аз мобайн тақсим кард. Ба ману фарзандонам 1,9 метри он расид. Дар 1,9 метр ман бо се фарзанд мехобему дар 1,9 метр – «навхонадорон». Дар байнамон девору парда ҳам нест…

Тасаввур кунед, ки ману фарзандонам чӣ тавр мехобему ин чӣ гуна зиндагист?

«Навхонадорон» дар пеши чашми фарзандонам ханда ва нағмаву бозӣ мекунанд. То он лаҳзае, ки онҳо… бедоранд, мо хобида наметавонем. Фарзандонам мегӯянд, ки борҳо падар ва зани ӯро бараҳна дидаанд…

 Пас аз он ки духтарчаам ҳам мактабхон шуд, дарстайёркунии фарзандонам душвортар гардид. Собиқ шавҳарам азоби моро мебинад, лекин парво надорад. Ҳатто барои 11 моҳи аввали ҷудошавиамон алименти фарзандонро надод. Аҷиб аст, кормандони Хадамоти иҷро маслиҳатам медиҳанд, ки ин маблағро бахшам. Вале чаро?

Яке аз ҳамсояҳо, ки аз азобҳои ману ҷигарбандонам огоҳ буд, аз дилсӯзӣ бароям ҷои кор пайдо кард. Вале кор аз соати 7:00 то соати 16:00 будааст. Ман дар соати 7:00 ба кор омада наметавонистам. Роҳбари корхона, ки инсони раҳмдилу худоҷӯ буд, ба таври истисно маро иҷозат дод, ки соати 8:00 ба кор бароям.

Тифли хурдиамро ба кӯдакис­тон супорида, ба кор оғоз кардам. Саҳар ду мактабхонро гусел намуда, ба кор меомадам. Баъди аз мактаб баргашта, либосашонро иваз кардани фарзандонам падар ва модаркалонашон онҳоро аз ҳавлӣ берун мекардаанд…

Вақте ки ҳаво хуб буд, писарам дар кӯча ва духтарам дар хонаи ҳамсояҳо бозӣ карда, маро интизор мешуданд.

Шавҳари собиқам аз рӯзи ҷудошавиамон «кӯдакон фарзандони ман нестанд» — гӯён аз онҳо рӯй гардонда буд. Модараш бошад, чанд рӯз қабл гуфт: «Кош, бачаҳоят мемурданд, ки писари ман осуда зиндагӣ мекард!»

Ҳамкоронам дар интернет чанд маълумотро хонданд, ки аз шунидани онҳо дар дили ман ҳам шуълаяки умед пайдо гашт. Хайрулло Насриддинов ном соҳибкор барои мардикорон хобгоҳ месохтааст, кадом соҳибкор ба зани танҳои бехонаву дар, ки соҳиби ду духтар буда, духтаронаш аз фарзандони ман калонтаранд, хона ҳадя намудааст…

Шояд худоҷӯву саховатманди дигаре ҳам пайдо шавад, ки дилаш ба ҳоли фарзандони ман сӯзад. Ё имконе пайдо гардад, ки он ҳуҷраяки масоҳаташ 9,3 метри мураббаъ-воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Соатов ба фарзандони ман дода шавад…

Моҳира ХОЛОВА,

(Шиносномаи № А6154120),

28 ноябри соли 2020

Бани одам аъзои якдигаранд…

Ба ману тифлаконам кумак кунед

Ман, Моњира Холова, модари се фарзанд, сокини 34-солаи пойтахт, ноњияи И.Сомонї, кўчаи Соатов, хонаи 11. Пас аз давутозу бебарории зиёд бо умеди охирин ба рўзномаи «Садои мардум» мурољиат менамоям. Зеро зистан дар шароите, ки ман ва тифлакони маъсумам дорем, нисбат ба ояндаи онњо зарари равонист.

 

…Соли 2009 ба шавњар баромадам. Дар хонае зиндагї мекардем, ки њамагї 9,3 метри мураббаъ масоњат дошт. Аз рўзњои нахустини оиладоршавї эњсос мекардам, ки хушдоман дўстам намедорад. Соњиби фарзанд гардидам, вале бибї нисбат ба наберааш низ мењр надошт. Шавњарам бошад, умуман парвои оила ва фарзандон намекард. Як рўз кор мекарду ду рўз истироњат. Дар рўзњои истироњат гоњ-гоњ дар хона пайдо мешуд. Мегуфтанд, ки зан дорад, ки коргари кадом як тарабхона аст. Ман бошам, бе иљозати ў њатто ба кўча намебаромадам. Ба хонаи худамон њам худаш мебурд. Њамин тавр, соњиби се фарзанд гардидем. Фарзандони ташнаи мењри падар аз бибиву амак ва аммаву фарзандони онњо низ муносибати хуш намедиданд.

Яке аз рўзњои моњи рамазони соли 2018 фарзандонам оши палав хостанду дар хона ба љуз як коса биринљ дигар чизе набуд. Фикр кардам, ки онро дар об мељўшонаму дам мепартоям. Баъзан аз ноилољї чунин корњо мекардам. Аммо пас аз нимрўзї дар рўи њавлї шавњарам пайдо шуд. Њавасу хоњиши фарзандонро ба ў расонида, хостам, ки як кило сабзї орад. Чизе нагуфта, ба бозор рафт ва як кило сабзї, яккилої помидору пиёз њам овард. Ба хўрокпазї оѓоз кардаму шавњарам фармуд, ки дар болои кат барои шом љой тайёр кунам. Хуб гуфтам ва азбаски то шом ваќт зиёд буд, ба кори худ идома додам. Аз куљо медонистам, ки њамон лањза хушдоман болои кат нишастанист?

Шавњарам барои ин «бењурматї» нисбат ба модараш ба ѓазаб омада, ба сарам мушт бардошт, ки «ту хизмати модари маро намекунї»… Њамин њодиса боис шуд ва хушдоману хоњаршўям шавњарамро маљбур карданд, то љавоби маро дињад. Он ваќт танњо писари нахус­тинам мактабхон буд.

 Маро њамроњи фарзандонам аз хона ронданї шуданд, вале нарафтам ва аз он замон азобњои сахти ману фарзандонам оѓоз шуданд. Шавњарам мегуфт, ки фарзандњо аз ў нестанд.

Суди ноњияи И.Сомонї, тибќи ќонун, барои фарзандонам дусад сомонї алимент муќаррар намуда, иљрочиёни Хадамоти иљро моро дар њамон хона маскун карданд. 

Пас аз чанд рўз шавњари собиќам зан гирифту ўро низ ба њамон њуљрае, ки 9,3 метри мураббаъ масоњат дошт, овард. Хонаро аз мобайн таќсим кард. Ба ману фарзандонам 1,9 метри он расид. Дар 1,9 метр ман бо се фарзанд мехобему дар 1,9 метр – «навхонадорон». Дар байнамон девору парда њам нест…

Тасаввур кунед, ки ману фарзандонам чї тавр мехобему ин чї гуна зиндагист?

«Навхонадорон» дар пеши чашми фарзандонам ханда ва наѓмаву бозї мекунанд. То он лањзае, ки онњо… бедоранд, мо хобида наметавонем. Фарзандонам мегўянд, ки борњо падар ва зани ўро барањна дидаанд…

 Пас аз он ки духтарчаам њам мактабхон шуд, дарстайёркунии фарзандонам душвортар гардид. Собиќ шавњарам азоби моро мебинад, лекин парво надорад. Њатто барои 11 моњи аввали људошавиамон алименти фарзандонро надод. Аљиб аст, кормандони Хадамоти иљро маслињатам медињанд, ки ин маблаѓро бахшам. Вале чаро?

Яке аз њамсояњо, ки аз азобњои ману љигарбандонам огоњ буд, аз дилсўзї бароям љои кор пайдо кард. Вале кор аз соати 7:00 то соати 16:00 будааст. Ман дар соати 7:00 ба кор омада наметавонистам. Роњбари корхона, ки инсони рањмдилу худољў буд, ба таври истисно маро иљозат дод, ки соати 8:00 ба кор бароям.

Тифли хурдиамро ба кўдакис­тон супорида, ба кор оѓоз кардам. Сањар ду мактабхонро гусел намуда, ба кор меомадам. Баъди аз мактаб баргашта, либосашонро иваз кардани фарзандонам падар ва модаркалонашон онњоро аз њавлї берун мекардаанд…

Ваќте ки њаво хуб буд, писарам дар кўча ва духтарам дар хонаи њамсояњо бозї карда, маро интизор мешуданд.

Шавњари собиќам аз рўзи људошавиамон «кўдакон фарзандони ман нестанд» — гўён аз онњо рўй гардонда буд. Модараш бошад, чанд рўз ќабл гуфт: «Кош, бачањоят мемурданд, ки писари ман осуда зиндагї мекард!»

Њамкоронам дар интернет чанд маълумотро хонданд, ки аз шунидани онњо дар дили ман њам шуълаяки умед пайдо гашт. Хайрулло Насриддинов ном соњибкор барои мардикорон хобгоњ месохтааст, кадом соњибкор ба зани танњои бехонаву дар, ки соњиби ду духтар буда, духтаронаш аз фарзандони ман калонтаранд, хона њадя намудааст…

Шояд худољўву саховатманди дигаре њам пайдо шавад, ки дилаш ба њоли фарзандони ман сўзад. Ё имконе пайдо гардад, ки он њуљраяки масоњаташ 9,3 метри мураббаъ-воќеъ дар ноњияи И.Сомонї, кўчаи Соатов ба фарзандони ман дода шавад…

Моњира ХОЛОВА,

(Шиносномаи № А6154120),

28 ноябри соли 2020