Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем

№77 (4027) 27.06.2019

Модару Ватан муқаддасоти олами маънӣ мебошанд. Аз ин ду муқаддастаринаш Модар аст. Ва ба бузургии  Модар Ватанро тавъам медонанд, ки ибораи гӯшнавози «Модар-Ватан» ҳам аз ин маънӣ накҳат бардоштааст. Беҳуда наофаридаанд, ки «Ватан ҷону ҷонон аст». Ин ифода аз бузургии Модар рӯ зада. Агар Ватан чун Модар азиз набошад, чаро онро ба нақди ҷон баробар медонем?!

Модар ҳастии мо, вуҷуди мост. Ватан низ. Он қадар, ки бо Модар пайванд ҳастем, бо Ватан ҳам он гуна пайвандем. Ва мегӯем: «Ману туем ҳамбадан, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан» (мисраи устод Бозор Собир). Занҷири меҳри Ватану Модарро тавонотарини тавоноҳо канда наметавонад.

Дар даврони Истиқлолият вожаи «Ваҳдат» ҳамрадифи Модару Ватан шуд. Ваҳдат (Ваҳдати миллии тоҷикон) пирӯзии хираду ақли солими намояндагони шуурноктарини миллат аст. Агар ин хирад дар ақлу дилҳо ба мустаҳкамӣ ҷо намегирифт, агар он чун офтоб рӯ наметофт, ба созиши умумӣ намеомадем. Бисёриҳо ҷанги дурударози Афғонистонро мисол оварда, аз интиҳои даргириҳои фоҷиабори кишвар умед надоштанд. Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар миёни ибтидою интиҳои гуфтушунидҳо пайзанироҳи осон надошт. Ба қавле, гӯшае намонд, ки дар он атрофи оромкунии муноқишаҳо ва мавзӯи сулҳи умумӣ гуфтушунид барпо нашуда бошад. Дар ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома дошт, бо намояндагони мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ (ҷамъулҷамъ 40 дафъа) доир карда шуд.

Ин тавр ки ҳаст, яъне агар сулҳи деринтизор ба осонӣ муяссар нагардида бошад, пас, чаро онро гиромӣ надорему қадр накунем?! Аз соли 1998 дар шаҳру навоҳии кишвар мутантан таҷлил кардани Ваҳдат ба ҳамин хотир аст, ба хотире, ки он мустаҳкам гардаду пойдор монад, то наслҳои оянда донанд, ки чӣ рӯз доштему ба кадом рӯзгор расидем.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ вожаи «Ваҳдат» арзиши олӣ касб кард, зеро он тавре гуфтем, бо мушкилӣ муяссар гардид. Соли 1997, вақте дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба халқ муроҷиат карда, аз ҷумла, қайд намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6-солаи охир барои нигоҳ доштани давлати тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик аввал пешпо хӯрд, вале имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар миёни халқи мо роҳ гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳрнокеро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон карданд, саркӯб созад».

Ҳама аз аллаи Модар шаҳди ҳузуру ҳаловат чашидаем, бо навои он аз ҳавои Ватан нафаси фароғат кашидаем. Ваҳдати миллӣ ба ҳавои нафаси мардум оромию роҳати тоза бахшид. Ба туфайли Ваҳдат осоиши Ватан таъмин гардид, халқи тоҷик ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ ворид шуд.

Соли чилу яки асри гузашта, ҳине ки Гитлер ба ғасби ИҶШС қасд кард, каму ғам не, қариб 300 ҳазор фарзанди Тоҷикистон ба ҳифзи он бархест. Дар бадали чор сол муқобилат карда, мардона ҷангиданд ва ғолиб омаданд. Бо чанд сатри ёдоварӣ аз ҶБВ-ии солҳои 1941-1945 гуфтан мехоҳам, ки маҳз Ваҳдати халқҳо Иттиҳоди Шӯравиро ба ғалаба расонд. Соҳиб шудан ба 54 нишони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шаҳодати қаҳрамонии фиристодагони кишвар аст. Ҳамчунин, дар ҶБВ панҷоҳ нафар ҳамватанон сазовори ордени «Шараф» гардиданд. 58 ҳазор ҷавонмарди шуҷои тоҷик ордену медалҳои корнамоии ҷангиро шарафёб шуданд. Боқӣ, аз қурбониҳои ин ҷанги хонумонсӯз намехоҳам қалам занем. Вале магар дил мемонад, нагӯем, ки дар ин даҳшат ҷони беш аз 92 ҳазор ҳамватанон нисор шуд? Даҳҳо ҳазор нафар маъюбу маслуқ ба Ватан баргаштанд. Ин ҷанг, ки хеле пареш хӯрд, дар 40 давлати дунё дуду дудғала барангехт ва ҷамъулҷамъ, 55 миллион одамро ба коми даҳшаташ кашид.

Ҳарчанд дарднок аст, вале бо як ҷумла ифода мекунам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ҷони беш аз сад ҳазор ҷавонмардро аз даст додем. Ҳазорон нафар бешавҳару бепадар шуданд.

Мо (онҳое дар назаранд, ки воқеан шуури баланд, тафаккури ояндабин, фаросати олӣ, худшинос бошанд) бояд бо ҳавои Ваҳдат, бо суруди Ваҳдат, бо навои Ваҳдату салому дуруди Ваҳдат зиндагӣ кунем. Баробари тараннуми Ваҳдат ин вожаро дар қалбҳо маъво бидиҳем. Фақат як кас, даҳ кас, саду ҳазор кас не, ҳама Ваҳдатсаро бошем, ваҳдатро он қадар дӯст дорем, ки Президенти  кишвар, Пешвои миллат дӯст медоранд. Эҳтиром ба Ваҳдат эҳтиром ба Ватан аст.

Ҳама Ваҳдатсарои ин Ватан бошем.

Анису бовафои ин Ватан бошем,

Ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем.

Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем.

Агар чунин буда тавонем, агар меҳри Ватану Модарро тавъам бидонем, Ватан моро чун модар дӯст медорад, ба  ҷону дил баробар дӯст медорад.

Ин сатрҳоро рӯи коғаз оварда, алами дигари дил рӯ мезанад. Ба ёд орем, ки соли 1979 тоҷикписарон бо даъвати Ватан ба Афғонистон рафтанд. Магар касе аз мо мехост, ки ба рағми ҳамсоя, ҳамзабон хешу ақрабо биравем?! Охир аз як обу хокем, ки чанд шохоб шудаем. Навдаҳои  як дарахтем, ҳамзабонем, ҳамхунем. Бисёриҳо сафарбаршавии аскарони  шӯравиро ба ҷанги Афғонистон хатои  роҳбарони ҳамонвақта медонанд. Ва шояд ҳамин тавр ҳаст! Дарозии дасти башардӯстонаи ИҶШС ба Афғонистон мисли дастандозии ҳолиёи Амрико ба ин мулк ва дигар мамолики Шарқӣ аст. Вале магар он вақт аз рафтан сар тофтан мумкин буд? Қурбонии тоҷикистониён дар ҷанги Афғонистон ҳам кам нест.

Инак, ниҳоли баҳамшинондаи Ваҳдати миллӣ 22-сола шуд. Яъне ба балоғат расид. Солҳои ин миён солҳои эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, солҳои худсозию худшиносиву худогоҳӣ, солҳои сулҳу субот ва оромӣ, солҳои бунёдкории беназир мебошад. Агар дарахт дар сесолагӣ самар диҳад. Ваҳдати миллӣ дар умри беш аз бистсола фаровон бор дод. Ҳар фарди худогоҳ бо чашми сар мебинад ин фаровониҳоро. Гузашта аз ин, аз қадамҳои устувори кишвар на фақат худамон ифтихору шодмонӣ мекунем, балки таваҷҷуҳи хориҷиён, дӯстони беғаразро низ ба худ кашидаанд. Онҳо ба ақлу хираду тоқатпазирии мо тан додаанд. Аз ин лиҳоз, мехоҳам, иншои худро бо ҳарфҳо зерини Пешвои ваҳдатсароёни кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом бахшам, ки ба ифтихори ҳамон ҳуҷҷати таърихии 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва баимзорасида гуфта буд: «Бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ буд, ки кишварамонро аз буҳрони шадид бароварда, рушди онро таъмин намуд ва барои зиндагии осудаи сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард».

Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон