Баҳори 113-уми бибии Хайрӣ

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

Безимени-1Ҳаждаҳуми март дар деҳаи Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт 113- солагии зодрӯзи Хайрӣ Расуловаро таҷлил карданд. Ба ин муносибат собиқадорони деҳот ва як гурӯҳ сардорони идораю муассисаҳои ноҳия ҷамъ омаданд. Ҷамъомадро раиси Ҷамоати деҳоти Қалъанак Ҳарамгул Ҳаймаҳмадова кушода, аз ҳаёт ва фаъолияти Хайрӣ Расулова ҳарф зад ва ба ӯ саломатии бардавом орзу намуд.

Сипас, муовини раиси ноҳия Зумрад Лоиқова собиқадори давраҳои колхозӣ Хайрӣ Расуловаро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт табрик гуфта, кӯмакпулию мукофот супорид.

Соҳибҷашн ба ҳозирин ва махсус ба раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов, барои ғамхориаш нисбати ӯ миннатдорӣ изҳор карда, дуои нек дод.

Мирзосафар РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт

 

Дар сурат: муовини раиси ноҳия З. Лоиқова Хайрӣ Расуловаро табрик мегӯяд.