Ба ҷуз меҳри ватан таманное надорад

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

sddefaultБуд набуд дар як замон, дар як макон як шаҳри ободу зебое буд. Шаҳре, ки дар ҳусну малоҳат таъна ба боғи Ризвон мезад.  Мардуми ин шаҳр он қадар тинҷу осуда зиндагӣ доштанд, ки ҳама олам ба онҳо ҳасад мебурд. Касе аз сокинони он кишвар чӣ будани дарду ғамро намедонист. Шаҳри афсонаҳо буд, шаҳри ормону орзуҳо буд, шаҳри илму маърифат. Рӯзе Деви сиёҳ аз ҳастии  мамлакати зебо дарак ёфту ба зиндагии сокинони хушбахти он ҳасад бурд. Ӯ намехост дар рӯйи замин чунин кишвар бошаду фарзанди Одам бо шодкомӣ он ҷо зиндагӣ кунад. Аз илми ҷоду миёни мардум тухми кин кошт. Ва он тухм баъди муддате бор оварду бародар чанг зад ба гиребони бародар…  Борони фитна боридан гирифт ва баҳри фасод дар талотум даромад. Бунёди қасри офиятро селоби ғам ба боди фано бурд. Шаҳр сӯхт, мулк хароб шуд. Афроди бо илму фарҳанг тарки хокдони бобоӣ гуфтанд…  

Намедонам лашкари хоб кай ба пайкари хастаам ғалаба карда буд. Кампири Асила ба гӯши ман, ки мусофири  олами тифлӣ будам, дарёвор афсонаҳои хешро  мерехт. Аз афсонаҳои пурдаҳшати ӯ ба танг  омадам. Дар хобам ба ёд овардам, ки кампир хеле барвақт олами моро тарк гуфта буд. Тааҷҷуб мекунам, ки ҳанӯз фурсат ёфтаву аз он дунё меояд кампири беқарор. Хоби моро муғаннас менамояд. Ҷониби кампир хам шудаму фарёд задам.

- Дар гӯри танг ҳам ором намехобӣ, кампир.

- Ҳай бачаи нодон, ба мурдаҳо  густохӣ мекунӣ. Омадам, ки туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.  Афсона ҳам ҳақиқат дорад.

- Рост мегӯӣ, бибӣ, инро бо чашми сар дидем. Шояд баъди чанд соли дигар фоҷиаи мо низ афсона шавад.

- Афсонаҳо панду андарзанд. Оинаи ибратанд барои мардум.

- Дада, ҳо дада, — аз дуриҳо мешунавам овози писарамро ва бо азоб чашм мекушоям, вале лашкари хоб намехоҳад асири худро аз чанголи гирояш раҳо кунад.

- Амаки Амриддин, — аз нав мешунавам садои пурҳаяҷони писарамро ва бошитоб баланд мешавам аз бистар.

- Канӣ?

- Дар телевизор суруд мехонад, — посух мегӯяд писарам.

Саросема аз хонаи хоб берун меоям ва овози ошноро мешунавам. Овозе, ки аз дерҳо ташнаи шунидани он будам, пазмонаш будам.

Дигар на хастагиамро пай бурдам, на аз хоб дар чашмонам осоре монд. Як зум ба оинаи нилгун   чашм дӯхтам. Ҷавонмарди қавипайкаре соҳили дарёи шӯх рост истодааст.  Сураташ хеле тағйир ёфта буд. Аз паси оина марди хушсурат, ки бо мурури сол ба мӯяш сафедӣ афтода буд, орому ботамкин ба ман менигаристу мехонд.

Тамоми саргузаштамро тавонам гуфт бо як ҳарф,

Зи оғӯши Ватан рафтам ҷавону пир меоям…

Чеҳрааш нуронӣ ва дар ҷабинаш осори хиради зотӣ ҳувайдо буд. Ба суруди вай гӯш медодаму пайи андешаҳои хеш саргардон будам. Хеле муддат буд, ки ману вай дидор надидаем. Хеле муддат буд, ки ӯ аз хокдони бобоӣ рафта буд ва шаҳди ғарибӣ мечашид.

- Эҳ, садқаи овозат шавам, Маҳмадхӯҷаи ҷон, — мешунавам овози раҳматии падарамро. – Агар мурдаи садсола ин овозро бишнавад, аз таги хок мехезад. Мехезаду лаб ба таҳсин мекушояд.

- Ҳай таъриф кардӣ, акаи Талабшоҳ, — шӯхиомез мегӯяд амаки Абдусаттор. Шукр, ки дар кишвар овозхонҳои номӣ кам нестанд.

- Ҳастанд,  Абдусаттори ҷон, ҳастанд, аммо мисли Маҳмадхӯҷа овозхон кам аст. Ҳар гоҳ суруд хонад, раҳматии Усмону раҳматии Муҳиддини Бадриддин ба ёд меоянд.

- Акаи Талабшоҳ, — табассум дар лаб сеторро ба паҳлуяш монда, риштаи суханро ба даст мегирад Маҳмадхӯҷа. — Як шогирди хурдсоламро овардаам ҳамроҳ. Умед дорам, гӯяндаи номдор мешавад. Ҳозир навбата ба вай медиҳем.

Ва ман танҳо ин лаҳза писараки наҳифпайкари гандумгунро мебинам, ки паҳлуи овозхони номӣ бо рухсораҳои оташгирифта менишаст.

- Амриддинҷон, ҳамон суруди наватро хон, — сеторро ба тарафи вай дароз карда, гуфт Маҳмадхӯҷа.

Раиси колхоз раҳматии Абдусаттор тӯй дошт ва қатори дигар ёру рафиқон Маҳмадхӯҷаро низ ба тӯяш даъват карда буд.

Амриддин хиҷолат кашида, сеторро ба оғӯш гирифт ва дар ҳамон вазъе, ки буд ба навохтан шурӯъ намуд. Пайи лаҳзае овози бачагонааш фазои меҳмонхонаи барҳаворо пур кард.

Мо мардуми пахтакор,

Омадем бар ин диёр,

Хонаи акай Авсаттор,

Имшаб чӣ тӯю сурай…

Мо ду-се нафар бачаҳои маҳмадоно аз тирезаи меҳмонхона ба чеҳраи бачаи гӯянда менигаристему ҳасад мебурдем, ки вай дар ҳузури калонсолон ҷасорат карда, суруд мехонад. Амриддин сурудро то ба охир хонду сеторро ба паҳлуи устод гузошта, бо иҷозаи ӯ аз меҳмонхона берун омад. Мо бо эҳтиром ба вай наздик шудем ва даст пеши бар салом гуфтем. Вай дар чашми мо — бачаҳои деҳотӣ як ҳунарманди баркамол буд. Пай набурдем, ки Амриддин ҳамсоли мост.  Ин аввалин ошноии ману Амриддини Кабир буд…

Сол аз паси сол медавид. Мо калон шудем. Амриддини Кабир соле як бор ҳамроҳи Маҳмадхӯҷа ба Раштон меомад.  Омадани онҳо тӯй буд. Дар меҳмонхонаи амаки Абдусаттор чанд рӯз меҳмон мешуданд. Ҳар бегоҳ мардони деҳ нон таги каш ба дидорбинӣ меомаданд. Гирди дастархони пурнеъмат давра мегирифтанд. Соате суҳбат мекарданд ва соате Маҳмадхӯҷаю Амриддин суруд мехонданд.

- Акаи Маҳмадхӯҷа чаро намеояд? – боре пурсидам аз вай.

- Аз овозхонӣ даст кашид, — бо табъи гирифта гуфт Амриддин. — Хоб дидааст ва аҳд намудааст, ки дубора дунболи ҳунари овозхонӣ намеравад.

Ман ҳайрон шудам. Чаро? Маҳмадхӯҷа шоири хуб низ буд. Чанд чакидаи хомааш дар маҷмӯаи дастҷамъии «Адибони ҷавон» ба табъ расида буд, лекин баъдҳо шеър нагуфт. Ин рафтори вай барои мо муаммо буд ва онро то ҳанӯз кушода натавонис­тем. Аммо Амриддини Кабир дар пайроҳаи устод қадами устувор гузошт. Ба мактаби олӣ дохил шуду онро бомуваффақият хатм намуд.

Дар рӯзномаи номдори «Тоҷикистони советӣ» кор мекардам. Оғози соли 1991 буд. Тасодуф Амриддинро вохӯрдам. Табъаш хуш буд. Шодравон Хушбахт Ҳайдаршоҳ яке аз рӯзноманигорони номдори ҷумҳурӣ ҳамроҳам буд.

- Ба Вазорати фарҳанг даъват карданд, — баъди вохӯрии гарму ҷӯшон гуфт Амриддин. — Ба унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» пешниҳод шудаам.

Дар овози ӯ ифтихору саодатмандиро ҳис кардам.

- Муборак шавад, — самимона табрикаш гуфтам. – Давлати бузург насибат шуд, дӯсти азиз. Дар ин синн на ҳар ҳунармандро чунин бахти баланд насиб мекунад.

-Ташаккур, — посух гуфт Амриддин. — Беҳтарин унвон барои ҳунарманд ба эҳтироми халқ сазовор гардидан аст.

Ба ҷону ҳоламон намонд ва мо ҳамроҳи ӯ ба ошхонаи сари роҳ даромадем. Сари миз суҳбат гарм шуд. Аз дастоварди овозхонҳои номии кишвар қисса мекард.  Аз нақшаҳои ояндааш мегуфт…

- Дар бораи вай очерк нависем чӣ, — баъди гусел гуфт Хушбахт Ҳайдаршоҳ.  — Ҷавони оқилу боистеъдод аст. Суҳбаташ низ ширин будааст.

- Хуб мешавад, — кӯтоҳ ҷавоб додам ман ва фитаеро, ки Амриддин бароям туҳфа оварда буд, ба Ҳайдаршоҳ дароз кардам.

Як зум ба олами ҳастӣ бармегардам. Амриддин ҳанӯз пушти оинаи телевизор рост истодаву суруд мехонад. Дарди худ ва дарди бародарони аз Ватан дурро дар сурудҳои хеш қисса менамояд.

 Дар ин дунёи пурофат,

Ба рӯйи сад балову бад,

Чаро дарвозаи худро намебандӣ, кӯҳистонӣ?

- Худоро кардаам даъват ба меҳмонӣ!

Ӯ ба тӯйи писари калонии бародарам шодравон Муқимҷон омада буд. Раҳматӣ мухлиси ҳақиқии ҳофизи ҷавон буд. Сурудҳои сабткардаашро гаштаю баргашта гӯш мекард ва ҳар бор маънии наве пайдо мекарду бо қаноатмандӣ сар меҷунбонд. То як ғояти шаб барои мардуми деҳ ва меҳмонҳои аз дуру наздик омада суруд хонд. Баъди ҷамъбасти маърака  ҷавонони деҳ хоҳиш карданд, ки  соате дар хизмати онҳо бошад. «Мо аз овози ту сер намешавем, — табассуми малеҳ дар лаб гуфт Махсуми Ҳаким. — Ин лаҳза ғанимат аст. Моро ноумед накун, Амриддин. Ба Қӯрғонтеппа, ки рафтӣ дам мегирӣ».

Ӯ аз хастагӣ шикоят накард. То дамидани субҳ  хонд.  Мо шабро бо сурудҳои дилангези Амриддин рӯз кардем.

- Ба ман ашъори устод Бозор Собир писанд аст. Ба панҷ шеъраш оҳанг бастаам, — гуфт Амриддин.

- Нияти нек ними давлат, — гуфтам ба вай. — Бовар дорӣ, ки сурудҳои ба матни устод Бозор Собир  эҷоднамудаатро ба воситаи радиову телевизон мешунавонанд?

- Намедонам. Аз байн муҳлате нагузашта, панҷ суруди ӯро бар матни устод Бозор Собир ба воситаи телевизор  тамошо  ва гӯш кардем. Баҳои баланд гирифт. Хурду калон аз ҳунари Амриддин мегуфтанду аз сурудҳои нави ӯ.

Вале… Фоҷиа болои кишвар омаду Амриддин иҷборан Тоҷикистонро тарк гуфт. Ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон муҳоҷир шуд. Дер боз садои ӯро нашунида будам. Гоҳ-гоҳ  хешу табор аз Бишкек меомаданд. Меомаданд ва салому паёми Амриддини Кабирро мерасонданд. Ибтидо мепурсидам, ки ӯ аз касби овозхонӣ даст накашидааст. Чун ҷавоби мусбат мешунидам, дилам ором мегирифт. Бовар доштам, ки ҳунарашро пайваста сайқал медиҳад ва дар куҷое набошад, ба миллат хизмат менамояд.

Аз шаҳри Бишкек дӯсти даврони бачагиам рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Зокир омад. Шаб дар хонаи мо ҳамсинфон ҷамъ омадем. Абдуқаҳҳор дар деҳаи Ғанҷик ба дунё омада буд. Солҳои мактабхонӣ баъди хатми мактаби ибтидоии деҳаи Ғанҷик ба деҳаи мо омад. Падараш ба хотири он ки фарзандонаш таҳсилро идома диҳанд, кӯчида омад. Ва ӯ қатори мо таҳсил кард. Бачаи боистеъдод буд. Баъди хатми мактаби деҳа пайи таҳсил ба шаҳри Бишкек рафт. Ба риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи шаҳри Бишкек дохил шуд. Онро хатм намуд ва дар ҳамон ҷо монд.

- Мо дар шаҳри Бишкек ҷамъияти тоҷиконро таъсис додем,- гуфт Абдуқаҳҳор. — Зуд-зуд ҷамъ мешаванд тоҷикони муқими шаҳри Бишкек. Аз шоирон Сиёвушу аз овозхонҳо Амриддини Кабиру Давлати Муқим дар он аъзоянд. Тоҷирони номдор низ ҳастанд дар ҷамъияти мо. Қирғизҳо мардуми хубанд. Нисбат ба муҳоҷирони тоҷик беҳурматӣ намекунанд. Моҳе як ё ду бор сарҷамъ мешавем. Ба туфайли овозхонҳо ва шоиру олимон ғами аз Ватан дур буданро лаҳзае фаромӯш мекунем.

Шукрона, ки Худованд абри идборро аз болои кишвари мо дур кард. Ақли солим ғолиб омад ва сулҳ парчами хешро дар баландии кӯҳсорон партав­афшон намуд.

Ва боз овози ширину ширадори Амриддини Кабир дар фазои кишвар танинандоз гардид.

Ба ҷуз меҳрат таманное  надорам, Тоҷикистонам,

Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.

Агар дил як нафас бе ёди фардои ту мемонад,

Варо аз синаи худ мебарорам, Тоҷикистонам.

- Худованд умри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарозу пурбаракат гардонад. Дар ин даврон мисли ӯ ҷавонмарди созандаву бунёдкор, меҳанпарасту ҷоннисори миллат нест. Ин ҳарфҳоро бемуҳобот мегӯям. Бо он ақлу фаросате, ки дорам, бо он донише, ки дар мактаби ғурбат омӯхтам, инро дарк кардаам. Хизматҳои беназир, далериву ҷасорат, илму маърифат, расидан ба қадри мардуми эҷодкор, ятимпарвариву симои тоҷиконаву суханҳои оқилонаи ин абармард боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Мо дар мулки бегона ҳама чизро доштем. Мардум эҳтиромамон мекарданд. Маҳз ҳамин ҷавонмарди ғаюр тавонист, ки  Тоҷикистони пора-пораву сӯхтаро обод кунад, миллати саргардонро сарҷамъ созад, кишварро ободу пешрафта гардонад. Тоҷикро машҳури дунё созад.

Он чӣ гуфтам, як қатра аз дарёст. Моро ба Ватан баргардонд, мақому манзалат дод, унвон дод, хонаҳои харобамонро обод кард. Агар ӯ намебуд, шояд қабрҳои ҳамдиёрони мо дар мулки бегона сад чанд меафзуд. Дигар чӣ гӯям? Мехоҳам  барои дар амал татбиқ намудани орзуву омоли Пешвои миллат тамоми ҳастиро сарф кунам ва аз дигарон низ ҳамин чизро таманно дорам, — мегӯяд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Амриддини  Кабир.

Овози Амриддин баланд мешавад ва идомаи суҳбаташро ношунида мемонам…

Ин миллати озодаро,

Бахти Худованддодаро,

В-ин Сарвари фарзонаро,

Осудагии хонаро

Шукрона мекунем, шукрона  мекунем,

Шукрона мекунем, шукрона  мекунем…

- Буд набуд дар як замон, дар як макон як шаҳри ободу зебое буд,  — аз ғори жарфи хотираҳо мешунавам овози дардолуди кампири Асиларо… — Ва рӯзе Деви Сиёҳ аз ҳастии ин мамлакати зебо дарак ёфт.  Аз илми ҷоду миёни мардум тухми кин кошт. Борони фитна боридан гирифт ва баҳри фасод дар талотум даромад. Бунёди қасри офиятро селоби ғам ба боди фано бурд…

Шукр, ки аз хоби ғафлат бедор шуданд мардум. Бародар дасти бародарро гирифт. Ва шаҳр аз пештара ободу зебо гардид. Деви сиёҳ аз дарду алам, аз ҳасаду бахилӣ, аз зӯрии ғам талхакаф шуд. Ҷон ба моликони дӯзах супурд…

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»