Байторон бо мототсикл таъмин мешаванд

№123 (3917) 11.10.2018

Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ  ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) чанде пеш дар бинои КВД «Тоҷикзооветсервис» маросими супоридани 100 мототсикли тамғаи  Irbis Intruder XY150 ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид. Мототсиклҳо дар доираи лоиҳаи чорсолаи ФАО-»Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба хоҷагиҳои дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҷойгирбуда, ки аз норасоии хизматрасониҳои байторӣ танқисӣ мекашанд, ҳамчун кумак супорида шуд. Ҳамчунин, ба байторон сумкаи ветеринарӣ, дорупошак ва ҷузвдони махсус барои интиқоли доруҳо ба минтақаҳои гарм (термоҷомадон) тақдим гардид.

Ҳангоми супоридани мототсиклҳо ба байтороне, ки  ба талабот ҷавобгӯ, соҳиби донишу маҳорат буда, эҳтиёҷ ба таҷҳизот доранд, афзалият  дода мешавад.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Камолзода, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев ва роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон иштирок ва суханронӣ намуданд

- Ин ташаббус, ки аз ҷониби ФАО ва Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини дастрасии беҳтари хизматрасониҳои байторӣ барои аҳолии деҳоти минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла навоҳии Балҷувон, Ишкошим, Мурғоб, Ховалинг ва ғайра равона карда шудааст, қобили дастгирист, — изҳор дошт Ф. Камолзода.

Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев зикр кард, ки  ҳангоми тағйироти сохторӣ ва институтсионалии соҳа ба ташкилотҳо ва зерсохторҳои онҳо расонидани кумаки зарурӣ амри воқеист.

- Тақвияти қобилияти муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасониҳои байторӣ, яке аз қисмҳои асосии ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ буда, бевосита ба сифати назорат ва идоракунии сектори озуқаворӣ вобастагӣ дорад. Мо ба шарикони миллӣ ба он мақсад кумак мерасонем, ки онҳо ба ҳадафҳои рушди худ бирасанд, — зикр кард намояндаи ФАО ва афзуд, ки дар натиҷаи супоридани таҷҳизот хоҷагиҳои дурдаст хизматрасонии байтории хубу саривақтӣ мегиранд ва самаранокии хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ бештар мегардад.

Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар ин лоиҳаи пурарзиш иштирок мекунад.

- Дар ҳақиқат, бо дарназардош­ти ҷуғрофия ва ландшафт, масофаи дурӣ ва норасоии хадамоти байторӣ, махсусан, дар минтақаҳои дурдаст, таҳвили мототсиклҳо ва маҷмӯи асбобҳои байторӣ, бешубҳа, вазъиятро ба таври мусбат тағйир медиҳад, — таъкид кард ӯ.

Бояд гуфт, ки зиёда аз 90 дарсади чорвои калон ва хурди шохдор дар хоҷагиҳои хурд нигоҳдорӣ карда мешаванд. Масофаи тӯлонии байни деҳаҳо, набудани воситаҳои нақлиёт ва роҳҳо барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои байторӣ монеаҳо ба вуҷуд меоранд. Дастрасӣ ба мототсикл ва лавозимоти байторӣ сифати хизматрасониҳо ва даромадро меафзояд, ба солимии чорво ва маҳсулнокӣ таъсири мусбат мерасонад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»