Баракати меҳнати ҳалол

№105 (3899) 28.08.2018

Ба бунёди зинабоғҳо дар заминҳои лалмӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, дар ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Аз ҷумла, дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Фархор соҳибкори ботаҷриба Субҳиддин Исмоилов дар 5 гектар замини лалмӣ боғ бунёд кардааст. Боғи ӯ аз маркази ноҳия 14 километр дур мебошад. Барои обёрии он вай бо машаққати зиёд тавассути дастгоҳи обкашонии пуриқтидори «ESB» аз чуқурии 70 метр об баровард. Оби зулол тавассути лӯлаҳои қутрашон 60-70 миллиметрро ба киштзорҳо ҷорӣ гардида, атрофи боғро ба як мавзеи хушманзару дилрабо мубаддал сохтааст.

Бо шарофати Субҳиддин Исмоилов, ҳамчунин, мардуми деҳот, хоса соҳибкорони деҳаҳои Бобо Сафол, Нав­обод, Гулшан, Бӯстону Давлатобод, ки аз масофаи 6-7 километр  аз рӯдхонаи Панҷ, об мекашонданд, соҳиби оби нӯшокӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми зиёди деҳаҳои ноҳияҳои Фархор ва ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.

Дар натиҷа, мисли Субҳиддин Исмоилов, дигар соҳибкорон низ ба боғпарварӣ машғул шуда, дар баробари беҳбуд бахшидан ба рӯзгори худ, бо баровардани маҳсулоти изофа ба бозор дигар ниёзмандонро ҳам таъмин менамоянд.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД