Бародарони шуҷоъ

№52 (4002) 09.05.2019

ШУЧОДар ғалабаи бузурге, ки халқи шӯравӣ бар қувваҳои аҳримании фашизм ба даст овард, фарзандони далери Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Қариб якуним ҳазор нафар ҷавонписари ҷасуру шуҷоатманд дар набардҳои хунини майдони ҷанг ширкат варзида, аксарият дар майдони ҷанг шаҳид шуданд, ҳатто дар бораи вақт ва ҷои ҳалок шудани қисми зиёдашон то ба ҳол маълумоти аниқ ба даст наомадааст.

Аз хонадони сокинони деҳаи Бунини ноҳияи Шуғнон Шоҳзодаэрон ва Шоҳҷон Назокатшоевҳо чор нафар ба ҷанг рафтанд. Баъди ғалаба ду нафар — Дилдор ва Анвар бо захму чароҳатҳо, вале бо сари баланду нишонҳои «Шараф»-у «Шуҷоат» дар сари сина ба хона баргаштанд. Лекин такдири Имрон ва Фаросатшо то кунун маълум нест. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ онҳо ҳамчун ҷанговарони бенишон ном бурда мешаванд.

Дилдор Шоҳзодаэроновро соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ҳамон вақт ҷанг бо Финландия оғоз ёфта буд ва Дилдор дар он иштирок намуд. Баъди ба охир расидани ҷанг ӯ ба диёр баргашта, ба мактаби дусолаи ҷумҳуриявии ҳуқуқшиносони шаҳри Душанбе дохил шуд ва пас аз хатми он дар мақомоти додгоҳии вилояти Ғарм кор кард.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дилдор ихтиёрӣ дар қатори ҳазорон нафар ба мудофиаи Ватан бархост. Қисми ҳарбие, ки дар он хизмат мекард, 28 июни соли 1941 дар наздикии сарҳади давлатӣ бо Руминия ба ҳуҷуми ваҳшиёнаи истилогарони фашист рӯ ба рӯ шуд. Замину ҳаворо оташу дуди ҷанг фаро гирифт. Душман аз ҷиҳати техникаи ҳарбӣ бартарии калон дошт, вале ҷанговарон дар ҳифзи хоки муқаддаси Ватан то қувваи охирин истодагарӣ мекарданд. Дар натиҷа, фашистон талафоти зиёд дода, маҷбур шуданд ба мудофиа гузаранд.

Баъдан Дилдор дар муҳорибаҳои шадид баҳри мудофиаи шаҳрҳои Налчик ва Моздок иштирок намуд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҷанговарони диловар қисми махсуси десантчиён ташкил шуд, ки вай низ ба он шомил гардид. Беш аз 800 нафар ҷавони чолоку ҷасур дар муддати кӯтоҳ тарзу усули амалиёти десантиро аз бар намуданд.

Панҷуми феврали соли 1942 қисми десантиро ба воситаи киштиҳои Флоти баҳри Сиёҳ ба соҳилҳои шаҳри Новоросийск оварданд. Дар он ҷо, ки дар таърих бо номи «Замини хурд» машҳур аст, задухӯрдҳои шадид давом дошт. Десантчиён ба ҳуҷум гузаштанд. Муҳорибаи «Замини хурд» дар хотири Дилдор як умр нақш баст. Ҷанговарон ба нарасидани хӯрокворӣ нигоҳ накарда, қаҳрамонона меҷангиданд, то ин ки ҳар ваҷаб хоки Ватанро аз душман ҳифз намоянд. Вақтҳое мешуд, ки як кӯча давоми рӯз 10 маротиба аз даст ба даст мегузашт, вале оқибат туфайли диловарию қаҳрамонии ҷанговарон фашистон ақиб нишастанд.

Шонздаҳуми сентябри соли 1942 дар наздикии мавқеи ҷанговарони шӯравӣ снаряд таркид ва Дилдор сахт ярадор шуд. Пораи снаряд ба пушти ӯ расид. Як пораи хурди он ба шушаш даромад, ки то рӯзҳои охири ҳаёташ аз худ дарак медод.

Пас аз табобат Дилдор боз ба майдони ҷанг баргашт. Дар муҳорибаҳо барои озодкунии Украина иштирок намуд. Дар яке аз задухӯрдҳои наздикии шаҳри Киев аз пояш захм бардошт. Ӯро ба табобатхонаи ҳарбии шаҳри Перм фиристоданд. Муддате он ҷо табобат гирифт. Ваҳшигариҳое, ки фашистон нисбат ба мардуми осоиштаи шаҳру деҳоти истилокарда раво медиданд, қалби ҳассоси Дилдорро аз кинаву адоват ва нафрат ба душман лабрез менамуд. Фашистон на ба кӯдакон раҳм мекарданду на ба занону пиронсолон. Дар табобатгоҳ, дар лаҳзаҳои дур аз хатти фронт ваҳшигариҳои душман хаёлан пеши назараш меомаданд ва ӯ қарор дод, ки ҳар чӣ зудтар ба майдони ҷанг баргардад.

Дилдорро ҳамчун ҷанговари гвардия ба Москва фиристоданд. Дар он ҷо қисми нави ҳарбӣ — баталиони 275-уми тезгарди таъиноти махсус ташкил дода мешуд. Дилдор бо рутбаи старшина дар ҳайати он ба фронти Карелияву Финландия раҳсипор гардид.

Баъди торумор намудани фашис­тон дар ин самт ӯ ва бисёр рафиқони ҳамяроқашро ба озод кардани Полша фиристоданд. Фашистонро аз Венгрия ва Чехословакия низ пеш карданд. Замоне ки қисми ҳарбии Дилдор ҷангкунон ба лонаи фашистон — Берлин наздик мешуд, фармондеҳони немис ба санади таслимшавӣ имзо гузаштанд. Ҳамин тариқ, Дилдор Рӯзи Ғалабаро дар остонаи шаҳри Берлин истиқбол гирифт.

Вале баъди ин ҳам барои Дилдор ва ҳамсафонаш ҷанг ба охир нарасид. Дар Шарқи Дур милитаристони Япония ба Иттиҳоди Шӯравӣ таҳдид менамуданд. Ба полке, ки Дилдор дар ҳайати он буд, армияи ҳаждаҳуми яккачини квантунии япониҳо муқобил меистод. Ҷанговарони шӯравӣ, ки дар набардҳои шадид ба муқобили фашизм аллакай обутоб ёфта буданд, қӯшуни яккачини японҳоро торумор намуданд. Хоки Муғулистон ва Хитой аз аҷнабиёни истилогар пурра тоза карда шуд.

Моҳи сентябри соли 1946 Дилдор Шоҳзодаэронов ба зодгоҳ баргашт. Сари синаи ӯро орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи 1, ду медали «Барои шуҷоат», «Барои муҳофизати Закавказе», «Барои муҳофизати Заполярияи Шӯравӣ», «Барои ғалаба бар Япония» зеб медоданд.

Соли 1940 бародари дуюм — Имрон Шоҳзодаэронов, ки вазифаи сардори бригадаи колхозро ба уҳда дошт, ба хизмати ҳарбӣ даъватнома гирифт. Як сол дар сафи армия хизмат кард. Донишу таҷрибаи ҳарбӣ ҳосил намуд. Ҷанг cap шуд ва ӯ дар ҳайати армияи амалкунанда ба ҷанг сафарбар гардид. Қӯшуне, ки Имрон дар ҳайати он меҷангид, зимистони соли 1942 баҳри муҳофизати Москва ҷонбозиҳо намуда, нияти душманро, ки дар муҳлати кӯтоҳ ба даст даровардани пойтахти Иттифоқи Советӣ — Москва буд, барбод дод. Фашистон паи ҳам шикаст хӯрда бошанд ҳам, бо қувваи нав зӯр мезаданд, ки мавқеи ишғолкардаашонро аз даст надиҳанд. Вале ҷанговарони ҷасур душманро дар остонаи пойтахти Ватан торумор намуда, қисмҳои парокандаи онро таъқибкунон хеле дур партофтанд.

Баҳори соли 1943 дар яке аз задухӯрдҳои вазнин Имрон аз пояш маҷруҳ гардид. Ӯро ба табобатхонаи ҳарбии шаҳри Москва оварданд. Моҳи июни ҳамон сол вай ба хона хат навишта, дар хусуси ярадор ва дар Москва табобат шуданаш хабар дода, сураташро низ фиристонида буд. Навишта буд, ки пас аз шифо ёфтан ба кадом фронт рафтанашро хабар медиҳад. Вале аз ӯ дигар хату хабар наомад. Баъди ҷанг бародаронаш аз хусуси тақдири минбаъдаи ӯ бо роҳҳои гуногун пурсуҷӯ намуданд. Аммо фақат як ҷавоб гирифтанд: бедарак аст.

Моҳи сентябри соли 1943 ба номи бародари сеюм — Анвар Шоҳзодаэронов ва писари амакаш Фаросатшо Шоҳҷонов аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад. Анвару Фаросатшо ҳар ду соли 1925 ба дунё омадаанд ва ҳамон сол нав ба синни ҳаждаҳ қадам ниҳода буданд. Падари Фаросатшо — амаки Шоҳҷон он замон дар конҳои ангишти дараи Варзоб кор мекард. Нигоҳубину парастории ду оила ба гардани амаки Шоҳзодаэрон афтода буд. Ҳарчанд ду писараш аллакай дар майдони муҳориба бо душман меҷангиданд, вай натавонист, ки барои ақаллан ба дертар мондани муҳлати хизмати ҳарбии писари сеюмаш ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад. Мегуфт, ки вақте Ватан дар хатар аст, ҷои ҷавонмардон бояд майдони муҳориба бошад. Марди хирадманд ва соҳиби дили бузурге буд. Аз тақдири писаронаш ҳамеша дар хавотир бошад ҳам, сир бой намедод. Дигар ҳамдеҳагонро, ки фарзандонашон дар фронт буданд, дилпурӣ мебахшид, ба сабру таҳаммул ҳидоят менамуд.

Анвар ва Фаросатшоро баъди тайёрии кӯтоҳмуддати ҳарбӣ ба хати пеши фронт фиристоданд. Ҳангоми ба гурӯҳҳо тақсим кардан, онҳо ҳамеша дар саф паҳлуи ҳам ҷой мегирифтанд, то ки мабодо аз ҳамдигар ҷудо нашаванд. Ҳамин тавр, то моҳи марти соли 1944 онҳо дар ҳайати қисми 63-юми миномётии қӯшунҳои Фронти чоруми Украина китф ба китф истода, ба муқобили душман мардонавор ҷангиданд.

Дар муҳориба барои озодкунии шаҳри Виннитса Анвар аз пояш захмӣ ва ба табобатхонаи ҳарбӣ фиристода шуд. Ҳамин тариқ аз Фаросатшо ҷудо гардид. Анвар пас аз муолиҷа боз ба майдони ҷанг баргашт, вале Фаросатшоро дигар наёфт. Баъди ин ба хона ҳам аз Фаросатшо мактуб наомадааст. Дар бораи тақдири ӯ ҳам маълумоте пайдо нашуд.

Анвар дар ҳайати дивизияи 224-уми тирандозӣ ҷангида, дар озод намудани шаҳру деҳоти Украина, Беларус, Полша ва Чехословакия ҳиссагузорӣ кард. Моҳи августи соли 1944 ҳангоми ҳарбу зарб дар кӯҳҳои Карпат маротибаи дуюм сахт захмдор гашт. Баъди табобати дарозмуддат ба по хест, вале духтурон минбаъд дар муҳорибаҳо иштирок карданашро номумкин ҳисобиданд. Вай хизматашро дар комендатураи ҳарбии яке аз шаҳрҳои Венгрия то моҳи декабри соли 1945 идома дод. Барои хизматҳои ҷангиаш бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи як, ордени «Шараф» дараҷаи сеюм ва чанд медал мукофотонида шудааст…

Анвар Шоҳзодаэронов моҳи январи соли 1946 ба зодгоҳ баргашта, ба меҳнати бунёдкорона пардохт. Дертар маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта, солҳо дар мақомоти додситонии вилоят кор кард…

Ҳарчанд онҳо дар қайди ҳаёт нес­танд, қаҳрамонӣ ва корномаашон боқист.

 Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»