Акси садо

Барои модар хуб, барои тифл чӣ?

№8 (3802) 20.01.2018

Подгузник1Ман хонандаи доимии рӯзномаи «Садои мардум» буда, гоҳо дар хусуси баъзе аз  масъалаҳои ҷолиб андеша баён мекунам.

Дар шумораи №142 аз 30 ноябри соли 2017 чашмам ба мақолаи «Тифле, ки уребча истифода мебарад, то дусолагӣ чор дарахтро  нобуд мекунад» афтод. Онро пурра хондам ва ҷонибдори навиштаҳои муаллиф мебошам.

Чанд моҳ пеш набераи дусолаам дар беморхона 15 рӯз бистарӣ шуд.  Модараш ҳар рӯз 6-7  уребча (памперс)-ро иваз мекард, зеро тифле, ки ба уребча одат карда бошад, хеле  дер  мустақилона «берун» рафтанро ёд мегирад. Шояд онро барои 3 — 4 соат зимни ба ягон ҷо сафар кардан истифода бурдан раво бошад, вале 24 соат пӯшонидани уребча ба дуруст нафас кашидани пӯсти кӯдак халал  мерасонад.

Дар ҳақиқат, истифодаи уребча барои модар хуб аст, зеро ташвишаш камтар мешавад, вале  барои кӯдак, ки 24 соат пӯсти ӯ ба ашёи химиявӣ расида меистад, зарар дорад. Тавре дар мақола омадааст, он метавонад оянда боиси аллергия ва ё бемориҳои пӯст шавад. Дар духтаракон дурудароз истифода бурдани уребча боиси   гирифторшавии онҳо ба бемории систит шуда метавонад. Барои ҳамин уребчаро гоҳ — гоҳ истифода бурдан беҳтар аст, на доимӣ. Мо бояд дар баробари ғами модару кӯдакро  хӯрдан ғами табиатро ҳам хӯрем. Уребчаҳои  истифодашуда боиси зиёдшавии партов ва ифлосшавии муҳит мешаванд. Магар оянда барои тифли имрӯза обу ҳавои тоза лозим нест? Охир, аз қадим тозагиро гарави саломатӣ мегӯянд.

Агар уребчаҳо истифодаашон бисёркаратаву аз лиҳози экологӣ тоза бошанд, онҳоро истифода бурдан  беҳтар, зеро нахи пахта ва дигар ашёи биологӣ пӯсида хок мешавад, аммо ашёи синтетикӣ солҳо  напӯсида, муҳитро ифлос месозад. Бинобар ин, пеш аз харидани маҳсулот бояд ҷиҳатҳои мусбату манфиашро дар тарозуи ақл  баркашида, безарар ё  камзарар будани онро интихоб намоем.

 Мирзоамин АЛИМОВ,

собиқадори меҳнат, ноҳияи Айнӣ