Мушкилот ва пешниҳод

Барои солимӣ дарахтонро ҳифз мебояд

№88 (3882) 19.07.2018

c139666dfd7f3021620a3c3b5f056556Ҳоло гармтарин моҳи сол ҳукмфармост. Баъд аз соати 7-и субҳ бинобар гармии ҳаво кас мехоҳад зери сояи дарахтон паноҳ барад, зеро «дӯстони сабз» моро аз гармои сӯзон эмин нигоҳ медоранд, ҳавои тоза, мева, масолеҳи сохтмону сӯзишворӣ медиҳанд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки як гектар арчазор соле 30 тонна чангро ба худ мекашад. Дар як гектар ҷангали дарахтони паҳнбарг солона то 54 тонна чанг мешинад. Як гектар дарахтзор соле ба ҳисоби миёна то 18 миллион метри кубӣ ҳаворо тоза менамояд. Фитонсид (бӯйи тез)-е, ки аз дарахтон хориҷ мешавад, бактерияҳои зарароварро нобуд мекунад. Баргу хазони дарахтзор зарбаи боронро ба худ гирифта, оби боришотро ба замин меҷаббанд. Аз ин рӯ, ҳар қадар буттаву дарахтон дар гирду атрофи дарёҳо зиёд бошанд, ҳамон андоза об софтар мешавад.

Сардори қитъавии Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор» Барот Орифов қариб 30 сол аст, ки ба шинонидани донаку ниҳоли дарахтон ва нигоҳубини онҳо машғул аст. Номбурда ҳар сол дар ҷойҳои холии доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ниҳоли бодому чормағз ва олучаю унноб шинонида, то реша давонидан онҳоро дастӣ об медиҳад. Ӯ ҳатто ҳавсала намуда, ба тариқи таҷриба дар як мавзеи холӣ парвариши помидору қаламфур ва боимҷону кадуро низ ба роҳ мондааст.

- Мувофиқи хулосаи олимон як гектар ҷангали дарахтонаш зич соле 4,6-6,5 тонна гази карбонат­ро фурӯ бурда, 3,5-5,0 тонна оксигенро ҷудо менамояд, — мегӯяд Барот Орифов. — Ҷангал ба асаби инсон таъсири мусбат расонида, хастагиро рафъ месозад. Аз ин рӯ, дар гармои тобистон бисёриҳо майли истироҳат дар ҷангалзорро мекунанд. Агар ба ивази «меҳрубонӣ»-и дарахтон ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем, манфиаташ бармегардад.

Мутаассифона, ин нозукиро на ҳама дарк мекунанд. Ҳар сол баҳорон бо ташаббуси корхонаю муассиса ва мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорон бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ шинонда мешавад. Як қисми онҳо дар гармии ҳаво аз беобӣ мехушканд. Кам касоне ҳастанд, ки ба хотири савоб ба бехи ниҳолон ду-се сатил об резанд.

Хуб мешуд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ зери шиори «Солимӣ хоҳед, дарахтонро ҳифз кунед» видеоролик ва ё барномаҳои тарғиботӣ дар мавзӯи ҳифзу обёрии дарахтон таҳия ва намоиш дода шавад, зеро бо сабаби гармшавии ҳаво дар мамлакат даҳҳо ҳазор ниҳол имрӯз ташнаи об аст.

Ба ин кори хайр, алалхусус, мактабиёнро, ки ҳоло дар таътил қарор доранд, ҷалб бояд кард. Чунки дилсӯзӣ ба табиат ин ғамхорӣ ба имрӯзу фардои ҷомеа аст.

С. НАҷМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»