Баррасии масоили бахши идораи молияи давлатӣ дар маҳфили «Тавозун»

№154 (4104) 24.12.2019

Дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун», ки чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, «Дастурамал оид ба амалисозии ташаккули назорати парламентӣ ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ шуд. Директори ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова зикр кард, ки дар доираи маҳфил мунтазам баррасии масъалаҳои мубрами иқтисодӣ миёни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилаливу ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон баргузор мегардад.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Муаррифии Дастурамал оид ба ҷорӣ намудани назорати парлумонӣ дар бахши идораи молияи давлатӣ» суханронӣ намуд. Ба андешаи номбурда, дастурамали мазкур, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ва таҷрибаи беҳтарини байналхалқӣ таҳия гардидааст, имконоти назоратии парлумониро дар робита ба буҷет ва дигар масоили идораи молияи давлатӣ устувор менамояд.

Роҳбари Барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» Рафкат Ҳасанов доир ба «Натиҷаҳои Барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» дар давраи солҳои 2016-2019» андешаронӣ намуд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, намояндагони вазорату идораҳои кишвар иштирок доштанд ва ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»