Пешниҳод

Бе адои хизмати ҳарбӣ набояд довталабонро ба мақомоти судӣ ва прокуратура ба кор қабул кунанд

№126 (3920) 18.10.2018

военбилетДар ҷумҳурӣ маъракаи тирамоҳии сафарбаркунии ҷавонони 18-27 — сола ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Ноҳияҳои Дарвозу Мастчоҳ, Спитамен, Носири Хус­раву Варзоб чун пештара дар ин маърака пешқадаманд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, қариб 40 дарсади нақшаи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар 10 рӯзи аввал иҷро мешавад. Барои 60 дарсади боқимонда қариб якуним моҳи дигар интизор шудан лозим меояд. Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро дар Ӯзбекис­тони ҳамсоя ҷавонон барои ба хизмат рафтан нав­бат мепоянду дар Тоҷикистон теъдоди ихтиёриён нисбатан кам аст?

Ин чанд сабаб дорад. Аввал, дар Ӯзбекистон муҳлати хизмати аскарӣ як сол аст. Дуюм, ашхоси хизмати аскариро адонамуда зимни қабул ба мактаби олӣ имтиёз доранд. Сеюм, бе хизмати аскарӣ ба мақомоти давлатӣ ва суду прокуратура, амният, мақомоти андоз ва милитсия ба кор қабул намекунанд. Афсӯс, ки дар мо то ҳол ин шартҳо дар қонун муқаррар нашудаанд. Агар мутахассисони ҷавон донанд, ки бе хизмати аскарӣ ба мақомоти суду прокуратура, амният, мақомоти андозу гумрук ва милитсия ба кор қабул карда намешаванд, хоҳишмандони дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизматкунанда бамаротиб хоҳад афзуд. Мувофиқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон теъдоди довталабони ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷатсупурда аз нақшаи пешбинишуда ду баробар зиёд шуда, 201,8 дарсадро ташкил додааст. Аз рӯи ихтисоси «Тафтишоти судӣ» ба як ҷой 598 нафар ҳуҷҷат супурдаанд. Ин рақам дар ихтисоси «Андоз ва андозситонӣ» 408 нафарро ташкил додааст. Мутаассифона, барои ихтисосҳои техникӣ довталабон аз меъёри муқарраршуда камтар муроҷиат намудаанд. Тибқи нақша бояд 16672 нафар довталаб ба ихтисосҳои техникӣ ҳуҷҷат месупурданд, вале 15263 нафар ҳуҷҷат супурдаанд, ки 91,55 дарсад­ро ташкил медиҳад.

Модом ки хоҳишмандони кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва андоз зиёд аст, чаро барои хизматкардаҳо имтиёз надиҳем? Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардани хамткардаҳои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ чанд бартарӣ дорад. Якум, мутахассисони ҷавон бо дипломи олӣ як сол хизмат карда, соҳиби рутбаи лейтенант мешаванд. Дуюм, артиши ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд шудани теъдоди аскарони маълумоти олидор сифатан хуб мегардад.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ҳангоми сарпрокурори ҳарбии мамлакат будан дар маҷаллаи «Родмардони Ватан» (№3, 2009) барҳақ гуфта буд: «Аксарияти ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, аз ҷиҳати тарбияи ҳарбӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ сустанд. Яъне, дар мактаби миёна бо кадом сабаб аз таълиму тарбияи ин талабот дур мондаанд. Ташаккули тафаккури шахсият на дар ҳамаи даъватшавандагон ба таври зарурӣ инкишоф ёфтааст. Аз ин лиҳоз, иддае ба одитарин реҷаи муайяни хизмати ҳарбӣ тоб оварда наметавонанд ва ба вайронкунии талаботи оинномаҳои ҳарбӣ роҳ медиҳанд…».

Бо гузашти нуҳ сол мушкилоти зикршуда ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Дар сурати як сол ба хизмати аскарӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор ҳодисаҳои паст задани шаъну эътибор, расонидани зарари ҷисмонӣ кам хоҳад шуд.

Бо мақсади ҷалби довталабон ба хизмати низомӣ барои сарбозоне, ки маълумоти олӣ надоранд, омӯзонидани ҳунарҳоро ба роҳ бояд монд. Дар ин ҷода ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода шоистаи таҳсин аст. Бо ташаббуси ӯ дар яке аз қисмҳои низомии тобеи вазорат, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, Маркази таълимӣ амал мекунад, ки сарбозон дар баробари адои хизмат, ҳамчунин, ҳунарҳои челонгарӣ, харротӣ, кафшергарӣ ва ғайраро ёд мегиранд. Кош, дигар вазоратҳо низ ин иқдоми вазири корҳои дохилиро пайравӣ мекарданд.

Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳри дар рӯҳияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас вохӯрии мактабиён бо собиқадорони артишро ташкил бояд кард. Илова бар ин, омӯзиши тайёрии ибтидоии ҳарбиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан лозим аст.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»