Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан

№145 (3939) 01.12.2018

222222Саломатшо Мирзоев номзади илмҳои ҳуқуқ, донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, гурҷӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, муаллифи 60 китоби дарсӣ, шаш монография, 200 мақолаи илмӣ, ду дастури амалӣ оид ба терроризм ва экстремизм, 10 барномаи таълимӣ, як тафсир ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2017 дар вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҳамзамон, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи федеративии илмӣ – амалии «Мир политики и социологии» (Санкт – Петербург, ФР),  узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Осори Академия»-и Академияи ВКД ҶТ, узви Шӯрои олимони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ аст. Аълочии милитсияи ВКД ҶТ мебошад.

Иттилоъ ёфтем, ки моҳи октябри соли равон номбурда сазовори медали «Ситораи тилло» ва дар хориҷа узви кадом як академияе шудааст. Ин хабари хуш боиси суҳбати мо бо Саломатшо Мирзоев гардид.

- Саломатшо, мукофот муборак!

- Ташаккур…

- Медали «Ситораи тилло» чӣ гуна мукофот аст ва аз ҷониби кӣ тақдим мегардад?

- Медали «Ситораи тилло»-ро Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти комплексӣ (Федератсияи Россия) тобистони ҳамин сол ба ман лоиқ донист. Медал ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро 26 октябр дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури аъзои Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов ботантана ба ман супурданд. Ман ҳамчунин, аъзои ҳақиқии академияи мазкур интихоб шудам, ки бароям мояи ифтихор аст.

- Фармони сазовор гаштанатон ба ин мукофот моҳи майи соли равон содир шуда будааст. Чаро аз ин бора дер хабар додед?

- То расидани шаҳодатномаву ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба шаҳри Душанбе бонги нишот заданро ба худ муносиб надонистам…

- Бо ташаббуси кӣ шумо пешаи ҳуқуқшиносиро касб кардед?

- Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна яке аз дӯстони падарам, ки корманди мақомоти прокуратура буд, ба хонаи мо рафтуомад мекард. Гоҳи суҳбат баъзан аз зиёд шудани ҷинояту ҷинояткорӣ бо таассуф сухан мегуфт. Маҳз аз ҳамин овон дар дил орзуи ҳуқуқшинос шуданро мепарваридам.

Соли 1997, мактаби миёнаи № 1-и шаҳраки Ҷиликӯлро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм намуда, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурдам…

- Тибқи қоидаи маъмул шумо, ки бо медали тилло мактаби миёнаро хатм кардаед, албатта, ба тариқи суҳбат донишҷӯ шудаед…?

- Не, ин тавр нашуд. Баробар бо дигар толибилмон имтиҳон супурда, мартабаи донишҷӯйиро шарафёб гаштам. Ягон хел имтиёз барои ман надоданд.

- Бо ҳидояти кӣ ба пайроҳаи илм гом ниҳодед?

- Аз давраи донишҷӯйӣ орзу доштам, ки дар ин ришта (ҳуқуқшиносӣ) комёб бошам. Мавзӯъ гирифтам. Декани ҳамонвақтаи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Кароматулло Холиқов роҳбари кори илмиам буданд. Мутаассифона, муаллим аз дунё гузаштанд ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Рустам Шарофович роҳбари илмиам муайян гардид. Бо ҳидояту роҳнамоии ин олим соли 2012 рисолаи номзадиамро дар мавзӯи «Становление и развитие конституционного контроля и надзора в Республики Таджикистан» бо сарбаландӣ ҳимоя намудам.

Моҳи майи соли 2016 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шудам. Чанд муддат ба сифати нозири калон оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи таъминоти ҳуқуқи ситод фаъолият кардам.

- Пӯшида нест, ки дар зимни иншои рисолаҳои илмӣ кас ба маслиҳатгар ниёз дорад…

- Албатта, тавре мегӯянд: «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан». Олимони шинохтаи кишвар — доктори илмҳои ҳуқуқ, академик Маҳкам Маҳмудзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Рустам Сотиволдиев, доктори илмҳои ҳуқуқ Ҷӯрахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, узви вобастаи АИ ҶТ Эмомалӣ Насриддинзода, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, академик В. Л. Салников (аз Федератсияи Россия) дар фаъолияти пурсамари илмии банда саҳми арзанда доранд.

Умари ШЕРХОН