Беҳтарин нозирони навраси ҳаракат муайян гардиданд

№80 (4030) 04.07.2019

Чанде пеш дар толори «Кохи Суруш» маросими кушодашавии Озмуни нуҳуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор гардид, ки дар он  намояндаҳои  вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Сардори Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Акбар Насимзода иброз намуд, ки агар 9 сол муқаддам дар озмуни нахустин 4 даста ширкат варзида бошад, пас соли равон дар он 13 даста иштирок мекунанд.

Соли равон 130 нозири навраси ҳаракат аз шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Левакант, Ваҳдат, Турсунзода, Хоруғ, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддини Балхӣ маҳорат хоҳанд санҷид.

- Ҳадаф аз баргузории озмун, пеш аз ҳама, пурзӯр намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши  нақлиётӣ, омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ташкилоту идораҳои марбута ба ин самт мебошад, — гуфт муовини сардори Раёсати БДА-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шералӣ Салим.

Иштирокчиёни озмун аз рӯи шартҳои «Танзимгари нав­рас», «Малакаи касбӣ», «Санитари наврас», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва ғайра маҳорат санҷида, муайян гардиданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»