Бозгашт ба мавзӯъ

Бетафовутӣ иҷрои қарорро зери суол мебарад

№81 (3718) 08.07.2017

25 феврали соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «Чаро қарори раиси шаҳр амалӣ намегардад?» мақола чоп гардид. Дар он моҳияти қарори шаҳрдорӣ аз 1 июни соли 2012 ҷиҳати кӯчонидани терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев (чорсӯи бозори «Корвон») ба канори шаҳр – кӯчаи Айнӣ (7-ум километр) сухан мерафт.

Манзур аз қарор беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёт дар дохили шаҳр, ки солҳои охир боиси мушкилоти зиёд – тамбашавӣ, ҳолатҳои садамавӣ ва ифлосшавии муҳити зист гардида, мусофиронро нороҳат месозад, ба ҳисоб меравад.

Аз вақти ба тасвиб расидани қарор расо 5 сол ва аз чопи мақола 4 моҳ гузашт. Терминали мусофиркашонӣ ба канори шаҳр кӯчонида шуд, вале терминали фаъолияташ мамнӯи кӯчаи Н. Қарабоев ҳанӯз бозори гардонро мемонад. Зимни боздид аз ин истгоҳ маълум гардид, ки ронандаҳо дар дохили истгоҳ, канори шоҳроҳ, паскӯчаҳо автомашинаҳои худ­ро монда, бемалол мусофир мекобанд.

- Чаро ронандагон ҳанӯз майл ба истгоҳи фаъолияташ мамнӯъ доранду нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ инро нодида мегиранд? Масъулияти иҷрои қарори мазкур бар дӯши кист?

Шоҳиди ҳол будем, ки қарори шаҳрдорӣ дар собиқ истгоҳ бо ҳарфҳои калон насб шудааст. Аммо кормандони БДА, ки дар ин маҳалла фаъолият доранд, риоя нагаштани онро чаро нодида мегиранд?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) иброз доштанд, ки «Дар даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ истгоҳҳои кушодаи автомобилӣ барои мусофиркашонӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои кишвар сохта, ба истифода дода шавад». Аммо мушкили зикршуда то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст.

Ҳоло барои расидан ба терминали нав 3 хатсайр амал мекунад, ки ин кифоя набуда, то ба он расидан 4 сомонӣ аз як тараф сарф мешавад. Ба андешаи инҷониб, агар нуқтаи ниҳоии хатсайрҳои 15, 2, 4, 18-ро низ он ҷо муайян мекарданд, мушкилот то як дараҷа ҳалли худро меёфт.

Модом ки дар як рӯз аз ин истгоҳ 2-3 ҳазор мусофир ба самти гуногун сафар мекунанд, ифтитоҳи хатсайрҳои нав дар ин самт зарур ва ногузир аст.

Дар маҷмӯъ, бетафовутии як идда, аз ҷумла, кормандони БДА ва ронандагон боис шудааст, ки қарори қабулшуда рӯи коғаз монад.

 Абдухолиқ Мирзозода,

«Садои мардум»