Бибояд фарқ кардан душман аз дӯст

№105 (4055) 31.08.2019

Мактаби бузурги сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро солҳост давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ мавриди омӯзишу ситоиш қарор медиҳанд. Дастоварди бузурги ин шахсияти беназири таърихӣ он аст, ки бо ҷасорату иродаи қатъияш тоҷикон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳоӣ ёфта, ба ваҳдати миллӣ расиданд. Сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин аҳдофе маҳсуб меёфтанд, ки Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои сарвариашон ба миён гузоштанд. «Ман ба халқам сулҳ эҳдо мекунам», — гуфта буданд Сарвари давлат. Ин ҳадафҳо минбаъд ҷавҳари тамоми  фаъолияташонро ташкил доданд.

Тавре ҳама шоҳидем, Пешвои миллат ба савгандашон содиқ монданд, оташи хусумату низоъро хомӯш карда, сулҳу оромӣ оварданд. Савганди ӯ як шиори одии сиёсӣ набуд, дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан, воқеан ҳам, тамоми вуҷуди ин фарзанди содиқи халқро фаро гирифтааст. Мардум ташнаи сулҳ буд, аммо душманони дӯстнамо ба осонӣ аз нақшаҳои нопок даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Пешвои миллат солҳо лозим омад то сулҳи дерин­тизорро ба миллати ҷафокашида эҳдо кунад, як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонанд, ҳазорон манзили валангорро барқарор, иншооти ҳаётан муҳимро барояшон бунёд намоянд, амнияту шукуфоии кишварро таъмин созанд. Ҳамин хидмати беназир кофист, ки тоҷикон номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳифаи таърих ҳамчун наҷотбахши миллату давлат, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд.

Алҳол таҷрибаи сулҳи Тоҷикис­тонро кишварҳои дунё дар ҳалли муноқишаҳо истифода мебаранд, ба заковату матонати сулҳофарӣ таҳсин мегӯянд.

Кишваршиноси рус Н. Павлов гуфта буд: «Мо акнун шоҳиди эҳёи миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне миллати тоҷик, ҳастем. Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳои ҳалокатборро таҳаммул карда бошад. Тоҷикон аз тамоми дигар миллатҳо ҷонсахттаранд. Қадре фурсат кофӣ аст, ки хатои худро бифаҳманд, дубора ҷон бигиранд ва даст ба ободию созандагиҳои ҳайратангез бизананд».

Тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар ба анъанаи неки бо «дарси сулҳ» оғоз бахшидан ба соли нави таҳсил содиқ монд, зеро сулҳу амонӣ сарчашмаи пешрафти зиндагӣ ва комёбӣ дар ҳама самт аст. Ҳолиё вазъи сиёсии ҷаҳон бар асари кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат мураккаб гаштааст. Онҳо мехоҳанд манфиатҳои геополитикию геостратегиро боло гузошта, сайёраро ба вартаи нооромӣ афкананд. Неруҳои бадхоҳе ҳастанд, ки шукуфоию ободии кишварҳои рӯ ба рушд, амсоли Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, дар хориҷа ба иғвою буҳтон, сиёҳкорию бадномкунӣ машғуланд. Намояндагони насли ҷавону баномуси тоҷик бояд дар чунин шароити ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ҳамеша ҳушёр бошанд, фирефтаи дасисаю иғвои душманони миллат нашаванд, дӯстро аз душман фарқ кунанд, бо илму ҳунаромӯзӣ ватани орому ободашро дар радифи мамолики мутамаддини олам қарор диҳанд. Ҳаким Носири Хусрав  барҳақ фармудаанд:

Бибояд фарқ кардан душман аз дӯст,

Ки донистан зи душман дӯст некуст.

Чу ёбӣ дӯсте, сахташ нигаҳ дор,

Ба сустӣ доманаш аз даст магзор!

Хуршед Бариев, Убайдулло Раҳматов, омӯзгорони кафедраи фалсафа ва  сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур