Бо имконияти маҳдуд таваллуди фарзанди зиёд ҷоиз нест

№101 (3895) 18.08.2018

Бино ба назари донандагони улуми иҷтимоӣ, оила ҳамчун  сутуни асосии ҷомеа ва давлат дар тарбия ва таълими насли наврас нақши аввалиндараҷа мебозад, зеро тифл ба сифати узви ояндаи ҷомеа маҳз дар оила ташаккул меёбад. Бинобар ин, волидайнро зарур аст, ки ба таъбири мардумӣ, тафовути «сиёҳ»-ро аз «сафед» ба фарзандон аз лаҳзаҳои нахустини ба олам омадан фаҳмонанд.

Мувофиқи таълимоти равоншиносию иҷтимоӣ, инсони муваффақ ҳамонест, ки  воқеоти  зиндагиро зуд дарк менамояд ва роҳи дурусти зистанро интихоб  мекунад. Қобилияти дарк кардан ва таҳлилу интихоби роҳи дурусти зиндагиро бошад, фарзанд аз волидайн меомӯзад. Ин амал дар сурате татбиқ мешавад, ки волидайн шароити омӯхтани онро барои фарзанд муҳайё карда тавонанд.

Мусаллам аст, ки вазъи хуби молиявии оила ба танзими он рабт мегирад. Назарсанҷиҳо исбот менамоянд, ки танзими таваллуд на танҳо ба ҳолати иқтисодии оила, балки ба нақши волидайн дар тарбияи фарзанд низ таъсир мерасонад. Яъне, ағлаб падару модарони серфарзанд имкони тарбияи баробари онҳоро аз даст медиҳанд. Масалан, ҷавоне, ки қобилияти дарку таҳлили ҳаводиси зиндагиро дар оила наомӯхта бошад, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо пешниҳоди муғризонаи аъзои гурӯҳҳои ифротӣ зуд ба он дода шуда, кӯр-кӯрона ба онҳо пайваст мешавад.

Дар шароити зудтағйирёбандаи сиёсию иқтисодии олам бо дарназардошти имконоти молию маънавӣ ба дунё овардани фарзанд тамоюли гаравидани наврасону ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро кам карда метавонад, зеро олимони соҳаи равоншиносӣ исбот кардаанд, ки яке аз сабабҳои асосии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо вазъи иқтисодист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала таъкид доштаанд: «Бо имкониятҳои маҳдуд фарзанди зиёд таваллуд кардан ва баъд якумр барои хӯрондану пӯшондани онҳо шабу рӯз заҳмат кашидан тарзи солим ва оқилонаи зиндагӣ нест. Дар чунин шароит  ва бо ин аҳвол, табиист, ки тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдак, таълим ва ҷаҳонбинии ӯ ва умуман инкишофи ҳамаҷонибаи насли оянда ба навбати дуюм мегузарад». Бо ин суханони  ҳикматомез, ки моҳияти масъаларо пурра бозгӯйӣ менамояд, дигар чизе илова намуданро  ҷоиз намедонам.

 Дилафрӯзи ҲАБИБУЛЛО, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе