Бо вуҷуди душвориҳо соли 2020 бобарор омад

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

Соле, ки сипарӣ шуд, бо вуҷуди паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, аз файзу баракат барои мардум холӣ набуд. Сокинони кишвар тавонистанд, ки дар бахшу соҳаҳои алоҳида пешрафт дошта бошанд. Дар робита ба ин, аз ду тан соҳибкор пурсон шудем, ки соли 2020 барояшон чӣ гуна буд?

DSC03155 Сангиной Шерова,  сарвари коргоҳи дӯзандагии «Мукаррама»-и шаҳри ­Ҳисор:

- Соли 2020 дар хотираи мардуми дунё ҳамчун соли вабо ё бемории вазнин боқӣ мемонад. Афсӯс, ки кишвари мо ҳам аз он беморӣ дар амон набуд. Бо вуҷуди ин, шукргузорем, ки дар диёрамон осоиштагиву сулҳу субот пойдор аст.

Оғози фаъолияти соҳибкории банда ба ду даҳсола пеш, дар арафаи ҷашни 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, онро аз дӯзандагӣ оғоз намудам. Бо гузашти солҳо ва тақвият додани таҷриба мақсад гузоштам, ки дар деҳот коргоҳи омӯзиши касби дӯзандагӣ таъсис дода, духтарону бонувони хонашинро ба омӯзиш ҷалб намоям.  Хушбахтона, соли 2020 ба ин мақсад расидам.

Коргоҳи омӯзиши касби дӯзандагии «Мукаррама» дар деҳаи Сурхакчашмаи деҳоти ба номи Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор воқеъ буда, фаъолияти хуб дорад. Ҳоло ба он 50 духтару бонувони хонашинро ҷалб кардем, то ҳунар омӯзанду зиндагиро пеш баранд.

Бонувон баъди хатми коргоҳи омӯзишӣ аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор бо шаҳодатнома ва кумакпулӣ қадрдонӣ ва аксари онҳо дар корхонаҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин мешаванд. Банда инро саҳми ночизи хеш, ҳамчун соҳибкор, дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол медонам. 

DSC00133Талабшо ШариФов, соҳибкор аз ноҳияи Файзобод:

- Агар аз рӯи ҳақиқат баҳо диҳем, ҳама муваффақияти бадастомадаи кишвар натиҷаи тинҷиву оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум аст.

Ман аз он мефахрам, ки дар давлати орому осуда зиндагиву фаъолият дорам. Ду сол пеш бо истифода аз фазои тинҷи кишвар дар назди деҳаамон — Дашти Марзо сехи коркарди чӯбу тахтаро ташкил кардам. Дар навбати аввал се сокини бекори деҳаро бо ҷои кори доимӣ таъмин кардам. Соли 2020, бо вуҷуди буҳрони иқтисодӣ, шумораи коргаронро ба ҳафт нафар расонидем.

Айни ҳол коргоҳи коркарди чӯбу тахта фаъолияти пурсамар дошта, дар он ҳама навъи масолеҳи тахтагин барои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва дигар иншоот аз рӯи дархости мизоҷон бо андозаи муайяншуда тайёр карда мешавад. Соли 2021 ният дорам масоҳати корхонаро васеътар намуда, истеҳсоли дару тиреза, мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози барои хона ва корхонаву муассисаҳо заруриро ба роҳ монам. Агар ба ин мақсад ноил шавам, боз чанд нафари бекор бо кор таъмин мегарданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»