Бонуе аз Истаравшан

№27 (3012) 05.03.2013

Бонуе, ки мо дар борааш қисса мекунем, шахси номдор нест, балки занест оддӣ, хоксор ва заминӣ. Вале ӯ модар аст. Модаре, ки нуҳ фарзандро ба воя расонида, ҳамаашонро соҳиби маълумоту хонаву дар кардааст.

Раҳбарой Саттороваро зиёда аз даҳ сол инҷониб мешиносам. Дар шуъбаи бемориҳои чашми Дармонгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад. Фармудаҳои пизишконро бо масъулияти том ва дақиқкорона иҷро менамояд.

Мегуфтанд, ки ин зан аслан хуҷандӣ аст ва дар шаҳри Истаравшан ба духтури номии шаҳр Мазбут Ҷумъаев хонадор шуда омадааст.

Фурсати муносибе пайдо шуду ман аз апаи Раҳбарой ин нуқтаро пурсон шудам.

-Ман аз деҳаи Сомғори Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил Ҳамзаалиеви собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Fафуров) мебошам. Деҳкадаи мо дар доманаи кӯҳи Мевағул дар шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Мегӯянд, ки Сомғор аслан «Симгар» будааст. Мардуми деҳ дар гузашта симгарӣ мекардаанд. Замоне дар деҳкадаи мо гӯё кони маъдани нуқра ва гудохтани он ҷой доштааст, — мегӯяд бо табассум ҳамсуҳбатам.

-Хуҷандидухтарро чӣ маҷбур кард то бонуи Истаравшан шавад,-боз мепурсам ман.

-Тақдиру қисмат,- посух медиҳад ӯ ва ба тафсили воқеа мепардозад.

Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1968 онро бомуваффақият хатм кард ва дар таваллудхонаи деҳа ба ҳайси ҳамшираи шафқат корро оғоз намуд.

Падараш деҳқон буду модараш мураббияи боғчаи деҳа. Онҳо панҷ духтару як писар доштанд ва Раҳбаройи ҷавонро маҷбурӣ ба яке аз хешовандонашон ба шавҳар доданд.

Муносибати зану шавҳарии ҷавон аз оғоз хуб набуд. Пас аз даҳ соли зиндагӣ ҳарчанд соҳиби панҷ фарзанд шуда бошанд ҳам, охир оилаашон вайрон шуд…

Мазбут Ҷумъаевич Ҷумъаевро дар шаҳри бостонии Истаравшан хурду бузург хуб мешинохтанд. Ӯ ҷарроҳи моҳир ва инсони хуб буд. Ӯро метавон асосгузори мактаби ҷарроҳӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Fончӣ, Шаҳристон ва Зафаробод шуморид. Даҳҳо шогирдонаш имрӯз касби ӯро давом медиҳанд.

Соли 1983 завҷаи Мазбут Ҷумъаев ногаҳон аз дунё гузашт. Ӯ бо се писар танҳо монд. Ҳарчанд хешу табор ва ҳамкорону наздикон маҷбураш карданд, муддати чор сол хонадор нашуд. Аниқтараш завҷаи табъи дилаш ба чашмаш нарасид. Вале ҳама аз паи оиладоркунии Мазбут Ҷумъев буданд. Охир Гавҳарой Исломова ном духтури асабшинос, ки худ аслан аз деҳаи Сомғор буду ҳини таҳсил дар Донишкадаи тиббӣ бо истаравшаниписаре издивоҷ карда буд, ба қавле ба мобайн даромада, ҳамин Раҳбарой Саттороваро барои ба Мазбут Ҷумъаев хонадор шудан розӣ кард.

-Моҳи марти соли 1987 бо ду фарзанди кӯчакам ба Истаравшан омадам. Давоми 27 соли зиндагӣ бо Мазбут Ҷумъаев боз соҳиби як духтар шудем. Тӯли ин муддат аз байнамон қил намегузашт. Аҷаб марди меҳрубон буданд Мазбут Ҷумъаев. Ҳамроҳ се писари он кас ва шаш нафар фарзандони маро калон карда, ба воя расонидем. Ҳамаашонро соҳиби маълумот ва хонаву дар кардем. Худоро шукр, ки имрӯз 17 набера ва як абера дорам,- бо қаноатмандӣ мегӯяд Раҳбарой Сатторова.

Раҳбарой Сатторова бо вуҷуди пастиву баландиҳои дар оғози зиндагиаш рухдода, аз пешаи интихобкардаи худ даст накашид. Корро дар таваллудхонаи деҳааш сар карда, пас аз келин шуда ба Истаравшан омадан дар таваллудхонаи ин шаҳр давом дод. Инак, 44 сол боз дар соҳаи тандурустӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад, ки аз он 27 солаш дар шуъбаи бемориҳои чашми Дармонгоҳи марказии шаҳри Истаравшан аст.

-Ман аз касбу корам ва аҳли оилаам ифтихор мекунам. Фарзандони хуб дорам. Ҳамаашон маро эҳтиром мекунанд. Ҳарчанд 31 марти соли 2006 мо марди хонадон-духтури машҳур Мазбут Ҷумъаевро аз даст додем, писарони он кас маро монанди модари аслиашон ҳурмат мекунанд. Ба назарам хушбахтӣ аз ин зиёд намешавад,- мегӯяд Раҳбарой Сатторова.

                Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»