Бори зиёдатӣ ба манфиати кист?

№119 (3913) 02.10.2018

Онҳое, ки ба мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ сарукор доранд, хуб медонанд, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи мазкур нисбат ба дигар намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ шарту талаботи зиёдтар дошта, аз ронандагону шахсони ҳуқуқӣ масъулияти бештарро талаб менамояд. Мо масъулияти пешаи интихобнамудаамонро хуб дарк мекунем ва солҳои зиёдест, ки дар ин ҷода фаъолият намуда истодаем.

Маълум аст, ки аз чунин навъи фаъолият он қадар даромади зиёд ба даст намеояд. Маблағи бадастомада ба пардохти андоз­ҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ва пешбурди зиндагониамон базӯр мерасад. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баъзе корхонаю муассисаҳое пайдо шудаанд, ки чун бори зиёдатӣ мехоҳанд фаъолияти худро аз ҳисоби соҳибкорони хурду миёна пеш баранд. Ба ин КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мисол шуда метавонад, ки айни ҳол бо номи муассисаи давлатӣ фаъолияташро давом дода истодааст. Дар мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» («Садои мардум» №101 (3895) аз 18 августи соли 2018) дуруст қайд шудааст, ки МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар иҷрои вазифаҳояш оҷизу нотавон мебошад. Чунки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ­масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро ҳаллу фасл накардааст. Муассиса молу мулки хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва базаҳои тармиму таъмири нақлиётӣ надорад, ки идоракунии онҳоро ба сомон расонад. Мақомоти ваколатдори давлатии соҳа ба фикри мо ноилоҷ хароҷоти ин корхонаро ба дӯши соҳибкорон бор кардааст.

Ин тарзи ҳалли масъаларо роҳбарони МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизмат­расонии логистикӣ» ба манфиати худ ба кор ва тақсиму коркарди роҳхатҳоро чун воситаи фишороварӣ барои бастани шартномаи ҳамкорӣ истифода бурданд, яъне то шартномаи ҳамкорӣ баста, супоридани 3 сомонию 98 дирамро ба зимма нагирифтем, ба мо шумораи зарурии роҳхатҳоро надоданд. Роҳхатро бошад, ба ивази 92-дирамӣ ба мо мефурӯшанд.

То ба ҳол ба мо нархномаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиётро бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои муассисаи давлатӣ пешниҳод накардаанд. Мувофиқи талаботи Қарори №32- и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ» корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, бевосита метавонанд шумораи зарурии роҳхату борхатро аз муассисаҳои чопии махсусгардонидашуда дастрас намоянд. Аммо, Вазорати нақлиёт ба хотири дастгирии Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»- и зертобеаш ҳуқуқи моро дар ин бобат поймол сохта истодааст. Ҳатто ба КВД Комплекси ­табъу нашри «Шарқи озод» ва ҶДММ «Ганҷ нашриёт» мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки варақаҳои роҳхату борхатро танҳо дар асоси дархости муассисаҳои давлатии дар боло номбаршуда ба табъ расонанд. Ҳамчунин, аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳисоботҳои омории корхонаю ташкилотҳои нақлиётиро дар асоси таблограммаи МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» қабул намояд. Агентии омор ҳам дар навбати худ, ба мақомоти поёниаш супориш додааст, ки бо дахолати шахси сеюм, яъне муассисаи давлатии зикргардида ҳисоботи омориро қабул намоянд.

Фикру ақидаҳо ва пешниҳоду дархостҳои муаллифони мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» вобаста ба талаботи қонунгузорӣ баён шуда, бо далелу санадҳои муътамад асоснок гардидаанд. Мо онро баёни ҳақиқати ҳол мешуморем ва тарафдори онем, ки масъалаҳои дар мақола дарҷёфта мувофиқи талаботи қонунҳои ҷорӣ ҳаллу фасл карда шаванд.

Ҷ. ТӮРАБЕКОВ, директори ҶДММ «Ориён нақлиёт», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Н. ВАЛИЕВ, сармеханики ҶСК «АРЗ- 4», шаҳри Хуҷанд.

Ф. ИБРОҲИМОВА, директори ҶДММ «Транскомпания АЭЛИТА»