«Боронхоҳӣ» чӣ маросим асту чӣ моҳият дорад?

№31 (3981) 21.03.2019

NRCSAZ02010_-_Arizona_(303)(NRCS_Photo_Gallery)Парастиши об ва муқаддас донистани он дар байни мардуми тоҷик решаи ниҳоят амиқ дорад. Мардум дар оғози Соли нав – Наврӯз маросими ба ин ҷомеа рабтдоштаро дар назди чашмаҳо, рӯдҳо ва ҷойҳои обшор созмон медиҳанд. Агар баҳор камбориш ояд, баъди таом фотиҳа хонда, ба ҳамдигар об мепошанд ва бо либосҳояшон ба рӯд даромада обпошӣ карда, ҳамдигарро ба об мепартоянд. Чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё борон онҳоро тар кардааст.

Ин маросим дар бисёр маҳалҳои Хуросон «Обпошон» унвон дорад. Дар ҳавзаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро, Кешу Насаф, Хуҷанду Истаравшан, Тирмизу Деҳнав, Ҳисору Кӯлоб, водиҳои Рашту Дарвоз ва Бадахшон нисбат ба он ниҳоят эҳтиёткор буданд. Зеро баъзе чашма, рӯд, наҳр ва истахрро (ҳавзро) бо номи Ҳазрати Хизр, Ҳазрати Аюб, Луқмони Ҳаким ва ё Ҳазрати Аливу хонадони Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.) ва наздикони онҳо нисбат медиҳанд.

Масалан, дар Шаҳритуз «Чилучорчашма» низ тибқи боварҳои мардум ба каромати дини мубини ислом марбут аст. Биноан, мардум моҳии ин чашмаро намехӯранд ва роҳ намедиҳанд, ки ба оби чашма даромада, шустушӯй намоянд.

Одати дигаре, ки дар фасли баҳор агар борон сари вақт наборад, созмон дода мешуд, баргузории маросими «Даъвати борон» ё «Боронхоҳӣ» мебошад, ки дар Хуросони Эрон низ онро «Боронхоҳӣ» ё «Талаби борон» меноманд. Ин маросим дар фолклоршиносии тоҷик бо истилоҳи «Даъвати борон» пазируфта шудааст.

Дар водии Рашт, Дарвоз ва Хатлон ҳангоми фасли баҳор агар борон наояд, мардум бинобар таҳдиди хушксолӣ маросиме созмон медиҳанд, ки онро «Ашагулон» меноманд. Аз гил ё матоъ лӯхтак — арӯсак сохта, панҷ — шаш зан ҷамъ мешаванд. Якеро, ки нисбат ба дигарон бузургсолтар бошад, сардор интихоб менамоянд ва ӯро бо либосҳои ҷанда «меороянд»-у ба дасташ арӯсак­ро медиҳанд. Бо шодиву шӯхӣ ба назди дарвозаи ҳамдеҳагон рафта, дастҷамъона таронаи зайл­ро месароянд:

Ашагулони ростина,

Як бор биҷунбон остина.

Гандуми сабзум қоқ шуд,

Як бор бирезон борона.

Соҳиби хона ба бом баромада, ба болои созмондиҳандагони маросим аз кӯзаву зарфҳои дигар об рехта, хурсандӣ мекарданд. Дар фарҷом ба иҷрокунандагон инъом медоданд. Ин маросим дар байни тоҷикони водии Ҳисор, Сурхондарё ва Қашқадарёву Самарқанд «Сусхотун» ном ва таронааш низ тафовут дорад.

Мардуми Бухорои шариф баробари иҷрои маросими «Сусхотун» маросими дигаре низ доштанд, ки онро «Дуои борон» меномиданд. Иҷрокунандагони маросим бачаҳои ноболиғ буданд, ки рубоии  зайлро 21 маротиба дастҷамъона мехонданд:

Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,

Аз хони карам неъмати алвон бифирист.

Аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот,

Аз синаи абр ширборон бифирист.

Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз даврони куҳан гузаштагон обро муқаддас ­мешуморидаанд.

Рӯзии Аҳмад, номзади илми филология