Мусоҳибаи рӯз

Босмачиён ғосибе беш набуданд

№12 (3962) 29.01.2019

Kykolnik.lj.ruЧандест, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи босмачиён андешаҳои гуногун баён мешаванд. Баъзеҳо босмачиёнро ғоратгар ва иддае қаҳрамон мехонанд. Вобаста ба ин бо корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеашинос Назрӣ Асадзода суҳбат доштем.

- Чаро пас аз сад сол дар ҷомеа вобаста ба ҳаракати босмачигарӣ баҳс ба вуҷуд омад? Месазад, ки босмачиёнро қаҳрамони миллӣ эътироф кард?

- Баҳодиҳӣ ба ҳаракати босмачиён аслан марбут ба он аст, ки  маҳаки қазоват ва меъёри баҳодиҳӣ чист. Агар фақат арзишҳои динӣ мадди назар бошад, пас ҳамчун «қаҳрамон» ва «муборизи роҳи ҳақ» талаққӣ ва тасвир шудани босмачӣ амри табиӣ хоҳад буд. Агар маҳаки баҳодиҳии таҳлилгар арзишҳои пантуркистӣ, аз ҷумла таъсиси субъектҳои сиёсиву маъмурие чун «Аморати Бухоро»-ву «Туркистони бузург» ва амсоли инҳост, пас дар он ҳолат низ босмачӣ ҷойгоҳе чун «қаҳрамон» хоҳад дошт.

Чун меъёри қазовату баҳодиҳии мо арзиш ва манофеи миллати тоҷик аст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем босмачиёнро «қаҳрамон» ва «муборизони роҳи озодии миллати тоҷик» номем. Зеро ҳеҷ кадоме аз босмачиён ва саркардагони онҳо ва ҳатто онҳое, ки аз ҷиҳати генетикӣ ва этникӣ тоҷик буданд, ҳаргиз дар андешаи озодии миллати тоҷик ва эҳёи давлатдории тоҷикон набуданд.

Бинобар ин, бояд на ба зоҳири қазия, балки ба моҳияти он эътибор диҳем. Агар ба ин далел, ки босмачиён муқобили мутаҷовизин, яъне русҳои болшевик ҷангиданд, онҳоро каҳрамон  гӯем, пас чашми мо фақат зоҳири қазияро мебинад, зеро қурбошиву мингбошиҳои аҷнабиасли босмачӣ аслан мутаҷовиз маҳсуб мешаванд, ки пеш сарзамини моро ғасб карда буданд.

Дар он марҳилаи таърихӣ бо дарназардошти тафаккури истеъморӣ доштани омма ва заъфи ҳувияти миллӣ, ки имкон намедод ҷунбишҳои милливу истиқлолиятҷӯёна ба вуҷуд оянд, зиёиёни огоҳ ва нухбагоне, чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва амсоли онҳо маҷбур буданд, ки аз миёни ду бад, дар заминаи таҳлилу оянданигарӣ он бадеро интихоб кунанд, ки камтар зараровар бошад. Ҳамкории онҳо бо болшевикон, ки кафолати ташкили субъекти сиёсиву маъмурии нимамустақилеро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон медод, амали тактикие буд, ки онро дар нақшаи стратегӣ ва дурнамои миллат метавон ба чароғи рӯшани охири нақби торик ташбеҳ дод. Бояд сипосгузор бошем, ки ин мардони оянданигар хишти аввали бинои истиқлоли кишварро дирӯз рост гузошта буданд, вагарна бидуни талоши онҳо шояд миллат он ҳангом наметавонист фаротар аз ҳадди «РАСС Тоҷикистон» бошад. Дар он сурат дар харитаи ҷаҳон наметавонист давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад.

- Шояд онҳое, ки имрӯзҳо босмачиёнро қаҳрамон тасвир кардан мехоҳанд, аз ҳақиқати таърих ба дараҷаи кофӣ бохабар нестанд…

- Набояд гумон кард, ки ин муддаиён аз ноогоҳӣ дар пайи пуштибонӣ аз босмачиён шудаанд. Ин муддаиён, ки зоҳиран лофи меҳанпарастӣ мезананд, аслан мафҳуми Ватанро ҳам дигаргуна таъбир мекунанд. Онҳо мисли ҳамон босмачиён на дар фик­ри миллати тоҷику давлати Тоҷикистон, балки дар андешаи бунёди сохтори сиёсии паҳноваре чун Аморати Бухороянд. Барои онҳо аслан муҳим нест, ки тақдири миллати тоҷик дар ин гуна сохтори сиёсии «паҳновар» чӣ хоҳад шуд, зеро барои  онҳо аслан мавҷудияти миллате бо номи тоҷик, давлате бо номи Тоҷикистон ва забоне бо номи забони тоҷикӣ муҳим нест. Аксарияти онҳо моро дар ҳайати давлате бо номи «Туркистони бузург»  ва ақаллияташон дар ҳайати «Эрони бузург» дидан мехоҳанд. Пушти ин саҳна коргардонҳои ҳунарманд истодаанд, ки аз лӯхтакҳое чун Дориюш, роҳбари ТТЭ ҲНИ, Истаравшанӣ ва чанд худбохтаи дигари амсоли онҳо истифода кардан доранд.

- Мушоҳида мешавад, ки айни замон босмачиёнро бештар роҳбарият ва аъзои ТЭТ ҲНИ таърифу тавсиф мекунанд. Сабаби ин мавқеъгирии онҳо дар чист?

- Ба мубаллиғони сарсахти босмачиён табдил ёфтани наҳзатиёни террорист бесабаб нест. Мақсади асосии он мубаллиғоне, ки босмачиёнро ба ҳайси қаҳрамон таблиғ мекунанд, ин аст, ки ҳамчун қаҳрамон эътироф шудани идомадиҳандагони кори онҳо, яъне «муҷоҳидон»-и ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми садаи XX, дар зеҳни аҳли ҷомеа талқин кунанд. Ба хотири бақои давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ набояд гузошт, ки ин гуна афкор дар зеҳни ҷавонон зуҳур кунад. Дар ин ҷода кор барои зиёиёни худогоҳу меҳанпараст мушкил нест, зеро воқеият ва далелҳои таърихӣ ба нафъ аст, ки дар такя ба онҳо метавон ба осонӣ таҳрифкории   мубаллиғони ҳаракати босмачигариро ошкор ва аҳдофи пуштипардагии онҳоро бармало кард.

Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»