Бояд рангу тобиши динӣ аз созмонҳои террористӣ ва ифротӣ бардошта шавад

№121 (4071) 10.10.2019

коллажҲолиё ҷаҳони исломро оташи ҷангу ихтилофи зиёди мусаллаҳона фаро гирифтааст, ки дар бисёре аз онҳо ба ғайр аз неруҳои мусаллаҳи хориҷӣ мусалмонҳои камфаҳму бесавод ва ноогоҳ аз дину мазҳаб низ «ҳиссагузоранд». Онҳо баъзе аз ҷавонони тоҷикро, ки ба хотири муҳоҷират ба Федератсияи Россия мераванд, бо фиреб ва суиистифода аз дину мазҳаб ба дом афтондаву ба тарафи худ даъват мекунанд ва авзоъро дар ин самт боз ҳам печидатар мегардонанд.

Тавре дар гузориши СММ омадааст, беш аз 25000 ҷангии хориҷӣ аз 100 кишвар ба гурӯҳҳои исломии террористӣ ва ҷангҷӯ пайвастаанд. Аз ҷумла, дар Сурия ва Ироқ 22000 ҷангҷӯи хориҷӣ қарор доранд, 6500 нафар дар Афғонистон ва садҳои дигар дар Яман, Ливия, Покистон ва Сомалӣ амал мекунанд.

Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо, дар мубориза алайҳи терроризм Жил де Кершов, ки коршинос Владимир Одинсов гуфтаҳои ӯро иқтибос овардааст «…аз кишварҳои гуногуни Аврупо айни замон 3000 нафар дар ҷанг ба ҷонибдории ДИИШ иштирок мекунанд. Бар асоси маълумоти ин корманди Иттиҳоди Аврупо «Камаш аз ёздаҳ кишвари аврупоӣ рафтани шаҳрвандон ба Ироқ ва Сурия барои ҷанг ба тарафдории ДИИШ ба қайд гирифта шудааст».

Мутобиқи иттилои Жил де Кершов, баъд аз эъломияи моҳи июни соли 2014-и ДИИШ дар бораи таъсиси хилофати исломӣ, яъне қаламраве, ки онро роҳбарони мазҳабӣ идора мекунанд, вуруди исломиҳо аз Аврупо ба ин минтақа афзуд: — Ин ҷараён то ҳол анҷом наёфтааст ва ба ин хотир эҳтимол дорад, ки эълон гаштани таъсиси хилофат ба ин вазъият таъсири худро расондааст, — менависад ӯ.

Ҳассосият ва ҷиддияти масъала боз дар он аст, ки ДИИШ аз номи шариат сиёсати «поксозии дин», яъне такфирро пеш гирифтааст. Шариат нисбат ба қатли инсон хеле ҷиддӣ бархӯрд менамояд. Арзиши ҳаёти инсон дар «Қуръон» ба такрор зикр гардидааст. Аз ҳама даҳшатовар ва амали нобахшиданӣ ин аст, ки мусулмон бар зидди мусулмон ва бародар ба муқобили бародар бархезад. Мутаассифона, мусулмонон ҳар чӣ бештар даргири ихтилофоти мусаллаҳонаи дохилӣ мешаванд, дар қатлу куштори мусулмонони дигар даст доранд. Чаро онҳо ба чунин амали нораво даст мезананд ва чаро аз рӯйи фармудаҳои «Қуръон»-и маҷид амал намекунанд?

Дар «Қуръон» дар сураи «Нисо» равшану возеҳ омадааст: «Ва ҳар ки муъминеро бикушад, пас, ҷойи ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург ба ӯ омода сохтааст» (ояти 93).

Ҳеҷ як фарди мусулмон, ки бо қалбу ақли хеш дини мубини исломро қабул кардааст, қатли инсон, хоҳ мусулмон, хоҳ ғайри мусулмонро раво намебинад. Дар яке аз ҳадисҳои паёмбари Худо (с) омадааст: «Мусулмон касест, ки ба мусулмони дигар бо забону дастони худ осеб нарасонад». Тағйироти солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон вобаста ба густариши терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ ва пайванд додани ин зуҳуроти манфӣ бо дини мубини ислом ашхоси солимфикрро ба он водор менамояд коре кунанд, ки рангу тобиши динӣ аз созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла, ДИИШ, Ҳизби наҳзати исломӣ, «Ҳизбуллоҳ» зудуда шавад, зеро онҳо бо дини ислом иртиботе надоранд.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне, боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ мешавад. Фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвар — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани кишварҳоро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш медиҳад ва баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор давлату фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд. Вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм аст, ки вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон ба осонӣ мушоҳида мекунем.

Тоҷикистони соҳибистиқол, ки солҳои навадуми асри гузаш­та даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Ҳодисаҳо, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун, оромиву осудагии кишвар ҳамеша омода бошем.

Товус ҚУРБОНҶОНОВА, омӯзгори МТМУ №93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе