Бознигарии стандартҳои давлатии таҳсилот ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат хоҳанд кард

№50 (3844) 24.04.2018

2018-01-22tourism-pngБо дарназардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Ҳайдаров доир ба омоданамоии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбат орос­тем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

 - Омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Дар натиҷаи пайвандсозии амалия ва назарияи таълими асосҳои технологияи меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини устохонаҳои таълимӣ бо олоту  асбобҳои техникӣ, таҳкими заминаи техникии паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сатҳи таълим ва касбомӯзию омодагии касбии муҳассилини ихтисосҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боло рафт.

Баҳри омода намудани кадрҳои соҳаи туризм дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешавад, ки ҷиҳати таҳкими фаъолият ва муаррифии имконоти туристии кишвар манфиатбахш аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар самти сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд: география ва менеҷменти туризм (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ), фаъолияти меҳмонхонавӣ (Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), маркетинг дар сайёҳӣ (Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон), менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ (Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент), туризм (Донишгоҳи славянии Россия -Тоҷикистон), саёҳат ва меҳмондорӣ (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб), иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), фаъолияти варзишии сайёҳӣ — сайёҳии кӯҳӣ (Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов) ва таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ-сайёҳии байналмилалӣ (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода). Илова бар ин, дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе низ мутахассисони соҳаи туризм омода карда мешаванд.  Айни замон аз рӯи ихтисосҳои мазкур 1440 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

-Тибқи маълумоти мавҷуда, стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ ба эҳтиёҷоти соҳа мувофиқ набуда, бештар характери академӣ доранд. Мутахассисон ба он назаранд, ки норасоии адабиёти соҳавӣ ва воситаҳои таълимӣ эҳсос мешавад. Барои ҷавобгӯ будан ба стандартҳои  байналмилалӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

- Баъди «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштани соли 2018 стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимӣ бознигарӣ шуда, ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид гаштанд ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мустаҳкамтар гардид. Гузашта аз ин, барои дар соли нави таҳсил кушодани ихтисосҳои нав, бештар намудани теъдоди донишҷӯён, бознигарӣ намудани барномаҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ширкату муассисаҳои сайёҳӣ гузарондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз роҳҳои асосии амалӣ намудани назария бо амалия мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ки ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунаромӯзӣ алоқаманданд, таълифи китоб ва дастурҳои таълимӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли равон ба омӯзгорон ва донишмандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода шудааст, ки китобу дастурҳои иловагӣ таҳия кунанд.

Аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар асоси банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 3.06 соли 2014, №375 ва банди 2 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07 соли 2014, №1450 ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи таълимии фанни технология ва дар синфҳои 9-11 дарси технология (таълими меҳнат)» ҷорӣ намудани омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бо қарори Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

- Соли равон  гузаронидани чӣ гуна чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст?

- Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ба тасвиб расида, дар доираи он дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, гузаронидани рӯзи ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои дастони моҳир, чевари  беҳтарин ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

То имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон Маркази ҳунарҳои мардумӣ, озмоишгоҳҳои «Таомҳои миллӣ ва аврупоӣ», «Хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо» ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин гуна чорабиниҳо аз ҷониби дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ роҳандозӣ шудаанд. Дар семоҳаи аввали соли 2018 бо дастури вазири маориф ва илми кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гӯшаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтанд. Ҳамчунин, дар назди паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ омӯзиши касбҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Дар чорабинии фарҳангии «Ҷавонон — муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ», ки 17 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» баргузор гардид, 1500 донишҷӯ иштирок карданд. Дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омӯзиши қолинбофӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, кешбофӣ, қуроқбофӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои пухтани таомҳои миллӣ, бозичаҳои маҳин ва дастони моҳир ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» давра ба давра иқдомҳои созанда амалӣ мегарданд, ки ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат хоҳанд кард.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»