Чӣ тавр ҷавононро аз «таги биниамон» гирифта, манқурт месозанд?

№98 (3892) 14.08.2018

Ҳайф, сад ҳайф, ки баъди чанде оҳи сабук кашидану оромӣ дар хоки поку муқаддаси Тоҷикистони азизи мо, дар диёре, ки мардумаш бо меҳмоннавозӣ дар ҷаҳон маълуму машҳур аст, ниҳоят разилона хуни ноҳақи меҳмонон — сайёҳони бегуноҳ резонда шуд. 29 июли соли 2018, соати тахминан 1530 як гурӯҳи ҷиноятпеша дар деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара дар рӯ ба рӯи деҳаи Ёхсу, бо мошини тамғаи «Дэу Леганза» сайёҳони хориҷии велосипедсаворро зада, аз по афтонда, сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла карданд. Дар натиҷа, ду шаҳрванди Амрико, як нафар аз Швейтсария ва як нафар аз Ҳолланд кушта шуда, як сайёҳ аз Швейтсария ва яке аз Ҳолланд ҷароҳат бардоштаанд. Танҳо сайёҳи фаронсавӣ, ки аз ҳамроҳон ақиб монда буд, беосеб мондааст. Аз гумонбарони ҳамлаи мазкур 4 нафараш кушта, боқимондаҳо дастгир гардиданд. Дар гӯшаи хаёли касе ҳам набуд, ки ин фоҷиаи нангин дар рӯзи равшан аз тарафи як идда ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик содир мегардад. Дар ҳақиқат, ҷинояти нобахшиданӣ содир шуд, ки ба обрӯи тоҷику Тоҷикистон латма ворид сохт ва инро хурду бузурги кишвар шадидан маҳкум менамоянду ба ташкилкунандагону иҷрокунандагон лаънат мехонанд. Чӣ қадар аламовар аст, вақте инсонҳои бегуноҳе кушта мегарданд, ки бо ихлосу боварии зиёд вориди кишвар гардида буданд. Инсонҳое, ки ба роҳи худ мерафтанду интизор ҳам надоштанд, ки ноҷавонмардони раҳгумзадаю ифротӣ бо бераҳмии хос қасд бар ҷони онҳо мекунанд. Оре, дарднок аст! Пӯшида нест, ки ин суиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ не, балки ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон буд.

Ҳадаф аз ин даҳшатафканӣ сиёҳ кардани номи тоҷику Тоҷикистон аст, на чизи дигар. Ҷинояткорон қисмате маҳву қисмате дастгир гардиданд ва ҷазои худро хоҳанд гирифт. Лаънату нафрини зиёде ҳам шуниданд. Вале бо ин набояд корро анҷомёфта ҳисобид.

Бояд муайян сохт, ки киҳоянд дар дохилу хориҷ, ки нооромии Тоҷикистонро мехоҳанд ва донист, ки аз ин чӣ манфиате мебардоранд, чӣ нақшаҳои ифлоси дигар доранд? Боз чӣ қадар ҷавонони фирефтаи таблиғоти ДИИШ дар дохили кишвар арзи вуҷуд доранд ва чӣ ҷиноятҳоеро роҳандозӣ кардан мехоҳанд? Чӣ тавр ҷавонони моро аз «таги биниамон» гирифта, манқурт месозанд? Чаро таъсири идеологияи ким – кадом давлати бо ном исломӣ аз таълимоти мактабу маорифи кишвар бештар шудаасту наметавонем, ки дар зеҳни фарзандон ҳисси баланди муҳаббату садоқат ба Ватану миллатро бедор созем? Оё вақти пурсиш аз худамон нарасидааст, ки кор бо ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд, дар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ё не? Пас,теъдоди аз ҷиҳати шумора зиёди бо давраи шӯравӣ муқоисанашавандаи мактаб, литсею гимназия ва донишкадаю донишгоҳҳои замонавию муҷаҳҳаз бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот, ки ҳама дар як муддати кӯтоҳ бо иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтанд, барои чист? Посух ба ин ва дигар суолҳо ба хотири пешгирӣ аз бадбахтиҳои эҳтимолӣ хеле муҳим аст. Тавре ки Фонӣ Розиқ фармуда:

… Дилам дигар ба танг омад зи бозиҳои ин дунё.

Чӣ сон бинам, ки Намруде бисӯзонад Халилеро?

Чӣ сон бинам, ки Фиръавне бипӯшонад Яди Байзо?

Чӣ сон бинам, ки номарде чароғи анҷуман бошад?

Чӣ сон бинам, ки иблисе бипӯшад хирқаи тақво?

Чӣ сон бинам, ки шаҳбозе ба доми анкабут афтад?

Чӣ сон бинам, ки хаффоше кунад Хуршедро иғво.

Чӣ сон бинам, ки нопоке фиребад покбозонро?

Чӣ сон бинам, ки инсоне бихонад хукро мавло…

Дар замони шӯравӣ қоидае маъмул буд, ки баъди аз маҳбас озод гардидани ҳатто мурғдузде аз болои ӯ назорати қатъӣ бурда мешуд. Дар ҳодисаи мазкур бошад, фақат баъди фоҷиа ҳама огоҳӣ ёфтанд, ки бархе аз ин ҷинояткорон доғи судӣ доштаанд ва аъзои гурӯҳу ташкилоти иртиҷоӣ будаанд. Ҳатто ҳаққу ҳамсояҳо ҳам аз кору кирдори онҳо бехабар мондаанд.

Пас чӣ бояд кард? – ин аст суоли рӯз.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»