Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Чӣ тавр Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи ғалла табдил диҳем?»

№23 (4129) 20.02.2020

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи корманди рӯзнома Сайфиддин Суннатиро, ки дар шумораи 124 (4074) аз 17 октябри соли 2019 бо унвони дар боло зикршуда ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад:

Бо истифодаи самараноки заминҳои кишт дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соли 2019-ум 1415 ҳазор тонна ғалладонагӣ истеҳсол гардид, ки аз он 836,2 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Агар ин нишондодро бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар муқоиса намоем, истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 1991-ум 1110 ҳазор тонна ва гандум 683,1 ҳазор тонна зиёд гардидааст. Агар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар соли 1991 ба сари ҳар як нафар 54,3 килограмм ғалладонагиҳоро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2019 ба 152,8 килограмм баробар гардидааст, ки натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст андешаҳои «академики халқӣ» Ҳайдар Додоҷонов ва лоиҳаеро, ки аз ҷониби аҳли кооперативи «Деҳқон» таҳия гардидааст, якҷо бо мутахассисон ва олимони соҳа мавриди омӯзиш қарор дода, барои дар амал тат­биқ намудан мусоидат намояд.

Бояд қайд кард, ки сол то сол шумораи аҳолии кишвар меафзояд ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ моро бетафовут гузошта наметавонад. Роҳбарият ва кормандони Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд ва кӯшиш доранд, ки бо роҳи баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи дурусти агротехникаи парвариши зироатҳо, зиёд намудани ҳосилнокӣ, истифодабарии оқилонаи заминҳои обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ ба рушди соҳа таъсир расонанд.

Нигина АНВАРӢ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон