Чархболҳои Россия дар «Тоҷик Эйр» муаррифӣ шуд

№ 29.03.2017

Фото для пресс - релиза по презентации Вертолёты России 29 марти соли ҷорӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»  бо намояндагони Ҷамъияти саҳомии «Вертолётҳои Россия» мулоқот доир гардид. Ҳайати ин ширкати бонуфуз таҳти роҳбарии сардори Департаменти рушди бизнес  Филипп Галнбек ва намояндагони Корхонаи авиатсионии Улан – Удэ ба Душанбе ташриф овардаанд.

Аз ҷониби кишвари мо дар ин мулоқот  намояндагони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр»  Хайрулло Раҳимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, ривоҷи ҳамкориҳоро бо чунин ширкату корхонаҳои машҳури авиатсионӣ барои таъмин ва такмили техникии ширкат ва ба роҳ мондани сифати баланди хизматрасониҳо муфид арзёбӣ кард.

Зимни муаррифии чархболҳои МИ – 8/17, Ка – 226Т ва  «Ансат» зикр гардид, ки истифода ин навъҳои нақлиёти ҳавоӣ дар шароити иқлими Тоҷикистон қулай ва манфиатовар аст.  Аз ҷумла, чархболи сабуки «Ансат» -ро метавон дар интиқоли бору мусофирон, корҳои ҷустуҷуӣ-наҷотдиҳӣ, сӯхторнишонӣ ва расонидани ёрии тиббӣ истифода кард.

-Аз пазироии гарму самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳамкорон ва намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодаем ба рушди ин ҳамкориҳо мусоидат намоем,- гуфт роҳбарии сардори Департаменти рушди бизнеси Ҷамъияти саҳомии «Вертолётҳои Россия»  Филипп Галнбек.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»