Чаро ҷавз — беҳтарин навъи ангур камёфт шуд?

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

чавз1Ҷумҳурии Тоҷикистон макони навъҳои гуногуни ангури хушлаззат аст. Ҷавз, ки аз беҳтарин навъҳо ба ҳисоб меравад, мутаассифона, сол ба сол кам шуда истодааст. Чанд муддат аст, ки аз марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт ҷавзи роҳатиро (деҳоти «Роҳатӣ», ноҳияи Рӯдакӣ) ҷустуҷӯ кардам, вале пайдо нашуд.

Ҷавзи роҳатӣ навъи нодиртарини ангур дар Тоҷикистон аст, ки хусусиятҳои шифобахшӣ низ дорад.

Баҳром Абдуалимов – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ чандин сол дар соҳаи кишоварзӣ  дар вазифаҳои масъул кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2001 — 2006 муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вобаста ба мавзӯи мавриди назар Б. Абдуалимов маълумоти ҷолиб пешниҳод кард:

- Мардуми ангурпарвари деҳаи хушманзараи «Роҳатӣ» ин неъмати Офаридгорро «Ангури ҷавс» ҳам мегӯнд. Агар ба хӯшаи ин ангур назар кунед, дар ҳақиқат чунон ҷавз (ҷафс) ҷойгиранд, ки донаҳои он болои якдигар хобидаанд. Дар замони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ макони фурӯши ин навъи ангур бозори «Шоҳмансур» буд. Нуқтаи фурӯши колхози ҳамонвақта номдори «Роҳатӣ» мизоҷони зиёде дошт.

Ҳоло бошад, дар мавсим ин ангурро каму беш дар бозори маҳаллаи 191 — и пойтахт, ки ба деҳоти «Роҳатӣ» наздик аст, ёфтан мумкин аст. Бо зиёд шудани аҳолии деҳоти зикршуда майдони токзори хоҷагӣ низ кам шуд. Дар қисми зиёди ин токзор хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, деҳқонон барои ҷуброн аз заминҳои лалмӣ истифода намуданд, ки дар болои деҳаи «Роҳатӣ» ҷойгиранд. Аммо, танқисӣ кашидан аз об ба онҳо имкон надод, ки муваффақ шаванд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки деҳқонони асили ин деҳа Ҳусейн ва Абдуалим, ки дар бунёди токзор саҳм гузошта буданд, ин дунёро падруд гуфтанд. Имрӯз писару набераҳои онҳо ба боғдорӣ, аз ҷумла, парвариши ангури ҷавз машғуланд, лекин имконияташон нисбатан маҳдуд аст. Дар баробари норасоии об, барқарор кардани токзор хароҷоти зиёди молиявиро талаб мекунад. Онҳо эътироф менамоянд, ки токзорро танҳо бо дастгирии мақомоти соҳавии давлатӣ метавон барқарор намуд.

Дар бораи ангури ҷавзи Роҳатӣ қиссаю ривоятҳо зиёданд. Деҳқони пуртаҷриба Аслам Фозилов моҳияти онро чунин бозгӯйӣ намуд:

- Воқеан ҳам, ангури ҷавзи Роҳатӣ бемисл ва ман худам солҳо ба парвариши он машғул будам. Ҳоло ҳам ангурбоғ дорам, фарзанду набераҳоям нигоҳубин мекунанд. Дар замони шӯравӣ дар деҳаи Моинкаҷ корхонаи шаробпазӣ фаъолият мекард ва дар он ба ҳайси мушовир кор мекардам. Дар ин корхона бо истифода аз ангури ҷавз шароби махсус тайёр менамуданд. Ангури ҷавзи Роҳатӣ он давра ду маротиба дар намоишгоҳи маҳсулоти шаробпазӣ ва токпарварӣ соҳиби медали тилло гардид. Тибқи хулосаи олимони Институти тадқиқотии «Магараҷ», аз рӯи қанднокӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад.

Дар мавриди ангури ҷавз бо дигар деҳқонони собиқадор низ суҳбат намудем. Онҳо андеша доранд, ки як қисми токзорро барқарор кардан мумкин аст, агар масъалаи таъмини заминҳои лалмӣ бо об ҳал гардаду мардум усули парвариши токзорро, ки падару бобояшон ба кор мебурданд, истифода кунанд. Бовар дорем, ки баъд аз нашри ин матлаб Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва сохторҳои дахлдор ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»