«Чаро аз ҳисоби бонувон зимни адои ҳаҷ роҳбалад нест?»

№134 (3928) 08.11.2018

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақолаи «Чаро аз ҳисоби бонувон зимни адои ҳаҷ роҳбалад нест?»- ро, ки дар шумораи №85 (3879)-и рӯзномаи «Садои мардум» 10 июли соли равон ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи банди 14-и «Нақшаи корҳо оид ба назорат ва муташаккилона баргузор  намудани сафари шаҳрвандон барои ҳаҷ ва умра», ки ҳамасола аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, интихоби ҳайати роҳбаладони ҳаҷравандагон тариқи озмун аз ҳисоби донандагони забони арабӣ ва маносики ҳаҷ сурат мегирад. Роҳбалад барои 40 — 45 ҳаҷраванда интихоб гардида, аз ҷониби ӯ ду моҳ  қабл аз оғози сафарбаркунӣ дарсҳои омодагӣ гузаронида мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳамасола роҳбаладони интихобшуда барои ҳаҷравандагон (ҳам мардон ва ҳам занон) хуб хизмат менамоянд.

Дар мавсими ҳаҷ фаъолияти шабонарӯзии роҳбаладон ба роҳ монда мешаваду аз роҳбаладон заҳмати зиёди ҷисмонӣ ва равониро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, интихоби роҳбаладон барои ҳаҷравандагон аз ҳисоби занон тавсия дода намешавад.

Фаррухулло ОЛИМЗОДА, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон