«Чаро дар оромгоҳҳо исрофкорию худнамоӣ зиёд аст?»

№126 (3920) 18.10.2018

Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба мақолаи Назирбой Ашӯров — «Чаро дар оромгоҳҳо исрофкорию худнамоӣ зиёд аст», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 5 июли соли 2018, таҳти №82 нашр шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:

 Камбудиҳое, ки дар мақола муаллиф аз онҳо ёдовар гардидааст, воқеан ҳам дар баъзе ҷойҳо ба назар мерасанд ва ислоҳи саривақтиро тақозо доранд. Бинобар ин, раёсат бо иштироки кормандони муассиса маҷлиси машваратӣ гузаронида, ба шахсони мас­ъу­ли оромгоҳҳо супориш дод, ки минбаъд ба исрофкорию худнамоӣ роҳ дода нашавад ва камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Бо эҳтиром, Р. Ҳ. Маҷидов