Нигаронӣ

Чаро «Express pay» 50 сомониро гирифту «фаромӯш» кард?

№59 (4165) 16.05.2020

DSC_1845Рӯз то рӯз шумораи автобусҳои мусофиркаши хуштарҳи истеҳсоли Тоҷикистону Туркия дар кӯчаҳои пойтахти мамлакат зиёд шуда, сатҳи хизматрасонии ронандагон ва риояи фосилаи вақти ҳаракат торафт беҳтар ва риоя мешавад. Ягона камбудие, ки то ҳол пурра рафъ нашудааст, дар фаъолияти терминалҳои  пулқабулкунӣ ҷой дорад. Яъне, баъзан мусофирон вақте мехоҳанд, ки ба суратҳисоб пул гузаронанд, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Субҳи 8-уми май, вақте аз маҳаллаи 33- юми пойтахт ба  автобуси №7 нишастам, баъди ба валидатор гузоштани корти электронӣ садо баромад, ки «маб­лағ ба итмом расида истодааст». Тасмим гирифтам, ки баъди анҷоми рӯзи корӣ ба суратҳисобам маблағ мегузаронам. Баъди кор, вақте ба истгоҳи мазкур омадам, мутаассифона, терминали  «Express pay» кор намекард.

Сипас, ба маҳаллаи 33 (охири истгоҳи автобуси №7) расидаму «кори имрӯзро ба фардо нагузошта» хостам чун ҳарвақта 50 сомонӣ гузаронида, соҳиби тарофаи тахфифии «корти имтиёзнок» шавам. Хулоса, амали заруриро анҷом дода, ба пулқабулкунаки терминал 50 сомонӣ гузоштам.

Терминал пулро «фурӯ» бурду «интизор шавед» навишт.  20 дақиқа интизор шудам. Чор — панҷ ҷавоне, ки баъди ман барои пулгузаронӣ навбат истода буданд, дилхунук шуда, ба ҷустуҷӯи терминали дигар рафтанд. Ронандаҳои автобуси рақами 7 диданд, ки интизорӣ тӯл кашид, маслиҳат доданд, ки ба телефони дар терминал навишташуда занг занам. Ба рақами 44 6309999 тамос гирифтам. Операторони навбатдор рақами телефон ва корти маро навишта гирифтанду гуфтанд, ки «вақте терминал кортро баргардонд, гиред, пулатон мегузарад ва хабараш ба телефонатон мерасад».

Имрӯз 16 май асту аз «хабар», ба қавле, «на пай ҳасту на ҳайдар». Шояд барои масъулони хизматрасонии терминали «Cify card» 50 сомонӣ маблағи ночиз бошад, вале барои ман роҳкирои якуниммоҳа маҳсуб мешавад. Чунин рафтор магар боиси дилхунукии мусофирон (мизоҷон) намешавад?

Дар хусуси сарсонии мусофирон ва дуруст кор накардани терминалҳо ҳафтаномаи «СССР» дар шумораи №10 (12 марти соли равон) низ  мақолаи танқидӣ нашр карда буд. Мутаассифона, то ҳол масъулон камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ накардаанд.

8 май, вақте ба телефони «Боварӣ»- и «Express pay» занг задам, аз он тараф баъди «Хуш омадед» огоҳ намуданд, ки суҳбат сабт мешавад. Иқдоми хуб! Бигзор масъулон аз бойгонӣ зангҳои телефонии 8 май соати 1633, 1639 ва 1641 сабтшударо гӯш ва хулоса кунанд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, соҳиби корти рақами   силсилавиаш 000 107 955