Ба мо муроҷиат мекунанд

Чаро Кишваров ҳуҷҷатҳои манзиламро барнамегардонад?

№80 (4030) 04.07.2019

12 сол мешавад, ки аз дасти шаҳрванд Ҳ. Кишварову наздиконаш ва бархе аз судяву прокурорҳо сарсонам. Соли 2007 номбурда бо собиқ судяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе С. Қурбонов мани соҳибмулкро қарздор ва сарсон карда буд.

Судя С. Қурбонов насанҷида, бо гарави ғайриқонунӣ маро аз хонаам бо фарзанди ноболиғам  пеш кард. Ҳ. Кишваров аз вазъият истифода бурда, ҳуҷҷатҳои манзиламро  рабуд. Манзили маро, ки дар кӯчаи Деҳотии пойтахт воқеъ буд, аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то ҳаллу фасли парванда (11 апрели соли 2011) барои нагузаронидани ҳаракатҳои нотариалӣ ба ҳабс монданд. Дар ин асно Ҳ. Кишваров бо ёрии бархе аз судяҳо ва собиқ сарнотариуси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе С. Пиров бо ҳуҷҷатҳои  дуздидааш ба манзили ман шаҳодатномаи соҳибмулкӣ карда, худро ғайриқонунӣ ба суроғаи хонаам дар қайд гузошт. Соли 2013 аз сохтакориҳои манзили истиқоматиам хабардор гашта, бо ариза ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кардам. Судя Ҳ. Акрамов шаҳодатномаи соҳибмулкии Ҳ. Кишваровро, бинобар ғайриқонунӣ буданаш, бекор кард.

Дар қисмати охири ҳалнома тавсия шудааст, ки оид ба қаллобии Ҳ. Кишваров ва мансабдорони ба ӯ дар сохтакории ҳуҷҷатҳо  мададрасонда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоям. Аз соли 2014 то имрӯз дар ин хусус ба тамоми мақомоти дахлдор  муроҷиат карда бошам ҳам, то ҳол сарсониҳои ман натиҷа надодааст.

Баъзеҳо мегӯянд, ки «хонаатро гирифтӣ, боз чаро худро  овора месозӣ»? Ман мехоҳам, ки Ҳ. Кишваров ва мададгоронаш барои сохтакории ҳуҷҷатҳо, вайрон кардани қонун, поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии ману фарзандам ва  касалманд кардани ман дар назди қонун ҷавоб гӯянд. То ҳол Ҳ. Кишваров ҳуҷҷатҳои аслии манзили истиқоматии маро барнагардонидааст.

Ман боварӣ доштам, ки  баъди ворид шудани аризаам ба прокуратура  ақаллан як бор Ҳ. Кишваровро даъват намуда, дар чорчӯбаи қонун масъаларо  ҳаллу фасл менамоянд. Агар нисбат ба чунин кормандони суду нотариус тибқи қонун чораҷӯӣ нашавад, мумкин аст, ки шаҳрвандони дигар низ мисли ман зарари молию равонӣ дида, сарсон шаванд.

Оид ба баргардонидани ҳуҷҷатҳои аслии манзилам аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ҳ. Кишваров бо моддаи 363 парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, барои санҷиш ба ШВКД №1-и ноҳияи Фирдавсӣ равон шуда буд. Аммо бо сабабҳои  номаълум аз тарафи собиқ муфаттиши ШВКД №1-и ноҳияи мазкур Б. Хоркашев парванда қатъ шуд. Магар бо чунин рафтор қаллобону поймолкунандагони қонун баҷуръаттар намешаванд?

Зулфия ТАҒОЕВА, сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе