Нигаронӣ

Чаро лӯлиён дар шиноснома тоҷик сабт мешаванд?

№11 (3961) 26.01.2019

Лули11Пӯшида нест, ки касби лӯлиён дарюзагӣ аст. Инчунин, аз қадим заргарӣ ҳам мекарданд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ҳоло заргариро тарк намудаанд. Вақте ки кас қиссаи «Гӯгирдфурӯши якчашма»-и Шерлок Холмс, нависандаи маъруфи англис  Артур Конан Дойлро мехонад, ба хубӣ дарк мекунад, ки дарюзагӣ даромади зиёд дорад. Дар ҳақиқат, агар даромади рӯзонаи як коргари маъмулӣ аз 30 то 50 сомонӣ бошад, ин маблағро писарбачаи хурдакак ва ё духтарбачаи лӯлӣ дар ду-се соат пайдо мекунад.

Лӯлиёни Хуросон аз нажоди ҳиндуҳо буда, дар даврони шоҳигарии Хусрави 1- Нӯшервон (с.532-580)  бо дархости Шоҳ Кисро  ба Хуросон интиқол дода шудаанд. Онҳоро аслан «Мугаат» ва ё «Ҷӯгӣ»  меноманд.  Мутаассифона, лӯлиёни кишвар дар шиноснома тоҷик муаррифӣ шудаанд, ки бисёр кори ғалат аст. 

Ба изофа, лӯлиёни  Афғонистону Туркманис­тону Ӯзбекистону Қирғизистонро низ  дар шиносномаҳояшон тоҷик сабт намудаанд, ки бояд мутасаддиёни соҳаро ба андеша водор созад. Ҳол он ки ҳеҷ расму оину ҳувияти тоҷикӣ дар лӯлиён мушоҳида намешавад, ба ғайр аз гуфторашон. Агар нафареро аз миллатҳои тоҷику ӯзбеку қирғизу афғон ҷӯгӣ ва ё лӯлӣ номанд, сахт меранҷад. Пас, ашхоси мутасаддӣ чаро тасмим намегиранд, ки «ҷӯгиён»-ро дар шиноснома, он чуноне ки ҳастанд, сабти ном намоянд?

Лӯлиён барои даромад шуда, дар дигар давлатҳо, хоса дар Россия, худро бо шиносномаҳои тоҷикӣ ҳамчун гуреза муаррифӣ менамоянд, ки шаъни миллатро то андозае мекоҳонад.

Шаҳрванди кишвар Рустам Сафаров (аз ноҳияи Восеъ) солҳои 90-уми асри гузашта дар Қазоқистон таҳсили илм намуда, бо амри сарнавишт дар кишвари Хабаровскии Федератсияи Россия  бо рутбаи полковникӣ сардори ШКД-и шаҳр мегардад. Боре кормандони милитсия як гурӯҳро дастгир намуда, ба ШКД-и шаҳр меоранд ва онҳо худро тоҷик муаррифӣ менамоянд. Зимни суҳбат номбурда пай мебарад, ки тоҷикистонианд, барояшон ҳеҷ гуна ҷазо муқаррар намекунад ва бо сабаби ҳамватан будан ба кормандони милитсия амр медиҳад, ки раҳояшон кунанд. Ин рафтори ӯро кормандони милитсия ба роҳбарони воломақом мерасонанд ва ӯ мавриди муҳокима қарор мегирад. Рустам  Сафаров ба роҳбарони болоӣ мефаҳмонад, ки он нафарон ба монанди сиганҳои Россия мебошанд ва дар Тоҷикис­тон зиндагӣ мекунанд. Яъне, ӯ аз рӯи қонуни пешбининамудаи ҳукумати Россия амал намудааст. Сиганҳои Россия дар шаҳодатнома ҳамчун «сиган»  ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо расму оини худро доранд. Масалан, онҳо ба хизмати аскарӣ даъват намешаванд, ҷойи зисти муайян надоранд ва духтаронашонро аз синни 13-14  ба шавҳар медиҳанд.  Як марди сиган ҳуқуқ дорад, ки 2-3, балки  то 4 зан дар никоҳаш дошта бошад ва давлат ба расму оини онҳо дахолат намекунад. Дар мамлакати мо аксар вақт мушоҳида мешавад, ки лӯлидухтаронро дар синни 15-16  ба шавҳар медиҳанд ва мавриди муҳокимаи суду прокуратура қарор мегиранд. Барои лӯлиён ҳама ҷо ватан аст. Аз ин рӯ, мақомоти намояндагии қонунгузор бояд расму оини лӯлиёнро омӯзанд ва дар асоси он қонуне нисбат ба ин қабилаи кӯчӣ қабул кунанд. Ашхоси мутасаддии бақайдгирии аҳолии кишварро зарур аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя -  Афғонистону Ӯзбекис­тону Қирғизистону Туркманистон гуфтушунид баранд, то намояндагони ин қабилаҳоро дар шиноснома лӯлӣ сабт намоянд. Дарюзагарии  лӯлиёнро  манъ кардан ғайриимкон аст, вале миллати онҳоро он гунае ки ҳаст, қайд кардан зарур мебошад.

Раҳмат  Шералиев, омӯзгор