Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?»

№70 (4020) 18.06.2019

Раёсати Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистон мақолаи корманди рӯзнома Сайфиддини Суннатиро дар мавзӯи «Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?», ки 13 апрели соли 2019 дар шумораи №41 (3991) ба табъ расид, баррасӣ намуд. Муаллифи мақола истифодаи кирми лойхӯракро дар бахшҳои гуногуни кишоварзӣ таъкид намуда, даъват ба амал овардааст, ки дар ҷумҳурӣ низ бояд он ҳамчун манбаи иловагии баланд бардоштани ҳосилнокии зироату маҳсулнокии чорво истифода гардад. Мавриди қайд аст, ки олимони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ доир ба ин масъала корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ гузаронида, аз ҷумла, Б. В. Валиохмедов (1960-1963), Ю. А. Акрамов, Э. Г. Ваксман, Н. Р. Маллаев, Н. Г. Белякова (1980), манфиати кирми лойхӯракро барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок собит намудаанд.

Дар таҳқиқоти бисёрсола муқаррар гардидааст, ки бо зиёдшавии кирми лойхӯрак дар хок моддаҳои муҳим — нитроген, фосфор ва калий зиёд шуда, он ҳосилхез мегардад.

Дар таҷрибаи истеҳсолӣ, бо мақсади зиёд гардонидани адади кирми лойхӯрак, ба хок миқдори зарурии нуриҳои органикӣ ворид намуда, намии хокро муътадил нигоҳ медоранд, ки ин барои зиёд гардидани ҳосилхезии он ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҳангоми 60-80 фоиз будани намии хок, кирми лойхӯрак фаъолияти самаранок хоҳад дошт. Маҳз ҳамин миқдори намӣ барои зиёд гаштани онҳо шароит фароҳам меоварад.

Натиҷаи корҳои илмӣ — таҳқиқотии олимони Институти хокшиносии АИКТ собит намуд, ки кирми лойхӯрак аз 1 тонна пору 600 кг гумусро коркард намуда, 50 кирми лойхӯрак дар як шабонарӯз то 250 кг хокро коркард карда метавонанд.

Бояд қайд намуд, ки кирми лойхӯрак дар баробари баланд бардоштани гумуснокии хоки замин, барои безараргардонӣ ва табдилдиҳии партовҳои маишии корхонаҳои коркарди пахта, саноати хӯрок­ворӣ  нақши муҳим дорад.

Солҳои охир, дар корхонаи марбут ба КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, тавассути поруи паранда парвариши кирми лойхӯракро ба роҳ монда, онро ҳамчун ғизои серсафеда барои парвариши моҳӣ истифода мебаранд.

Дар шароити ҷумҳурӣ ба таври саноатӣ ба роҳ мондани парвариши кирми лойхӯрак, барои аз он истеҳсол намудани ғизои серсафедаи иловагӣ барои чорвои алафистеъмолкунанда бояд мавзӯи минбаъдаи омӯзиш бошад.

Дар маҷмӯъ, назари олимони соҳаи кишоварзӣ оид ба мақолаи зикршуда мусбат буда, ҳамеша омодаанд дар ин ҷода бо хоҷагидорон ҳамкорӣ намоянд.

Ш.  Хоҷаев, директори Институти хокшиносии АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ,

Ф. Амиршоев, директори Институти чорводорӣ, доктори илмҳои биологӣ