Мулоҳиза ва пешниҳод

Чаро перомуни хусусияти равонии шаҳрвандон тадқиқот гузаронида намешавад?

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

РавоншиносиҲар рӯз шоҳиди рушди ҷомеа, ихтирои техникаву технология мегардем. То ҷое пешрафтҳо боиси дигар шудани фарҳанг ва расму оин гардида, мушкилии зиёдро дар байни  одамон, бахусус насли нав, ба вуҷуд меорад. Агар онҳо ҷилавгирӣ нашаванд, рӯҳу равони инсонҳо зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад.

Рӯзҳои охир дар расонаҳои кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни худкушии ҷавонону нав­расон, хушунату пошхӯрии оилаҳо, мушкилоти муҳоҷират хабару гузориши зиёд нашр мешавад. Барои мисол чанде аз онҳоро бо нишонӣ меорем: «Тангем худкушӣ кард, касе намедонад, ки чаро?» (www.ozodi.org, 29.04.2018), «Худкушии такондиҳандаи Хушбахти 22 — сола дар Кӯлоб» (www.ozodi.org 22.04. 2018), «Тоҷикистон донори асосии муҳоҷират ба Русия» (news.tj 27 04. 2018), «Аълочӣ ва ҷавони хуб: ҳеҷ сабаби худро паррондан набуд» (www.news.tj  23.01.2018), «Қатли марде баъди намоз дар Кӯлоб бо 15 зарбаи корд» ( www.news.tj  21.02.2018), «Агар шавҳарам зӯроварӣ кунад, ба милиса месупорам»  (www.ozodi.org  29.04.2018 ).

Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ 9 шаҳрванди кишвар, ки чор нафарашон ноболиғанд, дар натиҷаи худкушӣ ҷони худро аз даст доданд. Ин, албатта, нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба он водор мекунад, ки андеша кунанд. Сабаби аслии мушкилро коршиносон дар паст будани маърифати равонии шаҳрвандон ва нокифоя будани шумораи равоншиносони ҳирфаӣ арзёбӣ мекунанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода  зимни як гузориш  перомуни зиёд шудани худкушӣ аз ҷониби ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, гуфт:  «Дар кишвар кор бо равони кӯдакон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешавад ва миқдори равоншиносони кӯдак низ хеле кам аст». Ин нуктаро мудири кафедраи психологияи ДМТ Нодир Амонов низ тасдиқ кард ва илова намуд: «Мутаассифона, олимони соҳаи равоншиносӣ дар кишвар ангуштшуморанд».

Омили дигари нигаронкунанда он аст, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ аз ҷониби равоншиносону ҷомеашиносон тадқиқоти лозима перомуни хусусияти равонии шаҳрвандон гузаронида нашудааст. Зимни омӯзишҳо метавон ба таври мушаххас омилҳои онро муайян кард. Дар минтақаҳое, ки бештар худкушиву низоъҳои оилавӣ рух медиҳанд, хадамоти иҷтимоиву психологӣ ва шаръӣ бояд фаъолияти густурда дошта бошанд ва баҳри пешгирии онҳо тадбир андешанд.  Равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов бар ин андеша аст, ки қасди худкушии шаҳрвандон ҳатман аломату нишонаҳо дорад ва барои муайян кардани он равоншиносони кишварро мебояд таҳқиқотҳои илмиву сотсиологиро доир кунанд.

- Агарчӣ доир ба илми равоншиносӣ адабиёти хориҷӣ, махсусан аврупоиву мамолики дигари мутараққӣ хеле зиёд аст, вале тавсияҳои дар онҳо пешниҳодшуда хоси ҳамон кишварҳост. Мо бояд таҳқиқотҳоеро роҳандозӣ кунем, ки ба дину оин ва урфу одатҳои ҷомеа созгор бошанд, — афзуд номбурда.

Мушкили дигар мавриди таблиғ қарор нагирифтани равоншиносӣ аз ҷониби расонаҳо аст. Гӯшаҳои равоншиносӣ дар матбуот ва ё барномаҳои радиотелевизионӣ метавонанд таваҷҷуҳи аудиторияро ҷалб намоянд. Масалан, дар Телевизиони Тоҷикистон барномае бо номи «Равондармонӣ» пахш мегардад, ки  тамошобини зиёд дорад. Муаллифи он Нилуфари Раҳмоналӣ зикр кард, ки  бо мақсади то андозае кам намудани мушкилоти равонии мардум барномаро роҳандозӣ кардаанд.

- Вақте бори аввал барномаро пахш карданд. мардум кам таваҷҷуҳ доштанд. Ҳоло барнома тамошобини худро дорад ва то андозае  мардумро бовар кунондем, ки назди равоншинос на девонаҳо, балки инсонҳое, ки мушкилоти иҷтимоӣ доранд низ меоянд, — зикр кард номбурда.

Вақте бо дигар забонҳо калимаи равоншиносиро дар интернет ҷустуҷӯ мекунем, ҳазорҳо матлаб ва сомонаҳои махсусу нишонии марказҳо барои муроҷиат пайдо мешаванд. Аммо дар кишвар сомонае, ки пурра ба равоншиносӣ бахшида шуда бошад, вуҷуд надорад.  Дар пояи ин гуфтаҳо тасмим гириф­тем, ки аз тариқи барномаи «Googlе» калимаи равоншиносиро бо панҷ забон мавриди ҷустуҷӯ қарор диҳем, то матолиби дар ин бахш нашршударо пайдо кунем.  Натиҷа чунин аст:

Бо забони тоҷикӣ 14 ҳазор, ӯзбекӣ 135 ҳазор, форсӣ 12 млн., русӣ 22 млн. ва англисӣ 121 млн. матлаб дар сомонаҳои мухталифи интернетӣ нашр шудааст.

Баъзе аз коршиносон рушд накардани равоншиносиро ба кам будани эҳтиёҷи мардум ба равоншиносӣ медонанд. Ба андешаи муаллими ДМТ Мухтор Меҳроҷзода, вақте ба чизе эҳтиёҷ пайдо мешавад, албатта, он арзи ҳастӣ мекунад.

- Сабаби кам будан ё набудани марказҳои буҳронӣ ё машварати равоншиносӣ дар кишвар ба кам будани эҳтиёҷи ҷомеа нисбат ба  он аст, — изҳор дошт номбурда.

Азимчон Аслонов ҷавоне аст, ки мехост таҳсилашро дар ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино идома диҳад. Аммо кӯшиши дусолааш барои дохил шудан ба он бенатиҷа анҷомид. Вай гуфт, ки ду сол пай дар ҳам дохил шуда натавонистан рӯҳи ӯро шикастааст.

- Чӣ кор карданамро намедонам. Баъзан фикрҳои бад ба сарам меояд. Ҳарчанд ҳоло донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам, вале шавқам ба хондан нест. Фикр мекунам бояд нафаре ба ман роҳ нишон диҳад. Мехоҳам назди равоншинос равам,  аммо нишоние пайдо накардам, — изҳор дошт номбурда

Азимҷон ягона ҷавон ва шаҳрванди кишвар нест, ки наметавонад мушкилоти равонии худро мустақилона ҳаллу фасл намояд. Дар баробари ӯ нафарони зиёде аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебаранд. Ба гуфти мутахассисони соҳа, муҳоҷират (дурии ҳамсарон аз якдигар), бекорӣ, қарзҳои бонкӣ ва якдигарнофаҳмӣ дар оила аз мушкилоте мебошанд, ки ба бемориҳои равонӣ оварда мерасонанд. Дар дилхоҳ ҷомеа мушкилот домангири қишри муайяни аҳолист. Барои бартараф кардани ҳаддалимкон хастагиҳои рӯҳии мардум бояд марказҳои махсус  фаъолият дошта бошанд.

Ба гуфти Нодир Амонов, мутаассифона, баҳри беҳдошти илми равоншиносӣ ва баланд бардоштани маърифати рӯҳии мардум коре ба иҷро нарасидааст.

- Таассуфовар аст, ки ба ғайр аз як маркази машваратии назди кафедраи психологияи ДМТ ва якчанд лоиҳае, ки аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд (Маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» дар назди Кумитаи занон ва оила),  дигар идораеро намедонем, ки хизматрасониҳои равониро ба роҳ монда бошад. Таъсиси машваратхонаҳои равоншиносӣ барои пешгирии барҳамхӯрии оилаҳо,  худкушии ҷавонону наврасон ва дилгарм сохтани онҳо ба зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳукумати кишвар бояд барои истифодаи ҷомеа аз равоншиносон барнома ва лоиҳаҳои махсусро роҳандозӣ кунад, — зикр кард номбурда.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»,

Хуршед Ховарӣ, журналист