Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Чаро талаботи Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» пурра иҷро намешавад?»

№126 (3920) 18.10.2018

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақолаи Ҷамшеди Сабоҳиддинро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум», № 103 (3897) аз 23 августи соли 2018 таҳти унвони «Чаро талаботи Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» пурра иҷро намешавад?» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин маълумот медиҳад:

Раванди иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», таҳти назорати доимии вазорат ва сохторҳои марбутаи он қарор дорад. Дар баробари ин, мунтазам мониторинг ва арзёбии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ анҷом дода мешаванд.

Бо ин мақсад, яъне ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои қонунҳо, дар назди вазорат Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барои амалишавӣ, мониторинг, таъмини имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии маъюбон Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунанд.

Албатта, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» татбиқи баъзе муқаррароти он аз ҷониби субъектҳои иҷрокунанда ба таъхир меафтад ё зимни амалигардонии онҳо ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Яке аз сабабҳои рух додани камбудиҳо ин надонистани муқаррароти қонун ва ҳуқуқу имтиёзҳо аз ҷониби маъюбон мебошад.

Аз ин лиҳоз, вазорат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрӣ ва семинарҳои омӯзишӣ доир мекунад, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахсони маъюб ва масъулони ташкилотҳои ҷамъиятии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мавриди он ки шумораи воқеии кӯдакони маъюби ба қайд гирифтанашуда, тибқи маълумоти ЮНИСЕФ ҳазорон нафарро ташкил медиҳад, зикр карданием, ки мувофиқи таҳлилҳо ва арзёбии шуъбаҳои хизмат­расонии иҷтимоӣ дар хона ва марказҳои хизмат­расонии будубоши рӯзона шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз ҷониби волидон барои бақайдгирӣ пешниҳод карда намешаванд, то 2 фоизи умумии кӯдакони маъюбро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, бо мақсади ба қайд гирифтани ин кӯдакон ва мавриди хизмат­расонии тиббию иҷтимоӣ қарор додани онҳо аз ҷониби вазорат ба сохторҳои маҳаллии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тадбирҳои заруриро ба анҷом расонанд.

Ҳамчунин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба хонандагон, ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва оилаҳои онҳо арз мекунем, ки дар сурати риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва ё мушоҳида намудани қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё ба суроғаи электронии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: info@moh.tj муроҷиат намоянд.

Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон