Қонун ва иҷрои он

Чаро талаботи қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» пурра иҷро намешавад?

№103 (3897) 23.08.2018

invalid-600x390Сокини ноҳияи Фархор, маъюби гурӯҳи I Абдурашид Сафаровро дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» касе нест, ки нашиносад. Гурӯҳе, ки Абдурашид таъсис додааст, серхонанда буда, 80 ҳазор аъзо дорад ва матолиби гузоштаи ӯро ҳазорҳо нафар меписанданд. Бо вуҷуди маъюб будан дилаш ба зиндагӣ гарм мебошад. Маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, дорои маҳорати хуби эҷодкорист. Мехоҳад риштаи рӯзноманигориро хатм карда, дар ин ҷода фаъолият намояд. Номбурда модарзод ба бемории «остеогнези нокомил» ё устухон­шикан гирифтор аст.

 - Аз кӯдакӣ зиёда аз 40 маротиба устухонҳои дасту по ва узвҳои дигарам шикастаанд. Духтурон бемориамро табобатнашаванда мегӯянд, фақат барои кам шудани шикастани устухон доруҳои махсус тавсия додаанд. Оиладор, соҳиби се духтарча ҳастам. Ҳамсарам низ бемор буда, як гурда дорад, аммо расман ҳамчун маъюб ба қайд гирифта нашудааст. 157 сомонӣ кумакпулӣ мегирам, ки ягона сарчашмаи рӯзгузаронии оилаам мебошад. Дар ҳавлии падару модар зиндагӣ дорем. Орзуи ягонаам дар пойтахт соҳиби хона шудану кор кардан аст, зеро барои шахси маъюб дар шаҳр кору зиндагӣ осонтар аст. Борҳо доир ба ин масъала ба мақомоти дахлдор нома равон кардам, аммо бенатиҷа, — гуфт Абдурашид.

Ҳамсуҳбатам иброз дошт, ки: «маъюбӣ набояд монеаи фаъолият бошад, мутаассифона, ҳақиқати ҳол чунин аст, ки маъюбон ҳамеша бо монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз таҷрибаи худам мегӯям. Бахусус, дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоии соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ, таҳсилот, шуғл, хадамоти иҷтимоӣ (манзил ва нақлиёт) мушкил аст».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз соли 2010 амал мекунад. Он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад, аммо…

Сардори Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев дар суҳбат бо мо зикр кард, ки ҳарчанд дар қонуну қарорҳо ва барномаҳои ҷорие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъюбон тасдиқ кардааст, манфиатҳои ин гуна ашхос ба инобат гирифта шуда бошад ҳам, мутаассифона бисёр бандҳои он фақат дар рӯи коғаз мондааст.

Роҳбари Ҷамъияти маъюбон дар ноҳияи Рӯдакӣ Иқбол Ҳайдаров дар робита ба мушкилоти маъюбон зикр намуд, ки: «маъюбон асосан ду мушкил доранд — дастрасӣ ба макони зист ва бо ҳуҷҷат асоснок кардани маъюбияти худ».

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 146 ҳазор шахси дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудааст, ки 25 ҳазорашро кӯдакони то 18- сола ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, ҳазорон нафари дигар ба қайд гирифта нашудаанд.

Маъюбон таҳсил мекунанд, вале ҷойи кор нест

Вақте маъюб мегӯем, пеши назар нафареро тасаввур мекунем, ки ӯ аз шахсони солим фарқи калон дорад. Аммо дар ҷомеа шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки ҳамчун шахсони фаъол эътироф шудаанд. Имрӯзҳо бештари онҳо варзишгар, рассом ва сароянда мебошанд.

Зимни суҳбат Асадулло Зикрихудоев зикр кард, ки айни ҳол теъдоди маъюбоне, ки таҳсил кардаанду дорои қобилияти корианд, дар Тоҷикис­тон меафзояд, вале аксари онҳо бекоранд. Аз як тараф хуб аст, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд барои таҳсил шароит муҳайё кардаанд, аммо вақте онҳо соҳиби маълумот шаванду бекор монанд, хонданашон ғайримантиқӣ аст, — мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» омадааст: «Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад: дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд, ҳавасманд­гардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла, ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон, фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон, ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои маъюбон. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Ҳадди ақали теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардида муайян карда мешавад. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад. Инчунин, барои маъюбоне, ки кор мекунанд, аз ҷониби корфармоёни онҳо мутобиқ ба барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон шароити зарурии меҳнат фароҳам оварда мешавад. Имтиёзҳои иловагии маъюбон вобаста ба давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ, рухсатиҳои иловагӣ, инчунин дигар кафолатҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд».

Тибқи мушоҳидаҳо маълум гардид, ки кам корхона ё ташкилоте, ҳаст, ки ин банди қонунро риоя намояд. Асадулло Зикрихудоев гуфт, ки мутаассифона, дар ҳуҷҷате, ки маъюбии шахсони имконияташон маҳдудро тасдиқ мекунад, қобилияти кории онҳо навишта намешавад. Бисёр вақт ҳамин сабаб мешавад, ки ташкилоту корхонаҳо онҳоро ба кор қабул намекунанд.

Барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» ба тасвиб расидааст, ки он дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таҳия шуда, тартиби муқаррар намудани квотаро барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муайян менамояд. Гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ – шахсони синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯйи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, ба ҳисоб мераванд.

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, маъюбон, ятимони ноболиғ, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ озод шудаанд, шахсоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд, волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, шахсони то 18 — сола, ки бо сабаби вафоти волидон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба уҳда доранд, шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст, шаҳрвандони то синни 18 ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шудаанд, дохил мешаванд.

Ба гуфти сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳ. Музаффаров, ҳар сол гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолие, ки (на танҳо маъюбон) дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, тибқи ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин мешаванд. Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 2363 шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо усули зикршуда бо кор таъмин гардиданд, ки 103 нафарашон маъюбанд.

Дар таҳсил ҳам мушкил ҳаст

 Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт дар робита ба таҳсили маъюбон гуфт: «Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» омилҳои асосии таҳким бахшидани меъёрҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд.

Номбурда афзуд, ки таъмини кӯдакони имконияташон маҳдуд бо китобҳои дарсӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. То имрӯз барои хонандагони мактабҳои кӯдакони ношунаво ва гунг китобҳои дарсии «Алифбо барои мактабҳои кӯдакони шунавоиашон суст», «Алифбо барои синфҳои тайёрии мактабҳои кӯдакони ношунаво», «Китоби хониш барои синфи 1-уми мактабҳои кӯдакони ношунаво», «Талаффуз» барои хонандагони синфҳои 1–2-юми мактабҳои кӯдакони ношунаво ва «Инкишофи нутқ барои кӯдакони ношунаво», (синфи 2), «Барномаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб-интернатҳои махсус» ба нашр расидааст. Аз соли 2013  ҳафт барномаи таълимӣ, шаш дастур, чор китоби дарсӣ чоп гардид.

Имрӯз дар муассисаи томактабии ҷумҳурӣ 392 (аз онҳо 144 духтар) кӯдаки синни томактабии имконияти маҳдуддошта таълиму тарбия мегиранд. Тибқи талаботи Консепсия кӯдакони имконияташон маҳдуд бояд бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим гиранд.

Мутобиқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 6584 нафари имконияташон маҳдуд (2611 духтар), ки ин нисбат ба соли хониши 2011-2012-ум 1,5 ҳазор ва нисбат ба солҳои пешин се маротиба зиёд аст, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар соли таҳсили 2016-2017-ум 595 нафар (244 духтар), ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, дар хона таълим гирифтанд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Чӣ бояд кард?

Асадулло Зикрихудоев иброз дошт, ки 22 марти соли 2018 дар доираи чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид зери Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Қабл аз ин, соли 2016, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани раванди солимгардонии онҳо мебошад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати кишвар чораҳои заруриро дар ин самт андешидааст. Биноан зарур аст, ки масъулини мақомоти дахлдор дар татбиқи санадҳо бетараф набошанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»