Нуқтаи назар

Чаро то ба ҳол аксар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дилгарм нестанд?

№137 (4087) 14.11.2019

Дар ҳар як мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷавонони довталаб пайдо мешаванд, вале, тавре мушоҳида мекунем, дар маҷмӯъ, барои иҷрои нақшаи умумии даъват мақомоти маҳаллӣ заҳмати зиёд мекашанд.

1022378953Бо тақозои вазифа борҳо ба қисмҳои низомӣ рафта, бо шароити хизмати сарбозон ошно гаштаам. Мушоҳида кардаам, ки сарбозон ҳамеша бо ҷойи хоби мувофиқ ва се вақт хӯроки гарм таъмин ва имкони мутолиаи китобу рӯзномаю маҷаллаҳо ва тамошои телевизионро доранд. Рӯзҳои ид дар қисмҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Хизмати ҳарбӣ барои машғул шудан ба варзишу обутоб додани бадан беҳтарин фурсат аст.

Дар баъзе аз қисмҳои низомӣ сарбозон ҳатто имкони аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногунро низ доранд. Чунончи, бо мақсади таъмини иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раёсат ва қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии ВКД хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардидааст. Ба ин васила ғизои ҳаррӯзаи сарбозон аз витамину микроэлементҳои фоиданок ғанӣ гардонида мешавад. Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар қисмҳои низомии тобеи ниҳоди мазкур маркази таълимӣ амал мекунад. Сарбозон дар давоми хизмат ҳунарҳои челонгарӣ, харрот, барқчӣ, дуредгарӣ ва ғайраро меомӯзанд, ки оянда дар пешбурди зиндагӣ ба онҳо кумак хоҳад кард. Хулоса, шароити хизмат хуб аст, вале ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро то ба ҳол аксар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дилгарм нестанд?

Ба андешаи ман, вобаста ба талаботи замон, мисли дигар соҳаҳо дар ин самт низ ислоҳот ворид кардан зарур аст. Масалан, дар соҳаи маориф баъди истиқлолият ислоҳот ворид шуд ва низоми таҳсили даҳсола пурра ба ёздаҳсола табдил ёфт. Дар даврони шӯравӣ давомнокии таҳсил дар макотиби олӣ 5 сол буд. Акнун донишҷӯён дар 4 сол соҳиби маълумоти олӣ мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд барои магистр шудан таҳсилро идома диҳанд. Дар соҳаи тандурустӣ низ навгонии зиёд, монанди клиникаҳои шахсӣ, табиатшифоӣ, гиёҳдармонӣ, тибби чиноӣ ва ғайра ба назар мерасанд, ки дар замони шӯравӣ набуданд. Ҳоло дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар соҳаи мудофиа аз баҳри хизмати дусола баромада, муҳлати онро кам кардаанд. Масалан, дар Федератсияи Россия, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Қирғизистон муҳлати хизмат як сол, Беларус, Украина 18 моҳ ва Озарбойҷон 17 моҳ аст. Дар Юнон муҳлати хизмати аскарӣ 8 — 12 моҳ, Эстония 8 — 11 моҳ, Финландия аз 6 то 12 моҳ, Швейтсария аз 18 то 21 ҳафта ва Дания 4 моҳ мебошад. Ҷавонони турк агар маълумоти олӣ надошта бошанд, ҳамчун сарбози қаторӣ 12 моҳ хизмат мекунанд. Ба онҳое, ки ҳадди ақал 4 сол дар мактаби олӣ таҳсил кардаанд (бакалавр­ҳо), пешниҳод мешавад, ки 12 моҳ ҳамчун афсар ё 6 моҳ ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат намоянд.

Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо бармеояд, барои малакаи ҷангиро ёд гирифтани сарбози қаторӣ аз 4 то 12 моҳ кифоя аст. Сарбоз метавонад дар муддати то се моҳ тирпарронӣ аз силоҳи сабук, ҳаво додани норинҷак (граната), истифодаи норинҷакпаррон (гранатомёт)- ро ёд гирад. Барои дуруст рондану истифода бурдани танкаву техникаи зиреҳпӯш (БМП, БТР), тӯп, миномёт ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ 8 — 12 моҳ кофист. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро дигарон дар ин муддат истифодаи аслиҳаю малакаи низомиро омӯхта метавонистаанду ҷавонони тоҷик не?

Вақте дар маҳалҳо сухан бобати маъракаи даъвати ҳарбӣ меравад, бис­ёриҳо иброз медоранд, ки «хуб мебуд, дар кишвар хизмати ҳарбӣ як сол ва имтиёз ба хизматкардаҳо бештар гардад».

Мувофиқи мақсад мебуд, агар аз ҳисоби вакилони мардумӣ, намояндагони Вазорати мудофиа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил гарданду бо сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ мулоқот намуда, афкори мардумро дар ин бора тавассути пурсишномаҳо санҷанд. Дар сурати яксола шудани хизмати ҳарбӣ бовар дорам, ки шумораи бештари ҷавонон бо хоҳиш аз ин мактаби ватандӯстию мардонагӣ мегузаранд. Ҷавони хизматкарда, ки соҳиби иродаи мустаҳкам мегардад, ба қадри зиндагӣ бештар мерасад. Ҳоло шояд яке аз сабабҳои зиёд ҷудо шудани оилаҳои ҷавон маҳз аз ин мактаби ҷасорату мардонагӣ нагузаштани ҷавонон бошад. Дар САҲШ ҳангоми ба қайд гирифтани фурӯпошии оилаҳо ба ин масъала бояд таваҷҷуҳ намоянд. Бо итминон метавон гуфт, ки сабаби пош­хӯрии оилаҳо дар аксар маврид ҷавонони хизматнодидаю эркатулфор (нозпарвард)-анд. ҷавонони мушкилоти зиндагиро нодида ва аз мактаби мардонагӣ нагузашта, бо андак камбуду хато аз баҳри ҳамсар мегузаранд ва ба осонӣ мафтуни бонуи дигаре мешаванд.

Ба ин нукта дар шумораи №47 (3997)-и рӯзномаи «Садои мардум» (27 апрели соли равон) дар мақолаи «Чӣ тавр ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дилгарм созем?» ишора карда будем. Хонандагони зиёд ба идораи рӯзнома телефон ва ҳамовозиашонро баён карданд. Мутаассифона, аз мақомоти ­масъул то ҳол дар ин робита ҷавобе нагирифтем.

Яке аз бартариҳои хизмати яксола ин аст, ки дар қисмҳои низомӣ «бобосолорӣ» («дедовшина»)- и аз даврони шӯравӣ меросмонда аз байн меравад. Тибқи иттилои рӯзномаи «Независимая газета» дар Ӯзбекистон тӯли 5 соли охир ҳодисаи ба истилоҳ, «бобосолорӣ» дар артиш ба қайд гирифта нашудааст. Чунин натиҷа, аз ҳисоби гузаштан ба хизмати яксола ҳосил шудааст. Яъне, сарбозоне, ки аллакай як сол хизмат кардаанд, дар амал навомадагонро намебинанд. Онҳо баробар мераванду ба ҷояшон сарбозони нав меоянд.

Роҳи дигари ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ додани имтиёз ба хизматкардаҳо мебошад. Масалан, дар Ӯзбекистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ бе билети ҳарбӣ ба кор қабул намекунанд. Аз ин рӯ, ҷавонон барои ба хизмати аскарӣ рафтан навбат истода, аз тарбияи ҷисмонӣ ва таърихи Ӯзбекистон имтиҳон месупоранд. Барои хизмати алтернативӣ бошад, довталаб ба андозаи 3,2 миллион сӯми ӯзбекӣ (1200 доллар) боҷи давлатиро ба бонк пардохт намуда, аз курси якмоҳаи омодагии дифоӣ мегузарад. Танҳо пас аз ин соҳиби билети ҳарбӣ шуда, метавонад ҳуҷҷатҳояшро барои ба кор қабул гардидан пешниҳод намояд.

Талаби ҳатмии билети ҳарбӣ дар мақомоти давлатию ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия боиси зиёд шудани сафи сарбозони маълумоти олидор дар артиши ин кишвар гардид. Ҳоло зиёда аз 20 фоизи сарбозони артиши Федератсияи Россияро хатмкардагони макотиби олӣ ташкил медиҳанд. Хуб мешуд, агар дар кишвар низ ба мақомоти зикршуда танҳо бо билети ҳарбӣ ба кор қабул менамуданд. Дар ин сурат сафи сарбозони маълумоти олидор дар артиши мамлакат зиёд ва сифати омодагии дифоӣ беҳтар мегардид. Исбот шудааст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба хатмкардагони макотиби олӣ дар оянда барои комёбу муваффақ шудан дар соҳаҳои интихобкарда кумак мерасонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли равон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар чунин эрод гирифта буданд: «Ягон нафари шумо бе пушту паноҳ нес­тед. Вазорати маориф ё иқтисод касе ба кор намеравад, вале, барои кор дар соҳаҳои гумруку андоз навбат мепоянд». Модоме ки дар сохторҳои зикршуда талабгор зиёд аст, бигзор хоҳишмандон баъди як соли хизмат ба кор қабул шаванд. Чанде пеш Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҳишмандони кор дар ин ниҳод 43 ҷои холӣ дар шаҳру навоҳии гуногун пешниҳод кард. Ба довталабон талабот гузошта шудааст, ки бояд синну солашон аз 20 то 35-сола, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ дорои маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои умури гумрукӣ, ҳуқуқшиносӣ ва малакаи кор бо компютер бошанд.

Ба ин талабот адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро низ илова кардан лозим аст. Дар ин ҳолат ҳам сафи довталабон ба хизмати Ватан зиёд мешавад ва ҳам шумораи кадрҳои ҷасуру ватандӯсту матин­ирода бештар мегардад.

Агар чунин талаботро мақомоти андозу прокуратура, суд ва дигар ниҳодҳо низ пеш гузоранд, мушкилоти сафарбаркунии ҷавонон ба даъвати аскарӣ аз байн меравад ва сифати омодагии дифоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мешавад.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»