Табиат мекунад моро табобат

Чаро туркҳо ба хӯроки аз гӯшти гӯсфанд тайёрмекардаашон кокутӣ меандозанд?

№65 (4171) 02.06.2020

Ё чанд хосияти гиёҳе, ки ҷисмро бо оҳану магний таъмин мекунад

1899-ed4_wideПас аз чопи мақолаи «Бо неъматҳои баҳорӣ баданро неруманд намоем» («Садои мардум», №40 аз 2 апрели соли 2020) хонандагони зиёд ба идораи рӯзнома муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки рубрикаи «Табиат мекунад моро табобат» доимӣ шавад. Баъзеҳо мақоларо нусхабардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷой карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намуданд, дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд,  вале аз онҳо ба таври шоиста истифода намешавад.

Яке аз гиёҳҳои шифобахше, ки дар доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ зиёд мерӯяд, кокутӣ мебошад. Мутаассифона, бисёриҳо дар бораи хусусияти давоии он маълумоти кофӣ надоранд. Аз нозири калони шуъбаи ба танзим  даровардани табибони мардумии Маркази ҷумҳуриявии «Тибби халқӣ» Муҳаммадрасул Иброҳимзода хоҳиш намудем, ки дар бораи он маълумот диҳад.

- Дар ҳамин айём, ки аз паҳншавии вируси нави COVID – 19 дар ташвишу изтиробем, истеъмоли чойи кокутӣ айни муддаост. Он ба ҷисм неру бахшида, асабро ором ва рӯҳро пурқувват мегардонад, — мегӯяд Муҳаммадрасул Иброҳимзода.

Дар тибби қадим кокутиро барои муолиҷаи дарди гулӯ, шамолкашӣ, диққи нафас ва беҳтаркунии ҳазми хӯрок  истифода мебурданд. Барои шустани захм, чайқонидани гулӯ ҳангоми шамолхӯрӣ аз ҷӯшобаи кокутӣ  истифода менамоянд. Чойи кокутӣ неруи муҳофизатии ҷисмро тақвият бахшида, барои мубориза бо бемориҳо мусоидат мекунад.

Нӯшидани чой аз ин гиёҳи хушбӯй барои занон муфид буда, дардҳои айёми гулдоманӣ (ҳайз)- ро сабук мегардонад. Бо ин мақсад дар давоми се моҳ рӯзе як пиёла чойи кокутӣ нӯшидан лозим аст. Баъди як ҳафта танаффус боз метавон ин корро идома дод.

Касоне, ки дамиши шикам (бод) доранд, нӯшидани чойи кокутӣ бо нимқошуқчаӣ занҷабил (имбир) ва тухми гашнич муфид аст. Аммо ба он шакар ва асал ҳамроҳ кардан зарурат надорад.

Кокутиро на танҳо ҳамчун чой, балки ҳамчун хушбӯӣ ва кабудӣ низ барои хуштаъм кардани ғизо истифода мебаранд. Масалан, дар Туркия ягон хӯрок аз гӯшти гӯсфандро бе кокутӣ намепазанд. Зеро кокутӣ на танҳо ба хӯрок таъму бӯи гуворо медиҳад, балки барои беҳтар ҳазм шудани гӯшти гӯсфанд кумак мерасонад. Бе кокутӣ ҳазми гӯшти гӯсфанд барои меъда мушкилӣ пеш меорад. Кокутиро ба хӯрокҳои лӯбиёиву  наскдор, помидор, боимҷон, макарону картошкадор ва ғайра низ барои таъми гуворояш илова мекунанд.

Чойи кокутиро на танҳо замони беморӣ, балки барои пешгирӣ низ нӯшидан муфид аст. Он баҳри пурқувват кардани масуният, оромкунии асаб, беҳтаркунии ҳазми таом кумак мерасонад. Бо ин мақсад баргу пояи кокутии хушкро дар қаҳвазанак хуб орд намуда, як қошуқчаашро ним соат пеш аз наҳорӣ бо як стакон оби ширгарм нӯшед. Дар он сурат ҷисми инсон бо оҳан, магний ва калтсий то андозае таъмин мешавад.

Агар аз зиёд рост истодан ва ё роҳ гаштан поятон хаста шуда бошад, дар тағорача се — чор қошуқ кокутии хушкро ба оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед ва пойҳоятонро дар он нигоҳ доред. Бо ин усул хастагиатон рафъ мешавад.

Агар 25 — 30 дақиқа пеш аз истеъмоли ғизо як пиёла чойи кокутӣ нӯшед, ҷудошавии талха беҳтар гашта, узвҳои ҳозима ба ҳазми хӯрок омода мешаванд.

Барои занони ҳомилаю кӯдаки ширмакдош­та, гирифторони бемориҳои дил, гурда ва аллергия, кӯдакони то яксола нӯшидани чойи кокутӣ тавсия намешавад.

Ҳангоми шамолхӯрӣ гарм- гарм нӯшидани чойи кокутӣ боиси  рафъи дарди гулӯю сулфа мешавад. Онро табибон  барои  муолиҷаи сар ва фалаҷ (паралич) низ тавсия медиҳанд. Нӯшидани чойи кокутӣ дилбеҳузуриро рафъ менамояд. Зимни вайроншавии реҷаи хоб пеш аз хобидан як қошуқча асалро фурӯ бурда, аз болояш як пиёла чойи кокутӣ нӯшед. Агар дарди сар азият диҳад, 3- 4 барги пудинаро бо як қошуқ кокутӣ дар як стакон оби ҷӯш андохта, 10 дақиқа дам диҳед. Нӯшидани он дарди сарро таскин мебахшад.

Бо мақсади мустаҳкам кардани асаб, муътадилсозии фишори хун як қошуқча баргу пояи кокутии хушкро ба як стакон оби ҷӯш андохта, баъди 10 дақиқа дам додан  як истаконӣ рӯзе ду бор дар давоми як моҳ истеъмол намоед.

Агар сулфа азият диҳад, як қошуқ кокутӣ, ду қошуқӣ гиёҳи сапали шутур ва решаи гули хайриро бо ҳам омехта намоед. Сипас, аз он омехта як қошуқашро гирифта, дар ним литр оби ҷӯш дам кунед. Пас аз 15 дақиқа дам додан онро ним стаконӣ баъди ҳар се соат дар давоми 10 рӯз  истеъмол бояд кард.

Агар аз бадҳазмӣ азият кашед, давои зерин барои беҳсозии вазъият мадад мерасонад. Як қошуқчаӣ кокутӣ ва бобунаро ба як стакон оби ҷӯш андохта, 15-20 дақиқа дам диҳед. Дар давоми як ҳафта  субҳу шом як стаконӣ истеъмол кардани ин гуна чой фаъолияти меъдаю рӯдаро беҳ намуда, организмро  пок месозад.

Касоне, ки аз диабети қанд ранҷ мекашанд, нӯшидани чойи кокутӣ барояшон муфид хоҳад буд. Бо ин мақсад ду қошуқ кокутиро бо ним литр оби ҷӯш дар термос андохта, ним соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба ним стаконӣ аз ин даво истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа як ҳафта буда, ҳар рӯз давои нав тайёр кардан лозим аст.

Фоидаи кокутӣ зиёд буда, истеъмоли он вобаста ба беморӣ ва мизоҷи шахс тавсия дода мешавад. Пеш аз муолиҷа бо гиёҳҳо машварат бо духтури муолиҷакунанда ё табиби оилавӣ зарур аст.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»