Нуқтаи назар

COVID-19 дар такмили низоми тандурустӣ такони ҷиддӣ мебахшад

№65 (4171) 02.06.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоот, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб дастуру супоришҳои қатъӣ ва мушаххас доданд.

профессор Самиев АбдусамадТорафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки ба саломатӣ диққат дода, нагузорад, ки он дар ҷомеа боз ҳам бештар доман паҳн карда, ба саломатӣ ва ҳаёти одамон хатар оварад. Вабои аср тарзу усули зиндагӣ, кору фаъолият, рафтору кирдор, муносибату муоширати одамонро, ки солҳо ташаккул ёфта, ба анъана даромада буданд, тағйиру табдил додааст. Таърихи инсоният бемориҳоеро медонад, ки аз 3/2 ҳиссаи аҳолии Аврупо ба он гирифтор шуда, шумораи зиёди онҳо фавтидаанд. Сирояте, ки ҳоло дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон паҳн шудааст, хусусиятҳои хос дошта, аз дигар шаклҳои вирус фарқ карда, роҳҳои табобати пурраи он дарёфт нашудааст. Аз ин рӯ, фосиланок буда, боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ гардида, ба корҳои саҳроӣ, фаъолияти мунтазами иншооти саноатӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ, илму маориф ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, одамонро барои дастрас намудани маҳсулоти талаботи аввалиндараҷа, доруворӣ ва сари вақт расонидани ёрии тиббӣ ба мушкилоти зиёд дучор намуд. Коронавирус ба тасаввуроти шаҳрвандон оид ба вазъи илми муосир ва соҳаҳои гуногуни он, ташкил ва омодабошии низоми тандурустӣ дар мамлакат, ҳолати иқтисодию иҷтимоӣ ва ниҳоят, вазъи солимии одамон ва тобоварии организми инсон ба ҳама гуна таҳдиду офатҳои табиат тағйирот ворид намуд. Ҳаёт нишон дод, ки бештар ба фориғболӣ, худситоиву худбоварӣ роҳ дода, ба ҳодисаҳои фавқулода ва ғайричашмдошт камтар таваҷҷуҳ зоҳир намудаем. Ҳол он ки яке аз вазифаҳои муҳими соҳаҳои номбурда пешгӯӣ ва пешгирии зуҳурот ва ҳодисаҳои фавқулода мебошад. Дар баробари сабабҳои табиию биологӣ ва эпидемиологӣ доштани сирояти коронавирус паҳлуҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии онро низ бояд дар назар гирифт. Аз ин лиҳоз, паҳншавии вабои коронавирусро дар ҷаҳони муосир бояд ҳамчун бонги хатари табиат ба инсон, ки алҳол сар то ба по ба бадахлоқӣ, беадолатӣ, ришвахӯрию сарватҷамъкунӣ, савлатмандӣ, кибру ғурур, куштору сӯхтор, талаву тороҷи молу амвол ва ризқу рӯзии дигарон гирифтор шудааст, арзёбӣ намуд. Ин даъво ва таҳдиди табиат ва олами метафизикӣ ба нафаронест, ки дар рафтору рӯзгори онҳо меъёрҳои ахлоқӣ арзиш гум карда, мафҳуми адолати иҷтимоӣ, инсондӯстию инсонгароӣ, ишқу муҳаббати пок, дӯстию самимият, бародарию баробарӣ, иззату эҳтиром аз байн рафтааст.

Одамон, ки бо ҳаёти осоиштаву бофароғат одат кардаанд, дар ҳолати сироятиву канорагирӣ масъалаҳои мубрами ҳаррӯзаро ба тарзу усулҳои пешина ҳал карда наметавонанд. Боигарӣ, молу сарват, ҷоҳу ҷалол мақому манзалат арзиш гум кардаанд. Чунки зиндагӣ нишон дод, ки ҳама дар назди вабои коронавирус, дар назди марг, баробаранд. Ҳоло ҳар нафар хуб ҳис мекунад, ки метавонад мубталои коронавирус шуда, бо ҳарорати баланд, нафастангӣ, сулфазанӣ, чигилӣ, дарҳамбарҳамии шуур ва ниҳоят, аз кор мондани рагҳои хунгарди шуш ва нарасидани оксиген дунёро падруд гӯяд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо дар шуури инсон савол оид ба зиндагӣ ва марг, олами сифливу улвӣ, фонию абадӣ пайдо мешаванд, ки дар тӯли асрҳо файласуфону мунаҷҷимон, сеҳргарону фолбинон баррасиву пешгӯӣ карда, онҳоро ба мавзӯи омӯзиши эсхотология, яъне таълимот дар бораи охират, қазову қадар, тақдиру қисмат ворид намудаанд. Онҳо масъалаҳои бунёдие ҳастанд, ки дар ҳама давру замон инсоният ба онҳо ҷавоб меҷӯяд. Аз ин рӯ, инсон бояд ҳамеша омода бошад ва панди ҳазрати Бедилро ба ёд оварад, ки фармудааст:

Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок,

Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.

Яъне, дар лаҳзае аз беморӣ ва ё ҳодисаи ногаҳонӣ инсон метавонад ҷон аз даст диҳад. Месазад гуфт, ки дар дарки умқи моҳияти ҳаёт, марг ва зиндагӣ, беморӣ ва саломатӣ, зиндагии босаодат, ахлоқи ҳамида, донишмандию хирадмандӣ, сабру таҳаммул, нақши муассир мебозанд. Алҳол онҳо ягона воситаи боэътимоди наҷот додани одамон аз сирояти коронавирус мебошанд.

Мушкили ба сари инсониятомада олимони соҳаҳои гуногунро водор месозад, ки бештар ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда, дастовардҳои илмро дар ҳаёт амалӣ намоянд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо, ки инсоният аз пандемия азобу шиканҷа дида истодааст, илм бояд бузургӣ ва қудрату тавоноиро нишон дода, ба беморон дасти ёрӣ дароз кунад. Мутаассифона, то ҳол на танҳо илми ватанӣ, балки илми ҷаҳонӣ низ дар бораи вабои аср сухани охирин нагуфтааст. Олимон оид ба сирояти коронавирус, ки ҳамчун «қӯи сиёҳ» вориди ҳаёти осоиштаи одамон, иқтисодиёту иҷтимоиёт гардидааст, ақидаҳои гуногун дошта, то ҳол ба ҷуз аз тахмину фарзия, пешгӯию ояндабинӣ, фикри бикр пешниҳод накардаанд. То ҳол беш аз 70 гурӯҳи олимону пизишкон дар марказҳои илмии ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус машғуланд. Се антидот дар Чин, Амрико, Россия феълан озмоиш мешавад. Бино ба гуфти олимони соҳаи тиб, сохтани ваксинаи зидди коронавирус дар қиёс бо зуком мушкилтар аст. Ба ҳар ҳол таҳқиқотҳо моро умедвор месозанд, ки дар ояндаи наздик одамият бар зидди ин беморӣ масуният пайдо мекунад. Ҳоло дар марказҳои илмию озмоишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳқиқот оид ба сохту хусусияти коронавирус, дарёфти маводи зиддивирусӣ давом дорад. Файласуфи амрикоӣ Томас Кун асри гузашта дар асари машҳураш «Сохтори инқилобҳои илмӣ» оид ба илм ва қудрату тавоноии он сухан ронда, қайд менамояд, ки он ҳеҷ гоҳ то дараҷаи дарки ҳақиқати мутлақи воқеият намерасад. Чунки воқеият ҳамеша аз чашм дур, дар пушти парда, дар шакли тахмину фарзия, иштибоҳу фикрҳои мухталиф, муҳокимарониву хулосабарорӣ ва парадигмаҳо, ки олимон ҳамеша ба онҳо машғуланд, пинҳон аст. Ҳамчунин, ӯ зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштааст, ки дар чунин ҳолатҳо, албатта, илм метавонад ба иштибоҳҳо роҳ диҳад, аммо вай дорои тарзу усули самараноки бартараф кардани иштибоҳҳо буда, воситаи асосии дарки амиқи воқеият ва хусусиятҳои он мебошад. Агар ба асари Томас Кун боз ҳам ҷиддитар назар кунем, мушоҳида мекунем, ки таълимоти вай бештар ба омӯзишу таҳқиқи масъа­лаҳои физикию метафизикӣ, механикаи квантию ҷирмҳои осмонӣ нигаронида шуда, соҳаи аз ҳама муҳим барои инсон — омӯзиши ҳаёти вирусҳо, бактерияҳо, касалиҳои сирояткунанда аз мадди назари ӯ дур мондаанд. Дар ҳақиқат, илм фаъолияти эҷодии бо фарҳанг ва тамаддун пайвастаю асосёфта буда, забон ифодагар ва интиқолдиҳандаи натиҷаҳои бадастовардаи вай мебошад. Забони илм то дараҷае олами объективиро ифода мекунад, ки то ҳамон дараҷа олам аз ҷониби муҳаққиқон ошкор ва аён шуда бошад. Мушкилоти илм дар он аст, ки вай қабатҳои гуногуни олам, ҷирмҳои осмонӣ, бактерия ва вирусҳоро ошкору аён месозад, меомӯзад, аммо онҳоро ихтироъ намекунад. Ошкору аён кардани ҳодисаҳо, ҷирму ҷинси табиат, асрори оламу одам ҳеҷ гоҳ маънои айнан ихтироу идора кардан ва тағйир додани онҳоро надорад. Аз ин лиҳоз, ошкору аён кардани вирусу бактерияҳо ҳанӯз маънои то ба охир дарк намудани моҳияти аслии онҳоро дар фазои биосфера ва ё дар таркиби организмҳои зинда, пайвастшавию ҷудошавии онҳоро дар бофтаву узвҳо надорад. Танҳо аз рӯи муоинаю мушоҳида ва таҷрибаву озмоиш тартиби пайвастагӣ, паҳншавӣ ва ҳаракати вирусҳоро меомӯзем ва роҳҳои пешгирӣ, паҳншавӣ таъсири бисёрҷанбаи онҳоро ба организми инсон муайян намуда, ба шахсони гирифторшуда дастуру ҳидоят медиҳем. Беморонро табобат намуда, тавассути истифодаи ҳама гуна маводи шифобахш организми онҳоро тобовар ва осебнопазир мегардонем. Чунки илм воқеиятро дар чунин шакле, ки ҳаст ва сохта шудааст, комилан мувофиқ ба он, айнан як хел инъикос карда наметавонад. Аз ин рӯ, тасаввурот дар бораи олам гуногун буда, на ҳамеша нусхаи аслии он аст. Назари инсон ҳамеша ба як қисмати муайяни олам, ки дар ҳаҷм ва ҳудуди парадигма (стандарт, намуна, қолаби аз ҷониби илмӣ эътирофшуда)-и муайян ҷой дошта, мавриди омӯзиш қарор дорад, равона шудааст. Олам ва ҳодисаҳои он танҳо дар доираи парадигмаи илмӣ омӯхта, таҳқиқ ва дарк карда мешавад. Аммо дар ҷараёни маърифат инсон ногаҳон ба ҳодисаву воқеаҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳо аз назари олимон дур буда, хусусиятҳои дигар дошта, дар доираи парадигмаи амалкунанда ҷой надоранд. Дар чунин ҳолат ба муҳаққиқон лозим меояд, ки аз парадигмаи куҳна даст кашида, дар заминаи вай парадигмаи навро офаранд ва ба омӯзиши сифату моҳияти падидаи нав, ки арзи вуҷуд кардааст, машғул шаванд. Пешрафти илм ин раванди беохири гузариш аз як парадигма ба парадигмаи дигар аст.

Оид ба коронавирус ва сирояти он бояд гуфт, ки хусусияту сифатҳои хос дошта, омӯзиши паҳлуҳои гуногунаш парадигмаи нави илмиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, олимони ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хусусиятҳои биологию кимиёвӣ, эпидемиологию иҷтимоии онро омӯхта, ваксинаи зидди онро дарёфт намуда, пешкаши ҷаҳониён кунанд. Савол ба миён меояд, ки олимони ҷаҳон кай ва дар кадом муҳлат хусусияти бактерияи коронавирусро омӯхта, барои пешгирӣ ва табобати он роҳу усулҳои нав­ро пешниҳод менамоянд?

Боиси ёдоварист, ки дар баробари даст­овардҳои илм ҳамчун воситаи боэътимод дар мубориза бар зидди коронавирус ва ҳар гуна касалиҳои сироятӣ, омили дигари табобат вуҷуд дорад, ки бо самаранокӣ ва манфиатнокӣ аз илм камтар набуда, ҳатто бартарӣ дорад. Он «энергияи ҳаёт» мебошад, ки аз ботини инсон сарчашма гирифта, дар шакли равонӣ, фикр ва сухан зоҳир мегардад. Сухан ҳамчун ифодаи фикр ҳеҷ гоҳ бетараф шуда наметавонад, амалан дар шакли мусбат ва ё манфӣ зоҳир мегардад. Фикр неруи ояндасоз аст. Ҳама тағйиру дигаргунӣ, инқилобу табаддулот аввал дар фикр пайдо шуда, баъдан амалӣ мегарданд. Инсон ибтидо ва баъд ҳам муҳити зистро мувофиқи дархости фикр тағйиру табдил медиҳад. Агар фикр солим, пок, қавӣ, устувор бошад, инсон ба осонӣ аз ҳама бало, душворию мушкилӣ, таҳдиду хатар эмин монда, наҷот меёбад. Рӯҳияи қавӣ доштан, бо умеду орзуи нек зистан, омили муҳими боқувватию саломатӣ, устувории тобоварии организм, дарозумрию хушбахтии инсон мебошад. Беҳуда нест, ки файласуфон ва мутафаккирони Шарқу Ғарб оид ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба равияи нави илмии «Тибби рӯҳонӣ» асос гузоштаву асари зиёд эҷод намудаанд. Дар таълимоти фалсафию иҷтимоии шоҳсутунҳои илми тибби Шарқи исломӣ Абубакри Розӣ ва Ибни Сино омадааст, ки ду шакли тиб вуҷуд дорад, яке тибби ҷисмонӣ ва дигаре тибби рӯҳонӣ. Ҳадафи асосии тибби ҷисмонӣ бо истифода аз доруву даво, тарзу усули табобат муолиҷа намудани ҷисми инсон аз ҳар гуна сирояту бемориҳо мебошад. Вазифаи тибби рӯҳонӣ бошад, озод намудани беморон аз иллату ранҷурӣ, рӯҳафтодагию ноумедӣ, тарсу ваҳм аз малакулмавт буда, бо тавассути панду ҳикмат, насиҳату маслиҳат дардмандонро рӯҳбаланду рӯҳафзо намудан аст. Таърих мисоли зиёдеро медонад, ки чӣ гуна одамон бо истифода аз тибби рӯҳонӣ дар шароити вазнин, ки бо марг рӯ ба рӯ буданд, рӯҳафтода нашуда, бо иродаи қавӣ ва руҳияи баланд бадбахтию фоҷиаҳоро паси сар карданд. Барои мисол, Италияи асри Х1У-ро ба ёд меоварем, ки айнан мисли ҳоло ба эпидемияи вабо гирифтор шуда, боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид. Соли 1348 яке аз шаҳрҳои зебову хушманзараи Италия Флоренсияро вабо фаро гирифта, қариб аз 3/2 ҳисаи аҳолӣ ҷон аз даст доданд. Яке аз намояндагони барҷастаи илму фарҳанги замони Эҳё, файласуф ва нависандаи италиявии асри ХIV Ҷавони Баккаччо (1313 – 1375) асари машҳураш «Декамерон» («Даҳ рӯз»)-ро ба ҳамин мавзӯъ бахшидааст. Дар асар ҷиҳатҳои равонию рӯҳонӣ ва аксиологии ҳаёт бо ҳиссиёти баланди бадеӣ, нозукона, некбинона, зиндадилона навишта шуда, хислату сифат, рафтору кирдор, қаллобиву фиребгарӣ, бадахлоқию накукорӣ, зебоипарастию санъатдӯстии табақаҳои гуногуни аҳолии Флоренсияро аз забони даҳ қаҳрамони ҷавони асар дар жанри новелла моҳирона баён намудааст. Вақте ки бодиққат бо асаре, ки ҳафт аср муқаддам эҷод шудааст, шинос мешавем, кас дар ҳайрат мемонад, ки чӣ тавр муаллиф моҳирона вабо, ба он гирифтор шудан, фавтидан ва каноранишин шудани аҳолии шаҳрро муфассал, бо тамоми ҷузъиёт, борикбинона тасвир намудааст. Хонанда дар ҳайрат мемонад, ки то чӣ андоза вабои соли 1348 ва вабои соли 2020 ба ҳам монанд буда, танҳо бо ном фарқ мекунанд. Муаллиф менависад: «Вабо дар Шарқ пайдо шуда, ҷони шумораи зиёди одамонро рабудаву беист аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як маҳал ба маҳали дигар ҳаракат карда, ниҳоят, ба Ғарб, ба Италия, ба шаҳри Флоренсия расидаву доман паҳн кард. Ягон чораҷӯӣ, зиракию доноӣ ва дурандешии одамон пеши ин балоро гирифта наметавонист. Фақат як роҳ буд — тоза кардани шаҳр аз ифлосӣ, манъ кардани сайругашти одамон дар кӯчаву бозорҳо, канорагирӣ, табобати заҳролудшудагон, гӯш додан ба маслиҳати табибон ва пайваста тоату ибодат кардан».

Ҷавони Баккаччо ҳамчун нависанда ва хабарнигори боистеъдод амиқ роҳҳои босуръат гузаштан ва паҳншавии ваборо дар байни одамон тафсир карда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо новеллаҳои ҷалбкунанда одамонро рӯҳбаланд намуда, нагузорад, ки онҳо ба тарсу ҳарос, ваҳму даҳшат афтода, ноумеду рӯҳафтода шаванд. Аз ин рӯ, мазмуни асар саршор аз муҳаббат, садоқат, дӯстӣ, бародарӣ ва боварии комил ба ояндаи неку дурахшон, пирӯзию некрӯзӣ мебошанд. Маҳз дар тафсири муаммои сарбастаи таносуб ва робитаи ҳаёт бо марг, талоши инсон барои зиндагӣ дар остонаи марг, яъне бо ҳам пайваст намудани ду чизи бо ҳам муқобили пайвастнашаванда ва ниҳоят, ғалабаи ҳаёт аз болои марг дар ин пайвастагӣ, истеъдоди баланди муаллиф баръало ҷилвагар мегардад. Зеро бо садои дилфиребу мафтункунандаи даҳ қаҳрамони асар суруди ҳаётро моҳирона бо сабки хос ба оҳангу мусиқии ҷозибаноки италиявӣ сароида, ба рӯҳу ҷони беморони пандемия шифо мебахшад. Яке аз персонажҳои асар бо номи Пампинея мегӯяд: «Мо дар ин ҷо, яъне дар гӯшаи шаҳр, каноранишинӣ карда истодаем. Вале хуб медонем, ки дар берун, дар кӯчаю гулгаштҳо одамон аз вабо мемиранд, дигарон таваллуд шуда, ба дунё меоянд, баъзеҳо ишқварзӣ мекунанд, ҷавонон изҳори муҳаббат карда, якдигарро дӯст доштаву оила барпо мекунанд, фарзанд ба дунё овардаву тарбия мекунанд, ба бунёдкорию созандагӣ машғул мешаванд, фидокорию қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Хулоса, ҳаёт ҷовидон аст, намемирад ва абадист».

Асари Ҷавони Баккаччо «Декамерон» муҷассамаи бузурги замони Эҳё барои наслҳои оянда, дастур ва панднома барои инсоният аст. Ҳоло намедонем, ки дар ибтидои асри XXI, дар ҳолате ки инсоният ба вабои коронавирус гирифтор шудааст, чунин шоҳасар, ки инсонро дар баробари табобати тиббӣ, рӯҳан, бо суханони неку созанда, бо суруди фараҳбахшу дилфиреби ҷонбахш, бо умеду орзуҳои ширин, бо шодиву нишот рӯҳбаланд гардонда, табобат намояд, эҷод мешуда бошад ё не. Шояд шоирону нависандагон, ки ҳоло ҳамроҳи мардум рӯзҳои нохуши тираро дар фасли хушу пуртаровати баҳор гузарониданд, бетарафӣ нишон надода, хомӯшию ниқобпӯшӣ, каноранишинию парҳезкории ҳамватанонро дар образҳои инсонро рӯҳбаланду рӯҳбахшу рӯҳфазокунанда, ба мисли қавииродагӣ, далерӣ, матонат, устуворӣ ва меҳру шафқат баён менамоянд. Бо боварии комил бояд гуфт, ки он рӯз дур нест, ки шаҳрвандони кишвар аз бемории сироятии коронавирус шифо ёфта, сарбаландона бо симову сирату сифати нав, бо қиёфаву рафтору кирдори нав, ҳамчун таҷассумгари арзишҳои нави ахлоқию фарҳангӣ, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба фаъолият машғул мешаванд. Онҳо аз санҷишҳои сахти ҳаёт сабақ омӯхта, назарашонро ба имрӯзу фардо, ба мазмуну моҳияти ҳастӣ ва зиндагӣ тағйир дода, аз пешина дида бештар ба якдигар азизу наздик мегарданд.

Коронавирус, бешубҳа, боиси тағйир ёфтани ҷаҳони муосир, ташаккули муносибати нав байни одамон, миллату хақият ва давлату тамаддунҳо гардида, дар ин раванд вобастагӣ ба молу мулк, сарвату даромад бояд тағйир ёбад. Он моро водор месозад, ки захираҳои моддиву молии дар ихтиёрдоштаро сарфакорона ва босамар истифода барем, иншооти ҳозиразамони табобатию профилактикӣ бунёд намуда, амнияту истифодаи оқилонаро таъмин намоем, то ки дар рӯзҳои душвору сарнавиштсоз истифода бурда, интизори ёрии дигарон нашавем. Ин ҳодисаи фоҷиабор, ки ба сари миллат бадбахтии зиёд ба бор овардааст, новобаста аз хусусияти объективии табиӣ доштан, даргузар аст. Бартараф намудани талафоти бебозгашти вай бояд дар такмили низоми тандурус­тӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон, пешрафти илму техника ва технологияи навин дар соҳаи тиб такони ҷиддӣ диҳад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки сарҷамъона бартараф намудани он одамонро аз низоъ ва муноқишаҳо, аз кудурату адоват озод сохта, боз ҳам муттаҳид гардонида, барои ҳалли масъалаҳои бунёдию стратегие, ки дар назди миллат ва давлат истодаанд, раҳнамун месозад.

Абдусамад САМИЕВ, доктори илмҳои фалсафа, профессор