ДАР ҲАР 6 СОНИЯ АЗ ТАМОКУКАШӢ ЯК НАФАР МЕМИРАД

№74 (3554) 09.06.2016

Бино ба гуфти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Навруз Ҷаъфаров, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав ба Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар зинаи охирини мувофиқа қарор дорад. Сипас, он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад гашт.

Истеъмоли тамоку яке аз зуҳуроти номатлуб маҳсуб шуда, ҳар сол сабабгори марги қариб 6 миллион нафар мегардад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ҳар 6 сония аз истеъмоли тамоку як нафар ба ҳалокат мерасад.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»