Дар бораи об зиёд мегӯем, аммо…

№82 - 83 (4188 - 4189) 07.07.2020

ОСиёбҶумҳурии Тоҷикистон чанд соли охир бо силсилаи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об машҳури олам гаштааст. Хусусан, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилали амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бароямон боиси ифтихор аст. Ин моро водор менамояд, ки муносибатро нисбат ба истифодаи об дигар кунем.

Ҳарчанд дар бораи об пайваста бо ҳисси ғамхорӣ сухан мегӯем, вале дилсӯзиҳо то андозае зоҳирианд. Яке аз воситаҳои самаранок истифода бурдани об фаъолияти осиёбҳои обӣ дар маҳалҳост. Вале ин масъала ҳоло чунон бетаваҷчуҳ мондааст, ки дар аксар деҳоти кишвар осиёбҳои обӣ фаъолият намекунанд. Масалан, барои чархондани осиёбҳои обӣ дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб, ки саргаҳи об маҳсуб мешавад, об нест. Деҳоти зикршуда зиёда аз 20 деҳа дораду дар ҳудудаш 9 осиёб мавҷуд аст, вале ягонтои он кор намекунад.

Бояд зикр кард, ки осиёбҳои обӣ аз чанд ҷиҳат фоидаоваранд. Аввалан, деҳқон гандумашро беминнат орд менамояду неруи барқ сарфа мешавад. Аз ҳама муҳим нони аз орди осиёби барқӣ пухташуда ҳеҷ гоҳ лаззати нони орди осиёби обиро надорад. Илова бар ин, дар сурати дуруст ба роҳ мондани кор аз ин ҳисоб ба буҷети маҳал маблағ ворид мегардад. Сониян, механизмҳои осиёбҳои барқӣ зуд корношоям мешаванд, аммо  санги осиёб солҳои зиёд кор мекунад. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки осиёбҳои обӣ низ дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим мебозанд. Фақат онро ба дасти марди қобил додан лозим аст.

Дар деҳоти зикршуда зиёда аз 4 ҳазор гектар замини лалмӣ ва 2 ҳазор гектар замини обӣ мавҷуд аст. Ҳоло дар  заминҳои обӣ ҳам гандум мекоранд, гарчанде дар кишоварзӣ роиҷ нест. Лозим ба ёдоварист, ки заминҳои лалмӣ замоне 23-25 сентнерӣ ҳосил медоданд, ки он солҳо технологияи коркарди кишоварзӣ ба ин поя набуд ва олимони соҳаи кишоварзӣ ҳам ангуштшумор буданд.

Ғанигардонии маҳсулоти орд алҳол зиёд баррасӣ шуда истодааст. Дар бораи хосияту хусусият ва таркиби кимиёвии орд бисёр мегӯянд, вале он сари касеро ба дард намеорад. Мардум ба маҳсулоти  аз ҷиҳати экологӣ  тоза рағбат пайдо карда, моҳияти онро дарк кардаанд. Вале мебинем, ки осиёбҳои обӣ мавриди истифода қарор намегиранд. Гӯё, ки касе ба онҳо гуфта бошад, ки осиёбҳоро нагардонед.

Манзур аз навиштани матлаб танҳо истифодаи оқилонаи об нест. Мақсад баҳрабардорӣ аз осиёби обист, ки василаи истеҳсоли фаровони орд мебошад. Ба ибораи дигар, ҳоло бисёре аз мардум дар ҳасрати орди осиёбианд.

Савол ба миён меояд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ киҳо бояд саҳм гузоранд? Рафтори баъзе аз масъулин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бораи манфиати осиёбдорӣ ҳам ба онҳо бояд хориҷиҳо «семинар» гузаронанд.

Проблемаи ба об таъмин кардани осиёбҳои обӣ дар дигар ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла, Муъминобод, Ховалингу Восеъ низ ба чашм мерасад.

Дар он ҷое, ки имкон ҳаст, бояд ғаллаи истеъмолиро худамон истеҳсол кунем, то осиёбҳои обӣ бо гандум таъмин шуда, дар ҳалли амнияти озуқавории кишвар саҳм гузорем, на даст болои даст монда, интизор шавем, ки кай аз Қазоқистон ба мо орд меоранд.

Ин ба он монанд аст, ки «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем».

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»