Дар ҳимояи номуси хоҳар

№56 (4006) 18.05.2019

ываываҲодисаи нохуши дар шаҳри Сакраментои Америка рухдодаро наметавон бидуни изтиробу ҳаяҷон ва нафрату муҳаббат мутолиа намуд.

1 сентябри соли 2017 Деандре Чейни — хурдӣ ба хонаи Элизабет Салоуни 28 – сола, корд дар даст зада даромад. Он малъун кордро ба чашми чапи Данае Дэниелси — духтарчаи ҳафтсола халонда, кӯшиши зӯран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуданро намуд. Бародари Данае — Дантеи ҳаштсола ба хурдсоливу оҷизӣ нигоҳ накарда, ҷавонмардона ба ҳимояи хоҳаракаш бархост. Мутаассифона, қотил болғаи аз ноомадии кор дар наздикӣ хобидаро бардошта, чанд зарба ба сару бадани писарак зад, ки бар асари онҳо Дантеи аз ҳаёт баҳрае набурда, баъди шаш рӯз фавтид. Бо ҳамин, бародару хоҳараки барои ҳамдигар хеле азизу меҳрубон аз ваҳшонияти ҳамхобаи модарашон абадан аз ҳам ҷудо шуданд.

Қотили писаракро пулис дастгир намуда, бо ҷурми куштор, суиқасд ба куштор ва бадахлоқӣ нисбат ба наврасон пушти панҷара кард.

Агар одами бадро мурдаю зиндааш касофатбор аст, вале шафоати инсони нек баъди даргузашташ ҳам боқӣ мемонад. Табибон Дантеи ташнаи ҳаётро наҷот дода натавониста бошанд ҳам, дили бузург ва пур аз орзуҳои неки ӯро ба писараки бемори чорсола аз Калифорния насб кардаву ӯро наҷот бахшидаанд. — навиштааст хабаргузории «The Independent».

М. НУРАЛИЕВ, «Садои мардум»